Баъд аз зуҳри имрӯз, 25- уми январ бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, бо иштироки кормандони шуъбаҳои равобити байналмилалӣ, абонименти байни китобхонаҳо, нигоҳдории рисолаҳои илмӣ ва библиографияи миллии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар дар ҳошияи паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Паём–роҳнамои имрўзу фардо» доир гардид.
Ҳамоишро бо суханони муқадимавӣ муовини директори Китобхона Гадобек Маҳмудов оғоз карда, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ дод. Вай аз ҷумла гуфт: «Чӣ хеле ба ҳамагон маълум аст, Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якчанд масъалаҳои муҳим иборат аст. Мо бояд ин ҳама заҳматҳои сарвари давлатро, ки барои мо мардуми тоҷик намудаанд, нодида нагирем. Аз ҷумла, кушодани мактабҳои замонавӣ дар ноҳияҳои дурдаст худ аз он шаҳодат медиҳад, ки аз се як ҳиссаи буҷаи кишвар маҳз дар соҳаи маориф масраф мешавад”.
Гадобек Маҳмудов ҳамчунин гуфт: “Дар сиёсати хориҷии кишвар Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳо ноил гардид. Бояд гўем, Тоҷикистон сиёсати дарҳои боз дорад. Яъне, ин аз он далолат медиҳад, ки дигар давлатҳо метавонанд омада корхонаҳои худро боз намоянд. Бояд гўем, Тоҷикистон дар соли 2016 дар арсаи ҷаҳонӣ якчанд пешниҳодҳо кард. Аз ҷумла, 21–уми декабри соли 2016 Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор (барои солҳои 2018-2028)» дар СММ пазируфта шуд, ки ин ҳам нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд бардошт. Пас, месазад мо мардуми тоҷикро, ки Паёмро ҳамчун сармашқи зиндагии хеш қарор дода, онро барои худамон ҳамчун як дастурамал истифода барем».
Муовини Директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабова дар мавриди нақши занон дар сиёсат, иҷтимоъ ва давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол суханронӣ кард ва гуфт: «Як нуктаи асосии Паёми имсолаи Сарвари давлат боз ҳам дар бобати баланд бардоштани мавқеи занону бонувон дар ҷомеа буд. Чунончӣ, сарвари давлат дар мавриди баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ва сиёсат борҳо суханронӣ намудаанд. Воқеан, бубинед сол то сол теъдоди занон дар корҳои давлативу ҳукуматӣ зиёд гардида истодаанд. Яъне, имрўз мо бонувону занонро чӣ дар сиёсат, чӣ дар иҷтимоъ умуман соҳаҳои муҳими ҷомеа дида метавонем, ки кору фаъолият доранду ҳеҷ монеъае барои пешрафти фаъолияти онҳо дида намешавад. Албатта, ин худ ифтихори мо аст”.