Activities calendar

12 декабря 2018

Таъкиди Кордори Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар табодули китоб

Кордори Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ду кишвар бо таваҷҷӯҳ ба муштаракоти фарҳангиву забонӣ имкониятҳои бештари ҳамкориҳо дар табодули китоб доранд. Дипломати Афғонистон, ки ахиран аз Китобхонаи миллӣ дидан мекард, хостори ифтитоҳи гӯшаи Афғонистон дар Китобхонаи миллӣ ва роҳандозии рӯнамоии китобҳои тозанашри ноширони кишвараш дар Тоҷикистон шуд.

Саду даҳ соли ситораи тобони ховаршиносӣ

Имрӯз ба зодрӯзи яке аз пурмаҳсултарин пажӯҳишгарони осори гаронмояи адибони форсу-тоҷик, шинохтатарин рӯдакипажӯҳишони олам Абдулғанӣ Мирзоев саду даҳ соли пур мешавад. Ва чиҳилудуввмин сол аст, ки олими барӯманд тарки олам кардааст. Осораш номи ӯро тӯли ин солҳо зинда доштааст ва даҳсолаҳову садсолаҳо боз аз ҷумлаи беҳтарин донишманд боқӣ хоҳад монд. Пажӯҳишҳои ӯ умри абад доранд.

Абдулғанӣ Мирзоев 12 декабри соли 1908 дар шаҳри Китоби вилояти  Қашқадарё  зода шудааст. Соли 1918  мактаби  миёнаро  хатм  карда, дар навоҳии  гуногун  дар вазифаҳои  котиб ва мудири  шуъбаи  кумитаи иҷроия  фаъолият  бурдааст. Дар КИМ  РСС  Тоҷикистон низ 

Китобхонаҳои нодири олам

Меъморон аз замонҳои қадим барои тарҳҳои зебову ҷолиб талош мекарданд ва имрӯз низ ин анъанаи қадимиён боқист. Аз ҷумла дар сохтусози китобхонаҳои олам ҳазорон нақшу нигори нотакрор ва тарҳҳои ҷолибро метавон дид, ки касро ба ҳайрат меоранд. Бидуни шак, Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ ҳамин гуна як тарҳи нотакрори китобхонаҳои олам аст. Ин ҷо хостем дар бораи таъзе китобхонаҳо, ки аз нигоҳи меъморӣ ҷолибу

Фарҳанги ҳунарҳои мардумӣ аз дурбини Муҳиддини Олимпур

Бинишвари тоҷик Муҳиддини   Олимпур барои интишори  фарҳанги  тоҷик  хидмати  бениҳоят   бузурге  кард.  Ў  ба  ҳар   кишваре , ки  рафт  ин фарҳангро  бо худ бурд  ва  намунаи   беҳтаринашро  бурд. Олимпур  ба  ҷаҳон  бо чашми дил  менигарист. Бо чашми сар  ва дурбин аз  он акс  мебардошт.  Онҳое,  ки  бо  Муҳиддин  ҳамсўҳбат  доштаанд,  фарҳанги  моро, халқи  моро   дўст  доштанд.
Бо  садои   шефтаву  лаҳни   тоҷикӣ  сухан  мегуфт.

Олимони Академияи илмҳои Тоҷикистон китобҳои тозанашри худро муаррифӣ карданд

Дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии китобҳои тозанашри олимони Академияи илмҳои Тоҷикистон  доир гардид. Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон доктори илмҳои педагогӣ, профессор Абдусалом Мирализода чорабинии мазкурро ифтитоҳ намуда, таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба муҳимтарин тадқиқотҳои олимони Академияи улуми Тоҷикистон  ҷалб намуд.