Activities calendar

28 июля 2015

Конфронси байналмилалӣ аз масоили вожагузинӣ дар Китобхонаи миллӣ

Дар конфронси байналмилалии "Масоили вожагузинӣ ва истилоҳоти забони форсӣ -тоҷикӣ", ки ахиран дар Китобхонаи миллӣ баргузор гардид, масоили мубрами омӯзиши таҷоруби пешқадами вожашиносӣ ва фарҳангнигорӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт. 

Доктори улуми филологӣ, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода дар сухани ифтитоҳии худ таваҷҷуҳи ширкаткунадагони Конфронсро ба муҳим будани иртиботҳои густарда дар масоиле назири вожагузинӣ ҷалб кард.
Вай аз дастовардҳои чанд соли охир дар роҳи тозагии забон ва интихоби вожаҳои дилпазир ва барои ҳамаи гуишҳои забони форсӣ муносиб ҳарф зад ва гуфт ин иқдом дар оянда низ бояд идома ёбад. 
Доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил – Раиси Фарҳангистони забон

Оғози курсҳои омӯзишӣ барои кормандони ғайритахассусии Китобхона

Рўзи 28-уми июли соли равон дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон  барои  18-нафар кормандони китобхона, ки мутахассисони ғайрисоҳавӣ мебошанд, курси такмили ихтисос оид ба омўзиши «Асосоҳои дониши китобдорӣ – иттилоотӣ» оғоз гардид..  Ин курси такмили ихтисос тибқи супориши Директори Китобхона Сайфиддин Назарзода доир шуд. 
Муовини сардори Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ Ю. Мусоев дар оғоз ба