Баҳси забони модарӣ дар як ҳамоиши Китобхонаи миллӣ

Бештар аз 60 нафар донишмандону муҳаққиқон, рӯзноманигорон ва донишомӯзон бо ширкат дар як ҳамоиш дар Китобхонаи миллӣ масъалаҳои забони модариро баҳс карданд. Ин нишаст баъди зуҳри имрӯз бо номи “Фарҳанг гавҳари миллат аст” доир шуд ва ба “Рӯзи байналмилалии забони модарӣ” бахшида шуда буд. Дар сухани ифтитоҳии худ Директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Назарзода забони модариро муҳимтарин муқаддасоти ҳар миллат номид ва гиромидошти онро барои инсонҳо муҳим арзёбӣ кард. Вай гуфт, ки забон сутуни фарҳанг аст, забон илм аст, дониш аст ва ҳатто фаротар аз ин ҳама аст. Дар ин нишаст ширкаткунандагон атрофи 6 маърӯза баҳс карданд. Аз ҷумла, номзади илми филология, дотсент Зўҳро Холиқова дар мавзўи «Нақши забони русӣ дар ҷомеаи навини тоҷикон», доктори илми филология, профессор Сулаймон Сайидраҳмонов дар мавзўи «Робитаҳои фарҳангии арабу аҷам», профессор, доктори илми филология Парвона Ҷамшед дар мавзўи «Мавқеи забони инглисӣ дар шароити ҳозира», номзади илми филология Зарина Раҳматуллоева дар мавзуъи «Сайри гули Истиқолол» суханронӣ карданд. Ҳамрохон Дўстов, директори Маркази Конфутсий дар Тоҷикистон ҳозиринро бо Маркази Конфутсий чун меҳвари ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин ошно кард. Ҳамчунин, Мамадназар Ғафуров муовини сардори шуъбаи адабиёти хориҷии Китобхонаи миллӣ зери унвони «Мавқеи забони олмонӣ дар ҷомеаи ҳозираи Тоҷикистон» маърӯза хонд. Дар охир, мубодилаи афкор миёни иштирокчиёни нишаст сурат гирифт.