Шаш моҳи талошҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба Китобхонаи миллӣ 165985 нусха адабиёт ба маблағи умумии 299678,51 сомонӣ ворид шуда, мавриди коркард қарор гирифтааст. Ба фонди умумии Китобхона – 16756 нусха ба маблағи умумии 293514,50 сомонӣ, аз ҷумла, китобҳо – 14446 нусха, маҷаллаҳо – 1502, нашрияҳои давомноки илмӣ-426, нотаҳо - 46, маводҳои коркарди гурўҳӣ - 5, авторефератҳо-200, диссертатсияҳо - 40, дастнависҳо- 10, изографикаҳо -2 нусха ва DVD - 79 дона ворид шудааст. Ба захираи мубодилавии эҳтиётӣ – 149034 нусха ба маблағи умумии – 4202,70 сомонӣ ва ба захираи байналмилалии байни китобхонавӣ – 195 нусха ба маблағи умумии – 1961,31 сомонӣ адабиёт дохил карда шуд.
Маркази иттилоотӣ-ҳуқуқӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҷиҳати фаъолсозии саҳифаи махсуси иттилооти ҳуқуқӣ дар сомонаи Китобхона матни маҷмўан 8334 адад Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба забони русӣ таҳия карда ва баъдан барои ворид намудани он ба сомона омода намуд. Шумораи умумии санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав, ки нусхабардорӣ гардид, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 2359 ададро ташкил медиҳад.
Кормандони шуъбаи такмили адабиёт 2042 нусха (842 номгўй) китобҳои ҳатмӣ ва 399 нусха нашрияҳои гуногунро қабул ва ба қайд гирифтаанд ва ба ҳамаи ин китобҳо барга навишта, сипас ба шуъбаҳои дахлдор ирсол кардаанд. Баргаҳои аз рўи таснифоти сол, алифбо ва ҷои нашр ба танзим дароварда шуда, ба феҳристи фармоишии шуъба захира карда шуданд. Маълумоти бештарро аз ин ҷо бихонед:
Шўъбаи нигоҳдории китоб дар Китобхонаи миллӣ зарфи шаш моҳи сипаришуда ба шуъбањо ва толорҳои хониши китобхона 49979 нусха маводи чопї ирсол кардаст, ки 32952 адади он китобҳо бо забони русӣ ва 18002 нсхаи дигар бо забони тоҷикӣ буд.
Гуфтаниҳои дигар аз кори ин шуъба ин ҷост
Ба шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо 2738 нафар муроҷиат намуданд, ки 75 нафари онҳо афроде буданд, ки ба тозагӣ аъзои Китобхона шудаанд. Барои истифодаи муваққатӣ дар хона ба онҳо 6377 нусха адабиёт дода шуд. Барои дарёфти матлаби бештар ин ҷо ворид шавед.
4866 кӯдакону наврасоне, ки зарфи шаш моҳи сипаришуда ба китобхона ташриф оварданд, на танҳо китоб мутолиа карданд, балки бо истифода аз барномаҳои компютерӣ дониши худро сайқал доданд. Дар компютерҳо барномаҳо барои омўзиши забони русӣ, донишҳои риёзӣ, адабиёт, таърих ва дигар фанҳо насб карда шудаанд. Матлаби бештар дар ҷост.
Дар шаш моҳи ахир кормандони шуъбаи автоматикунонӣ ва раванди китобдорӣ-иттилоотӣ 110 нусха китобро дар ҳаҷми 81080 саҳифа нусхабардорӣ ва ба қолаби pdf баргардонида, ба сервери ftp, ки фонди китобҳои электронии Китобхона аст, ҷойгир кардаанд. Маълумоти бештарро аз ин ҷо мехонед
Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар дар ин шашмоҳа такмили барномаи “Феҳристи электронии мусиқии тоҷик” идома дод, ки қарор аст зарфи 3 моҳи оянда комилан омода ва мавриди истифода қарор дода шавад. Лутфан руҷуъ кунед:
Ба бойгонии китобҳои нодир 10 адад нусхаи хаттӣ ва 13 адад китоби чопи сангӣ зам шудааст ва метавонед бо руҷуъ ба ин саҳифа бо маълумоти дигар дар мавриди осори қадимии хаттӣ ошно шавед.
Шуъбаи нашриёти даврӣ дар ин шаш моҳ кори таҳияи “Донишномаи матбуоти тоҷик”-ро идомадодааст. Дар ин муддат маълумотномаи энсеклопедии 70 номгўи нашрияҳо таҳия шудаанд. 8 шумораи аввалин рўзномаи тоҷикии-“Бухорои шариф” баргардон ва бо шакли электронии WORD омода шудааст. Гуфтаниҳои дигар аз фаъолияти ин шуба ин ҷост:
Дар ним сол бо талоши кормандони Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 суханронии Cарвари Давлат дар хидмати хонанда қарор гирифтааст. Рӯйхати комили ин 23 суханрониро аз ин ҷо метавонед дарёфт кунед:
Дар нимсолаи сипаришуда Гўшаи фарҳангии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба 1515 нафар, Маркази иттилооти Олмон ба 1603 нафар, Гўшаи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба 414 нафар ва Гўшаи фарҳангиии Эрон ба 737 нафар хизмат расониданд. Гўшаи Куриё 603 нафар хонандаро ба омўзиши забони куриёӣ ҷалб намуд. Фаъолияти шашмоҳаи Шуъбаи равобити байналмилалӣ ин ҷост.
Маркази «Тоҷикшиносӣ» ду ҷилди навбатии силсилаи «Тоҷнома»-китоби дуюми «Мероси хаттии бостон» ва асари А. П. Шишов «Тоҷикон”-ро таҳия намуда, барои таъбу нашр пешниҳод намуд. Маълумоти бештар дар бораи фаъолияти Шуъбаи фаъолияти илмӣ - таҳқиқотӣ ва такмили ихтисос дар Китобхона ин ҷост.
Шуъбаи чорабиниҳои фарҳангии Китобхона тўли ин 6 моҳ барои 3754 намояндагони корпуси дипломатӣ, меҳмонони дохиливу хориҷӣ ва донишҷўёну мактаббачагон бештар аз 150 экскурсия ташкил кардаанд. Маълумоти бештар