Кордори Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ду кишвар бо таваҷҷӯҳ ба муштаракоти фарҳангиву забонӣ имкониятҳои бештари ҳамкориҳо дар табодули китоб доранд. Дипломати Афғонистон, ки ахиран аз Китобхонаи миллӣ дидан мекард, хостори ифтитоҳи гӯшаи Афғонистон дар Китобхонаи миллӣ ва роҳандозии рӯнамоии китобҳои тозанашри ноширони кишвараш дар Тоҷикистон шуд.
Баъд аз зуҳри имрӯз, 25- уми январ бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, бо иштироки кормандони шуъбаҳои равобити байналмилалӣ, абонименти байни китобхонаҳо, нигоҳдории рисолаҳои илмӣ ва библиографияи миллии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар дар ҳошияи паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Паём–роҳнамои имрўзу фардо
Дар доираи чорабиниҳои Рӯзҳои фарҳанги Ҳинд дар Тоҷикистон мулоқоти Взири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо кордори сафорати Ҳинд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рагаван Митхун ва ҳайати иштирокчиён, сардори ансамбли «Раҷастан» ва ансамбли «Ситор» дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд.
Баъд аз анҷоми мулоқот меҳмонон аз Осорхонаи дастхатҳои шарқ ва китобҳои нодир, инчунин аз толори китобҳои тозанашри Китобхона дидан
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба
Китобхонаи миллӣ 78 нусха китоби нав тақдим
кард. Аксари ин китобҳо тозанашр буда,
зарфи 3-4 соли охир дар нашрияҳои гуногуни
кишвар ва хориҷ аз он ба табъ расидаанд.
Бештари онҳо доир ба сиёсати хориҷии
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дипломатияи
кишваранд, ки вазорат ройгон ба Китобхона
ҳадя намуд. Аз ҷумла,китобҳои
«Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори сиёсати...