Рақс бо ғижак таҳти навозиши як гурўҳ мутрибон ва сароидану ғижакнавозии худи бозингар иҷро мегардад. Ғижак сози мусиқии тордор аст, ки бо камонча навохта мешавад. Он рақси яккаи мардона буда, дар навоҳии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон маъмул мебошад. Рақс бо ғижак ва даф, ё таҳти навозиши гурўҳи мутрибон ва ҳофизон иҷро мегардад.
Иҷрокунанда ғижакро бо дасти чап ва камончаро бо дасти рост гирифта, дар пайравии зарбу усули рақсии навозандагон
Дар асри XX ин рақс хеле паҳн шуда, ба санъати рақсии ҳаваскорӣ ва касбӣ роҳ ёфт. Устодони рақс Ғ. Валаматзода, А. Исломова ва А. Протсенко дар намоиши ансамбли мусиқӣ – театрии «Лола» шакли коллективи «Рақс бо кўза» - ро дар иҷрои гурўҳи духтарон ба саҳна гузоштаанд. Ин рақс дар асоси коркарди рақси анъанавии халқӣ, ҳаракатҳои рақсӣ ва лаҳзаҳои пантонимӣ офарида шудааст.
Рақс бо кўзаро дар Бадахшон мардон, дар Ғарм,