Таъкиди Кордори Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар табодули китоб

Кордори Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ду кишвар бо таваҷҷӯҳ ба муштаракоти фарҳангиву забонӣ имкониятҳои бештари ҳамкориҳо дар табодули китоб доранд. Дипломати Афғонистон, ки ахиран аз Китобхонаи миллӣ дидан мекард, хостори ифтитоҳи гӯшаи Афғонистон дар Китобхонаи миллӣ ва роҳандозии рӯнамоии китобҳои тозанашри ноширони кишвараш дар Тоҷикистон шуд.

Кордори Сафорати Ҷумурии Исломии Афғонистон Сайидмаъсуми Бадахш ҷиҳати ошноӣ бо таърих ва фаъолиятҳои ҳамарӯзии Китобхонаи миллӣ баъди зӯҳри дирӯз ба Китобхона омад ва бо Директори муассиса, профессор Абдусалом Мирализода мулоқот кард. Директори Китобхонаи миллӣ баъди он ки дипломати Афғонистонро барои ташрифаш ба ин боргоҳи маърифат хайрамақдам гуфт, мухтасар дар бораи таърихи китобу китобдорӣ дар Тоҷикистон маълумот дод.

Профессор Мирализода зимни ҳикоят аз таърихи Китобхонаи миллӣ гуфт, ки ин бинои пурҳашамат бо иқдоми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қомат афрохтаву рафҳояш пур аз китоб шудаанд. Директори Китобхонаи миллӣ дар бораи равобити хориҷии Китобхона, табодули китоб бо китобхонаҳои олам, дафотири кишварҳо ва гӯшаҳои фарҳангӣ дар Китобхонаи миллӣ маълумот дод.

Абдусалом Мирализода дар бахши дигар аз суҳбаташ ба меҳмони олиқадр дар бораи дастхатҳои қадимӣ, китобҳои чопи сангии асрҳои куҳан ва нусхаҳои қаламӣ ибрози назар намуд ва гуфт, ки ин китобҳо бидуни шак ганҷинаи бебаҳои Китобхонаи миллӣ ҳастанд. 

Кордори Сафарати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон ҷаноби Сайидмаъсуми Бадахш роҷеъ ба имкониятҳои ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар бахши табодули китоб ва иртиботҳои китобхонавӣ ибрози назар намуд. Дипломати Афғонистон гуфт, ки кишвараш омода аст дар Китобхонаи миллӣ гӯшаи Афғонистонро боз кунад ва аз ин тариқ хонандаи тоҷикро бо дастовардҳои табу нашр дар Афғонистон ошно созад.

Вай ҳамчунин гуфт, ки метавон сари чанд вақт дар Китобхонаи миллӣ рӯнамоии китобҳои тозанашр дар Афғонистонро роҳандозӣ кард. Ҷаноби Сайидмаъсуми Бадахш бо ишора ба муштаракоти фарҳангиву адабии ду халқи бародар иброз дошт, ки метавон робитаҳои китибхонаҳоро дар ду мамлакат дар сатҳи шоиста боло бурд. 

Кордори Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон дар идомаи боздидаш аз Китобхонаи миллӣ аз мусаввара, толори дасхатҳои шарқ, толори намоиши китобҳо ва толорҳои хониш ва толори хониши электронӣ дидан намуд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати ҳамкориҳои дуҷониба байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Афғонистон туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.