Ҳамдиёрони азиз,
Дўстдорони китоб,
Муштариёни ҳамешагии Китобхонаи миллӣ!
Фарорасии Соли нави 2019-ро аз номи роҳбарият ва ҳайати кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон баҳри шумоён ва тамоми тоҷикони ҷаҳон табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, бахту иқболи баланд, фатҳи қуллаҳои баланди илму маърифат ва соли саршор аз дастовардҳои беназир таманно менамоям!
Соатҳое баъд Соли Нав медарояд ва мардуми шарифи кишвар бо соли куҳан хайрбод мегӯянд. Маъмулан ҳар сол истиқболи соли нав аз ҷониби сокинон бо шӯру шар ва гарм истиқбол мешавад. Имсол низ мо ин саҳнаҳоро аз ҳоло мебинему мушоҳида мекунем. Аммо ҳар ҷашну маросим қоидаҳое дорад, ки риояи онҳо танзими амнияту бехатарист. Мо бояд бо соли куҳан тавре хайрбод гӯему аз соли нав тавре истиқбол кунем, ки хотирмон бошад.