Зарфи як сол ба захираи умумии Китобхона бо 32693 нусха китоб илова шуд

Дар соли 2015 -ум 182486 нусха адабиёт ба маблағи  умумии  743804,31  сомонӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид  шуд, ки назар ба соли 2014-ум 142596   нусха  зиёд аст.
Дар ин бора дар ҳисоботи солонаи Шуъбаи такмили адабиёт  сухан меравад.
Ба захираи умумии Китобхона – 32693 нусха ба маблағи умумии  721353,82  сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба соли 2014-ум 6553  нусха камтар аст. Аз ҷумла,  китобҳо – 27784 нусха, маҷаллаҳо – 3104  нусха, рўзномаҳо – 424 нусха,  нашрияҳои давомноки илмӣ - 555 нусха,   нотаҳо - 158 нусха,  маводҳои коркарди гурўҳӣ – 23 нусха, авторефератҳо-300, диссертатсияҳо –87 нусха, дастнависҳо- 63 нусха,  DVD - 132 дона, изографикаҳо  -2  нусха, секограмма - 56 нусха, харитаҳо – 5 нусха.  Ба захираи мубодилавии  эҳтиётӣ – 149492  нусха ба маблағи умумии – 18347,76 сомонӣ, ба захираи байналмилалии  байникитобхонавӣ  –  293  нусха  ба  маблағи  умумии  –  3937,41  сомонӣ  ва  бе  қайд кардан  ба шуъбаҳо  - 8  нусха  ба маблағи умумии -  165,32  сомонӣ ворид карда шуд.
Кормандони шуъбаи такмили адабиёт  3172 нусха (1401 номгўй) китобҳои ҳатмӣ ва 1209 нусха (170  номгўй ) нашрияҳои гуногунро қабул ва сабт кардаанд. Ба шумораи мазкури китобҳо аз рўи таснифоти сол, алифбо ва ҷои нашр барга навишта шуда, сипас ба шуъбаҳои дахлдор ирсол карда шуд.
Дар ҳисобот омадааст, ки 12079  адад  рўзномаҳои обунавӣ ва ҳатмӣ (ҳатмӣ - 5620, обунавӣ - 6459) ба қайд гирифта шуд. Илова бар ин  6641 лифофа ворид шуд. 752 адад маҷаллаи нусхаи ҳатмӣ,  902 адад маҷаллаҳо, 103 нусха китобҳои обунавӣ ва 759 дона маҷалла аз сарчашмаҳои гуногун  муҳр зада, дар феҳристи шуъба ба қайд гирифта шуд.
Аз  ҶДММ «Дониш ДК», аз  нашриётҳои “ Адиб” ва “Адабиёти бачагона”, Институти забон,  адабиёт ва шарқшиносӣ ба номи А. Рўдакӣ, Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик, ЧП  Раҳмонов И.   – 4856  нусха адабиёт  ( аз он ҷумла- 63 дастхат)  ба  маблағи умумии -  356367,71  сомонӣ  харидорӣ ва  ба қайд гирифта шуд.
Аз ҷониби САҲА, Сафоратхонаи Чин, Маликаи Тайланд, “Интрансдорнаука”, “Ройзании фарҳангии Эрон”, СММ (ООН), “Россотрудничество”, Фонди А.С. Пушкин, Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва  иттилоот, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ,  профессорҳо И. Соатов, Наврўзов, аз сарчашмаҳои гуногун ва шахсони воқеӣ – 168629 нусха адабиёт (аз он ҷумла 159844 нусха ба захираи мубодилавии эҳтиётӣ) дар шакли туҳфа ба фонди Китобхона ворид карда шуд.
Аз захираи мубодилаи байналмилалии байникитобхонавӣ тавассути санадҳо – 2111  нусха адабиёт ворид карда шуда,  мавриди коркарди соҳавӣ қарор дода, сипас ба фонди умумӣ фиристода шуд. 
Аз фонди умумии Китобхона бо санадҳои № 688 ва  №689  968  нусха китоб хориҷ карда шуд.
Барои сомонаи КМТ рўйхати электронии адабиёти нусхаи ҳатмии бо забонҳои тоҷикӣ ва  русӣ ба Китобхона воридшуда, ки иборат аз  1014 номгўй аст, омода  карда шуд  Тибқи мактубҳои воридшуда аз ташкилоту ноҳияҳои тобеи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  68635  нусха адабиёти гуногун  аз  захираи мубодилавии эҳтиётии Китобхонаи миллии Тоҷикистон  тавассути санадҳо тақдим карда шуд.
Ба 15966 нусха адабиёти коркардшуда рамзбандии вижавӣ (штрихкод) часпонида шуд.

Барчаспҳо: