Дар 6 моҳ ба 49979 нусха маводи чопӣ дархост шудааст

Дар 6 моҳ ба 49979 нусха маводи чопӣ дархост шудааст
(Гузориши шуъбаи нигоҳдории китоб)
 Шўъбаи нигоҳдории китоб дар Китобхонаи миллӣ зарфи шаш моҳи сипаришуда ба шуъбаҳо ва толорҳои хониши китобхона 49979 нусха  маводи  чопӣ ирсол кардаст, ки 32952 адади он китобҳо бо забони русӣ ва 18002 нсхаи дигар бо забони тоҷикӣ буд.  
Чун ҳамеша Шуъбаи хизматрасонӣ бештар аз дигар шуъбаҳои китобхона бо хоннадагон будааст. Аз ин шуъба дар ин шаш моҳ ба миқдори 36708 адад китоб дархост ворид шудаву ҳамин миқдор китоб ирсол шудааст. 
Ба шуъбаҳои илмҳои дақиқ 2768, АБК 4596, тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ 806, библиографияи миллӣ 147, диссертатсионӣ 1375, меиатекаи президентӣ 290, хизматрасонии махсус 1435 ва шуъбаҳои боқимонда дар маҷмуъ ба 1832 адад китоб дархост ирсол кардаанд. 
Гуруҳи кории 15-нафарае, ки бо фармони директори Китобхона аз 10.02.2014 таъсис шуда буд ва 11 нафар узви ин гуруҳро кормандони Шуъбаи нигаҳдории китоб ташкил медиҳанд, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ низ фаъолияти худро идома дод. Гуруҳ китобҳои аз аҳолӣ ҷамъомадаро гуруҳбандӣ намуд, ҳолати онҳоро ташхис кард. Гуруҳи корӣ зарфи ин шаш моҳ 971872 нусха китобро дар маҳзанҳои №5-6-7-8-9 ҷо ба ҷо кард. 15322 ки китобҳо бисёрнусха (дублетӣ) дониста шуданд, 115 адад таъмирталаб буданд ва 18835 адади дигар қобили истифода набуданд ва онҳо барои коғазпора ҷудо шуданд. Ҳамзамон бо ин аз ҳисоби китобҳои ташхисшуда 4727 адад ба шуъбаҳои Китобхонаи миллӣ ва 28903 нусхаи дигар ба китобхонаҳои дигари ҷумҳурӣ равона карда шуд. Ин гуруҳ ҳамоно ба фаъолияти худ идома медиҳад.  
Қабулу ҷобаҷогузории китобҳои тозанашр, ки баъди сабту коркард аз шуъбаҳои такмил ва коркарди ададбиёт ба хазинаи нигаҳдории китоб фиристода мешавад, аз самтҳои дигари фаъолияти шуъба аст. Дар ин ним соли ахир аз шуъбаи коркарди адабиёт ба шуъбаи нигоҳдории китоб 10542 нусха китоб ворид гардид, ки аз ин ҳисоб 4654 нусха ба забони тоҷикӣ, 5683 нусха ба забони русӣ ва 205 нусха ба забонҳои халқҳои дигари ИДМ ва хориҷ аз он мебошад.  
Кормандони шуъба дар баробари хизматрасонӣ ба хонандагон ва шуъбаҳои китобхона, ба 1224 нусха маводи чопӣ барга навиштанд. Инчунин 194 нусха китоб ба шуъбаи депозитарӣ, 18 нусха ба маркази “Тоҷикшиносӣ”, 201 нусха ба шуъбаи хизматрасонии библиографӣ, 11-нусха ба Медиатекаи Президентӣ, 800 нусха ба шуъбаи рисолаҳои илмӣ интиқол доданд ва баргаҳои навиштаро ба феҳристи захираи шуъба, аз рўи рақами инвентарӣ, ҷо ба ҷо гузоштанд. 
Кормандони шуъба аз китобҳои аҳолӣ эҳдошуда 1540 нусха китобхои заруриро ҷудо намуда, барои ба расмият даровардан ва аз коркард баровардан, ба  шуъбаи такмили адабиёт супориданд. Аз моҳи январи соли ҷорӣ, то кунун ба шуъбаи феҳристнигорӣ барои рамзбандии феҳристи электронӣ  22416 нусха китоб  дастрас гардид.
Барои нусхабардорӣ (сканер) 26 нусха китоб ба шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ, супо¬ри¬да шуд, ки ҳамагӣ даҳ китоб нусхабардорӣ шуд ва 16 китоби дигар ба иллатҳои техникӣ баргардонида шуд.  
Илова ба ин, кормандони шуъба мунтазам дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои оммавии китоб¬хона ҷиҳати дарёфт ва ҷудо намудани адабиётҳои лозимӣ фаъолона иштирок  намуданд.  Аз ҷумла, дар ташкил ва баргузории чорабиниҳо бахшида ба Рўзи Артиши миллӣ, Рўзи бонувон, ҷашни байналмилалии Наврўз, Ваҳдати миллӣ намоиши китобҳои тозанашр, намоиши китобҳои Тайиланд ва Озарбойҷон дар шуъбаи адабиёти хориҷӣ ширкат  варзиданд.
Аз  шуъбаи  библиографияи  миллӣ зиёда аз 3000 нусха китоб ва  Медиатекаи Президентӣ 1100 нусха китоб ба шуъба баргардонда  шуд. Кормандон ин китобҳоро аз қайди шуъба бароварда, ба фонд ворид намуданд. 
Дар давоми нимсол кормандони шуъба 526 нусха китобро аз таъмири хурд бароварда, 500 нусха китобҳои  калон ҳаҷмро аз шуъбаи рисолаҳои илмӣ аз ошёнаи нуҳум ба ошёнаи шашум (ба махзани ИДМ) ва дигар халқҳо фароварда, бо рақами инвентарӣ ҷобаҷо  гузоштанд.  
Назар ба соли гузашта диҳиши китоб имсол 19739 нусха  зиёд буд.