Таърихи Китобхонаи миллӣ
Китобхонаи миллии Тоҷикистон соли 1933 дар заминаи китобхонаи шаҳрии пойтахт таъсис ёфта, соли 1934 ба ифтихори 1000-солагии Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ номи ӯро гирифт. Соли 1993 бошад, Китобхона мақоми миллиро дарёфт кард.
Бо гузашти ҳудудан 80 сол бинои собиқ ба талабот ҷавобгӯ нашуд. Афзудани теъдоди китобҳо ва фарсуда шудани рафҳои китобмонӣ дар таҳхонаи бино, ки маъмулан бойгонӣ дар он нигаҳдорӣ мешуд, заҳ кашидан ва бар асари он хароб шудани сохтори китобҳо, ҳамчунин замонавӣ набудани толорҳои хониш он заруратеро пеш овард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди бунёди як бинои мутобиқ ба шароити замон тасмим бигирад. Ин буд, ки 4-уми сентябри соли 2007 бо иштироки Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хишти аввали бинои нави китобхона гузошта шуд.
Ниҳоят баъди панҷ сол дар арафаи Наврӯзи соли 2012 боз ҳам бо ширкати сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави китобхона расман ифтитоҳ шуда, бо номи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кард.
Китобхона асосан дар чаҳор самт фаъолият мебарад: китобнигоҳдорӣ, хониш, хизматрасонӣ ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.
Бинои нав 167 метр дарозӣ ва 52 метр баландӣ дорад. Масоҳати умумии китобхона 44 ҳазору 78 метри мураббаъ мебошад. Аз нигоҳи масоҳат, ғунҷоиши хазинаҳои китоб, фарогирии хадамоти китобдорию иттилоотӣ ва фаъолияти фарҳангӣ бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ беназир аст. Бино бо воситаҳои замонавии ҳамлу нақли бор, эскалатор, лифт, таҷҳизоти мушоҳидавию гармидиҳӣ, ҳаворасонию шамолдиҳӣ, хабардиҳию сӯхторхомӯшкунӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Бинои нави Китобхона барои нигоҳдории 10 миллион нусха китоб пешбинӣ шуда аст. Имрӯз хазинаи умумии Китобхонаи миллии Тоҷикистонро 6179338 нусха маводи чопию электронӣ ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб: 3089689 нусха – фонди асосии КМТ; 2589649 нусха – китобҳои эҳдошуда аз аҳолӣ; 500000 нусха – китобҳои электронӣ ташкил медиҳад. Хазинаи китобҳо дар 28 махзани нигаҳдории ҳуҷҷатҳо ҷойгир карда шудааст.
Китобхона дорои толорҳои хониш, маҳфузгоҳҳо барои нигоҳдории китоб ва дигар намудҳои асноди иттилоотӣ, ҳуҷраҳои маъмурӣ, маҷлисгоҳҳо ва толорҳои баргузории ҷаласаҳо, симпозиуму конфронсҳо, чопхонаву лабораторияҳои тармими китобҳо, бахшу шӯъбаҳои корӣ ва дигар шабакаҳои хадамотии ҷавобгӯи талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ мебошад. Аз ҷумла, 25 толори хониш бо 1458 ҷои нишаст барои хонандагон мавҷуд аст. Аз ин ҳисоб 274 таваққуфгоҳи автоматикунонидашудаи корӣ барои хонандагон ҷудо гардидааст. Китобхона дорои 3 намоишгоҳи китоб: осорхонаи китоб барои ба намоиш гузоштани дастхатҳои қадима ва китобҳои нодир; галереяи китоб барои созмондиҳӣ ва баргузории намоишгоҳҳои китоб доир ба соҳаҳои мухталифи дониш ва намоишгоҳи китобҳои тозанашр мебошад. Имрӯз дар ин се намоишгоҳ беш аз 2500 китоб ба намоиш гузошта шудааст. Дар китобхона 9 маҷлисгоҳ ва толорҳои баргузории ҷаласаву симпозиумҳо мавҷуд аст, ки дорои 1100 ҷойи нишаст мебошад. Инчунин барои хонандагон 215 ҷойи нишаст барои тафреҳ ва 558 ҷойи таомхӯрӣ дар ошхонаҳои китобхона муҳайё карда шудааст.
Барои кормандони китобхона 312 таваққуфгоҳи автоматикунонидашудаи корӣ бо компютерҳо ҷиҳозонида шудааст.
Дар сохтори Китобхонаи нав илова ба бахшу шӯъбаҳои амалкунанда, шӯъбаҳои нав, аз қабили «Шуъбаи менеҷмент ва маркетинги фаъолияти китобдорӣ», «Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ», «Шуъбаи таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо», «Шуъбаи табъу нашр», «Шуъбаи нигаҳдории рисолаҳои илмӣ», «Шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон», «Шуъбаи котибот», «Шуъбаи умумӣ», «Шуъбаи хадамоти бино ва иншоот», «Шуъбаи хадамоти гармидиҳӣ ва техникаи санитарию бехатарӣ», «Шуъбаи истифодабарӣ ва хизматрасонии электротехникӣ», «Шуъбаи истифодабарии техникӣ ва хизматрасонии коммуналӣ» ва 4 маркази соҳавии «Тоҷикшиносӣ», «Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ», «Иттилооти ҳуқуқӣ», «Такмили ихтисоси кормандони китобхонаҳо» ба фаъолият шурӯъ намуданд. Барои гуруҳҳои алоҳидаи хонандагон, аз ҷумла маъюбон, нобиноён ва шахсони имконияти биноияшон маҳдуд Шуъбаи нави “Хизматрасонӣ ба маъюбон”, толорҳои хониши махсусгардонидашуда ва бунёди фонди китобҳои савтӣ (гӯёӣ) ва китобҳо бо алифбои Брайлер пешбинӣ шудааст. Мавриди истифода қарор дода шудани бинои нав имконоти бештареро барои татбиқи вазифаҳои афзалиятноки китобхона дар самтҳои бунёди фондҳои электронӣ, инкишофи низоми электронии пахши иттилоот, созмондиҳӣ ва истифодаи толорҳои хониши виртуалӣ, таҳияи феҳристҳои электронӣ доир ба ҳама намуди маҳсулоти чопӣ ва нусхаҳои хаттӣ фароҳам оварда, дастёбии озодонаи хонандагони муқимӣ ва ғоибхонро ба хазинаҳои чопӣ ва электронии китобхона таъмин менамояд. Инчунин дар фаъолияти китобхона низоми нисбатан комили автоматикунонии равандҳои китобдорию иттилоотӣ татбиқ мегардад. Китобхонаи нав ҳамчун маркази бузурги илмиву фарҳангӣ дар ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва тарғибу ташвиқи маҷмӯъи асноди дар ҳамаи намудҳои имконпазир интишорёфта: анъанавӣ (нашрияҳои қаламӣ, чопӣ), электронӣ (дар компютер, компакт дискҳо), савтӣ (китобҳои гӯё, овоздор), виртуалӣ (дастёбӣ ба захираҳои Интернет) имконоти бештарро дар ихтиёр дошта, барои баланд бардоштани нақш ва мақоми китобу китобхона дар ҳаёти ҷомеа, рушду нумӯъи соҳаи китобдорӣ, китобхонӣ ва маърифати илмию фарҳангии аҳолӣ шароити мусоид муҳайё месозад. Низоми автоматикунонидашудаи раванди китобдорию иттилоотӣ имрӯз дар асоси яке аз барномаҳои маъмул ва дар соҳаи китобдории ҷаҳонӣ санҷидашуда «Aleph» (Алеф) ба роҳ монда шуд. Барномаи мазкур аз ширкати ExLibris дастрас карда шудааст. Ин барнома аз ду қисми асосӣ иборат буда, қисми якум барои кормандони китобхона ва қисми дуюм барои истифодабарандагон пешбинӣ шудааст. Ҳарду қисми барнома бо ҳамдигар алоқаи ногусастанӣ дошта, аз як манбаи маълумот истифода мекунанд.
Қисми якуми барнома фарогири 5 амалиёт буда, ҳар яке аз онҳо вазифаҳои ба худ хосро иҷро менамоянд ва дар таваққуфгоҳи автоматикунонидашудаи кории китобдор пайваст мебошанд, яъне барқарор карда шудаанд.
- Амалиёти якум маъмурияти бақайдгирии китобҳоро иҷро намуда, такмили фондро таъмин менамояд. Ин амалиёт ба таври автоматӣ маводи ба фонд воридшударо номнавис мекунад.
- Амалиёти дуюм вазифаи феҳристнигориро иҷро намуда, маводи бақайдгирифташударо ба барнома ворид месозад.
- Амалиёти сеюм раванди хизматрасонӣ ба хонандагонро таъмин месозад, яъне сабти ном ва ба узвияти китобхона пазируфтани хонандагон, ба онҳо супоридани чиптаи хонандагӣ ва ба низомдарорию нигаҳдории маълумотҳои фардии хонандагон дар пойгоҳи (базаи) маълумотҳо. Илова бар ин амалиёти мазкур ҷараёни қабули дархости хонандагон ва қонеъ намудани талаботи онҳоро таъмин менамояд.
- Амалиёти чаҳорум ҷараёни хизматрасонӣ ба хонандагонро дар бахши абонементии байни китобхонаҳо ба низом медарорад.
- Амалиёти панҷум «Маъмурият» ном дошта, барои назорат ва ворид сохтани тағйироту иловаҳо ва вазифаҳои нав ба амалиёте, ки барои кормандони китобхона пешбинӣ шудаанд, таъйин шудааст.
Ҳамаи 5 амалиёти номбаршуда қисми якуми барномаи Aleph мебошанд ва барои кормандони китобхона пешбинӣ шуда, танҳо дар компютерҳои онҳо муқаррар карда мешавад.
Қисми дуюми Барнома «ОРАК» (опак) ном дошта, барои хонандагон пешбинӣ шудааст. Бо истифода аз ин барнома хонандагон бевосита метавонанд аз феҳристи электронӣ истифода карда, китоби лозимиро ҷустуҷӯ кунанд ва ҳамзамон онро барои мутолиа дархост намоянд.
Инчунин, кормандони Китобхонаи миллӣ дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Маркази «Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ» барномаи компютерии таҳия ва истифодаи «Феҳристи китобҳои электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-ро тартиб доданд. Бо истифода аз ин барнома хонандагон метавонанд дар шабакаи дохилии компютерҳои китобхона адабиёти лозимиро тибқи ному насаби муаллифон ва ё унвони асар дарёфт намуда, онро мавриди истифода қарор диҳанд.
Китобхонаи миллии Точикистон дар радифи дигар китобхонаҳои мамолики мутаррақї кўшиш ба харҷ медиҳад, ки хидматрасониашро дар кӯтоњтарин фурсат пурра ба талаботи замони муосир мутобиќ намояд.
Имрўз кормандони тамоми марказу шўъбахои Китобхонаи миллии Точикистон сайъ доранд, ки дар муддати муайянгардида ҳамаи адабиёти гуногуни китобхона ба феҳристи электронӣ дохил карда шаванд. То ба имрўз (27. 07. 2012) 90 824 китоб бо забонҳои гуногуни дунё вориди барномаи AlEPH карда шудааст.
Дар баробари тартиб додани феҳристи электронӣ, инчунин нусхабардории электронии китобҳои нодири китобхона тариқи дасгоҳҳои махсуси нусхабардории ҳозиразамон бо маром идома дорад.
Дар бинои нави Китобхона марказҳои фарҳангии Амрико, Олмон, Эрон, Чин ва Арабистони Саудӣ амал мекунанд, ки хонандагон метавонанд аз онҳо низ истифода намоянд.
Илова бар ин, китобхона тибқи шартнома бо ширкати байналмилалии EUROMONITOR INTERNATIONAL захираи электронии ин ширкатро ба ихтиёри хонандагони китобхона вогузор кардааст ва бо истифода аз ин захира хонандагони китобхона имкон доранд, ки ба 8 миллион маълумоти омории муқоисавию байналмилалӣ доир ба иқтисодиёт, иҷтимоиёт, демография ва ҷуғрофияи 205 мамлакати ҷаҳон ошноӣ пайдо намоянд. Инчунин хонандагони Китобхонаи миллӣ ба 400 ҳазор матни электронии рисолаҳои номзадию доктории Фонди электронии диссертатсияҳои Китобхонаи давлатии Русия дастрасӣ доранд. Дар навбати худ Китобхонаи миллӣ тавассути веб-сайти www.kmt.tj барои хонандагони виртуалӣ имкони паҳн намудани манобеи электронии худро дорад.