Агар зиндаёд Иноят Насриддин зинда мебуд, имсол ба синни мубораки 70 қадам мегузошт. Вале доси аҷал ниҳоли умрашро хеле бармаҳал дарав кард, тобистони гарми соли 2010 аз сактаи қалбӣ, ногаҳонӣ аз олам даргузашт.
Иноят Насриддин адиби хушсавқ, журналисти матинирода, публистист ва дромнависи маъруфи замони худ буд. Вай 15-уми феврали соли 1946 дар рустои Посурхии ноҳияи Бойсуни вилофти Сурхондарёи Узбакистон дида ба олам кушодааст.
Шуъбаи илмӣ – тадқиқотии Китобхонаи милли Тоҷикистон ба муносибати ҳафтодумин солгарди нависанда ва рӯзноманигори шинохта бо номи “Иноят Насриддин нависандаи даврони мо” тавсияҳои методие омода кардааст, ки дар поён мехонед. Вале қабл аз он хостем шуморо бо суханоне чанде аз дӯстон, ҳамқаламон ва ҳамкорони Иноят Насриддин, ки ҳафтаномаи “Чархи градун” дар таҳияи Лолаи Саидакбар пештар чоп карда