Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан!

Ҳамасола Артиши миллиро 23-уми феврал дар сар то сари Тоҷикистон ҷашн мегиранд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 43 чунин оварда шудааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояти манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад». Имсол 28-умин солгарди Артиши миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳарчанд, ки Артиши миллии мо дар вазъи бисёр вазнин сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд, вале дар натиҷа тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат марҳала ба марҳала устувору қавитар гардида, имрўз бо кадрҳои донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад.

18-уми декабри соли 1992 Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон » қарор ба имзо расида, Артиши миллӣ таъсис дода шуд.

23-уми феврали соли 1993 нахустин сафороии ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид, ки он рўз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ эълон карда шуд. Ҳукумати ҶТ баҳри мустаҳкам намудани мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароитҳои техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ менамоянд.

Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ (1993—1997) ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо мекарданд.

То соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се навъи асосӣ, Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат буд. Ба ғайр аз ҷузъу томҳои тобеи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамзамон дар тобеияти Вазорати мудофиа қисму воҳидҳои низомии алоҳида низ фаъолият менамоянд. Аз ҷумлаи онҳо Литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ ва дигар идораҳои ҳарбӣ мебошанд, ки аксари онҳо аз солҳои аввали ташкилёбии Артиши миллии Тоҷикистон таъсис ёфта, вобаста ба иҷрои вазифаҳои муҳими соҳавӣ корҳои зиёдеро амалӣ менамоянд.

Дар натиҷаи ислоҳоти низомӣ дар Артиши миллии Тоҷикистон, ки аз рӯзҳои бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардида, он ҳанӯз идома дорад, корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шуданд. Дар ин замина Сарситод ба Ситоди генералӣ табдил ёфт, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ муттаҳид гардонида шуд, дар заминаи Колеҷи Олии низомӣ Донишкадаи ҳарбӣ таъсис ёфт, дар сохтори бисёре аз қисмҳои низомӣ дигаргуниҳои зиёд ворид карда шуд ва аз ҳама муҳим бо назардошти таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир навъи сеюми Қувваҳои мусаллаҳ, ё худ Қӯшунҳои зудамал дар ҳайати Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд. 

Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚХ ҚМҶТ) соли 1993 ташкил шуда аз сершумортарин навъи Қувваҳои мусаллаҳ аст. Қӯшунҳои хушкигард 70 дар сади шумораи умумии Артиши миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Дар ҳайати Қӯшунҳои хушкигард асосан ҷузъу томҳои низомии савораи тирандоз, танкӣ ва артиллерия фаъолият мекунанд. Ҳамасола қисмҳои низомии ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ дар гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мустақилона ва ё дар якҷоягӣ бо ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии мамлакат машқҳои васеи низомӣ доир намуда, омодагии ҷангии худро пайваста сайқал медиҳанд.

Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҲҲ ва МЗҲ ҚМҶТ) аз нахустин навъи Қувваҳои мусаллаҳ ба шумор рафта, он ҳамсолу ҳамқадами Артиши миллӣ мебошад. Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ бошад, нисбат ба Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ҷавон буда, он соли 1994 ташкил ёфтааст. Дар натиҷаи ворид намудани ислоҳоти ҳарбӣ ва бо назардошти ҳадафу вазифаҳои ягона, соли 2005 ин ду навъи Қувваҳои Мусаллаҳ муттаҳид гардонида шуданд. Ҳайати шахсӣ ва ҳавопаймою чархболҳои ҷангии ҚҲҲ аз рӯзҳои аввали фаъолияти Артиши миллии ҷумҳурӣ дар ҳифзи сохти Конститутсионии Тоҷикистони навбунёд аз худ саҳми арзандае гузоштаанд.

Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚЗ ҚМҶТ) моҳи сентябри соли 2003 бунёд ёфта, қувваи асосие, ки ба амнияти минтақавию ҷаҳонӣ таҳдиди хатар мекунад, ин терроризми байналмилалӣ ва экстремизми сиёсӣ аст. Аз ин рӯ, ҳадафи асосии бунёди Қӯшунҳои зудамал ин ҷорӣ намудани усулҳои нави омодагӣ бар зидди ин гуна нерӯҳо ва дар маҷмӯъ зудамал ва қобили ҷангу ҳарб намудани ҳама Қувваҳои Мусаллаҳ аст. Бунёди ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар доираи навсозӣ ва бе зиёд намудани шумораи умумии артиши миллии Тоҷикистон сурат гирифт. Ба ҳайати он ҳама қисмҳои низомии десантӣ, тирандозони кӯҳӣ, қисмҳои таъйиноти махсус, Полки муҳандисӣ-сапёрӣ ва як қатор ҷузъу томҳои дигар шомил гаштанд. Айни ҳол ҷузъу томҳои Бригадаи десантӣ-зарбавии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ ба Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва се баталёни он ба нерӯҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ шомил мебошанд.

Имрўз сокинони мамлакат дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ муҳофизи худро дида, онро сипари боэътимод медонанд. Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки дараҷаи касбияти аскарону афсарон ва вазъи моддию техникии имрўзаи Артиши миллӣ аз рўзҳои нахустини таъсисёбии он ба куллӣ фарқ менамояд.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми хизматчиёнии ҳарбии Ватанамонро инчунин,  ҳамкорони азизро бо фарорасии рўзи Артиши миллӣ, чун яке аз идҳои хеле муҳими кишвар мебошад, табрик ва таҳният мегӯям.

Бигзор ҳамеша сарбаланду хонаобод бошед!

Рухшона Баҳриддинова,

сармутахассиси шуъбаи коркарди адабиёт. 

Барчаспҳо: