Сангҳои гаронбаҳои Бадахшон
Гар санг ҳама лаъли Бадахшон будӣ,
Пас қимати лаълу санг яксон будӣ
Саъдӣ
Сангҳои гаронбаҳои Бадахшон ҳанӯз аз қарнҳои бостонӣ диққати оламиёнро ба худ ҷалб мекарданд ва лаълу лоҷвардаш дар бозорҳои Шарқ на танҳо ба нархи тилло, балки бештар аз он арзиш доштанд. Таваҷҷуҳ ба сангҳои гаронбаҳои кӯҳистони мо дар давраи Шӯравӣ зиёдтар гардида дар баробари истихроҷи конҳои қадимаи лаълу лоҷвард боз дгар навъи сангҳои қиматбаҳо низ кашф гардиданд. Дар байни онҳо ёқут, аметист, амазонит, топаз, булӯрӣ, сиёҳӣ, санги сутун, мармарҳои рангин, забарҷад ва ғайраҳо ҷои намоёнро гирифтанд, ки аз онҳо бошад имрӯз дар коргоҳи саноатии «Лаъл» ва сангкоркунии Даштак тайёр карда ба ҷумҳурӣ ва дигар шаҳрҳои хориҷӣ ба фурӯш баровардаанд. Ин ҷо мехоҳам дар бораи якчанд сангҳои гаронбаҳои Бадахшон маълумоти мухтасар диҳам.
Лаъл. Дар қадим ва баъдтар дар қарнҳои миёна ҳам лаълро ба ёқут нисбат додаанд. Лаъл аз рӯи ранги сурхаш ба ёқут монанд буд ва танҳо асрҳои охир ӯ дорои номи худ дар байни сангҳои дигар ҷавоҳир гардид. Аз сабаби он, ки лаъл асрҳои тӯлонӣ ёқут ҳисоб меёфт, танҳо пас аз ёфт шудани кони калони лаъли Бадахшон дар асри 7 омӯхтани хосиятҳои физикию химиявии он муяссар гардид. Лаъл як навъи санги конӣ буда, нисбат ба ёқут мулоимтар ва ба оташ тобовар мебошад. Ҳангоми тафсонидан аввал ҷигарранг, баъд сиёҳтоб шуда, баъди сард шудан ранги аввалаашро мегирад. Ёқут бошад навъи сурхи корунд (корунд - навъи маъдани бисёр сахт, санги сахт) буда, ба оташ тобовар нест. Хусусияти муолиҷавӣ, рамзӣ ва соҳирии он бо ёқут якхела буд. Вале сарфи назар аз ҳамин ин лаъл дорои хусусиятҳои хоси худ мебошад. Ривоятҳое мавҷуданд, ки агар дар гардани касе мӯҳраи лаълдор бошад ӯ аз дарди дил эмин мегардад. Лаъл дар Помири Ҷанубу Ғарбӣ (кони кӯҳи Лаъл) мавҷуд аст.
Ёқут. Сангест қиматбаҳо ва камёб. Он ҳамчун навъе аз корунди асил бо алмосу зумуррад дар як қатор меистад ва ҳарчанд аз алмос дида ҷилояш камтар буда, новобаста аз ин ба ҳеҷ ваҳҷ қиматашро паст намекунад.
Ёқути асил аслан гуногунранг аст: шаффоф, сурхи тобон, норинҷӣ, гулобӣ, сабз, зард мебошад. Ин санг аз рӯи дараҷаи сахтӣ баъди алмос дар ҷои дуюм меистад, вале аз алмос дида хеле камёб аст. Аз ин рӯ, ёқутҳои ҳаҷман калонтар танҳо мол ва ифтихори музейҳои калонтарини ҷаҳон мебошанд.
Лаъли Бадахшон солҳои тӯлонӣ дар ҷаҳон ҳамчун ёқут шӯҳрат пайдо карда, аз он маҳсулоти заргарӣ офаридашуда баробари маҳсулоти аз ёқут омодашуда арзиш дорад. Бадахшони мо бо сангҳои аслии худ беш аз пеш ном баровард ва таваҷҷӯҳи оламиён ба ин диёри кӯҳсор ва боигариҳои зеризаминии он боз ҳам дучанд мешуд. Чор санги асиле, ки хориҷиён барои ба даст овардани онҳо кӯшиши зиёде доштанд. Дар Аврупо лаъли Бадахшон ҳамчун ёқути сурх ва гулобӣ мақбул ва машҳур буд. Бояд қайд намуд, ки Бадахшон ин авалин макони кони ёқути соф мебошад.
Амазонит. Ё худ ҳаҷар-ал-қамар сангест дорои ранги сабзу гулобӣ Мувофиқи ривоятҳо гуё санги амазон нахустин маротиба дар соҳилҳои дарёи Амазон ёфт шуда аз ин сабаб онро санги Амазон ном мондаанд, вале дар асл ин тавр нест. Санги амазонӣ бо ранги гулобии худ диққати одамонро дар замонҳои хеле қадим ба худ ҷалб кардааст ва аз он бошад устодони Мисри бостонӣ бозубанд сохтаанд. Ранги сабзи санги амазонӣ то ба имрӯз барои инсон сеҳрнок мемонад. Ин сеҳр аз он иборат аст, ки агар ин сангро дар ҳарорати аз 300 дараҷа боло гарм кунӣ, ранги сабзаш гум мешавад ва баъд агар дар ҷои торик ва хунук монӣ чанд муддат пас аз нав барқарор мегардад.
Конҳои санги амазонӣ дар ИМА, Канада, Мадагаскар, Бразилия, Хитой ва Ҳиндустон мавҷуданд. Вале дар ҷумҳурии мо бошад кони ин санг дар ВМКБ дар ноҳияи Мурғоб кашф шудааст.
Аметист. Санги нодирест аз гурӯҳи булӯр. Рангаш аслан бунафш ва нилӣ. Вале аметист дорои дурахши рангҳои сабзу бунафш, нилии баланд ва шаффофу сурхранг низ бисёр во мехӯрад. Аметист ҳанӯз аз замонҳои қадим маълуму машҳур буд ва чун санги ороишӣ дар заргарӣ, истифода мешуд. Дар давлатҳои Чин, Юнон ва Рум аз ин санг қадаҳҳо, мӯҳра ва дигар ашёи ороишӣ месохтанд. Дар асрҳои миёна бошад, нисбат ба аметист дар Шарқу Ғарб аҳли дин низ мароқи калон зоҳир мекунад ва бо он на танҳо либоси рӯҳониён ва ашёҳои калисову мӯъбадҳоро зебу зиннат медиҳад, балки аз он барои ангуштарин нигин месозанд, ки чунин ангуштарин гӯё рӯи занонро аз пайдошавии ожанг нигаҳ медорад.
Аметист мувофиқи фаҳми мардумони қадим санги басо асрорангез аст. Дар китобҳои қадима навишта шудааст, ки аметист мастиро аз одам рафъ мекунад, фикрро саҳеҳ ва дар корҳо барор меоварад. Мувофиқи яке аз ҷадвалҳои ситорашиносон, аметист тақдирҷунбони одамоне мебошад, ки моҳи Ҳут (19 феврал – 20 март) таваллуд ёфтаанд. Агар онҳо ин сангро чун бозубанд ва ё ангуштарини нигини аметистдорро бо худ дошта бошанд, ба онҳо ҳеҷ гоҳ осебе намерасад.
Дар якчанд ноҳияи Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Бадахшон низ ин санг вуҷуд дорад. Коргохи саноатии «Лаъл» дар баробари дигар сангҳои асили Бадахшон чанд соли охир аз аметист низ шаддаву ҳамел сохта ба фурӯш мебарорад.
Таҳияи мутахассиси шуъбаи
адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар
Имомназарова Оинамо
Адабиёти истифодашуда:
1. Энциклопедияи советии тоҷик. – Душанбе, 1981. – С. 608.
2. Сангҳои гаронбаҳои Бадахшон. – Душанбе: Хоруғ, 1992.
3.Лаъл.
4. Ёқут
5 Амазонит
6. Аметист
Таҳияи Оинамо Имомназарова
мутахасиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар.