Бистуҳашт нафар донишомӯзони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо масъулини Маркази такмили ихтисос мулоқот карданд. Дар ин дидор кормандони марказ ба донишҷўён Қарори суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси пешниҳоди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба муайян намудани мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонун)...
Дирӯз роҳбарону кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар атрофи Китобхона чандин бех ниҳол шинонданд ва бо ин васила аз фарорасии баҳори сабз истиқбол карданд. Ин маърака, ки дирӯз бо ҳузури Пешвои миллат, Асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикитон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуд, дар сар то сари кишвар чун паёми аввали баҳор дастгирӣ ёфт ва ҳамвора хабару гузоришот аз гӯшаву канор мерасанд, ки ривоятгари истиқболи гарми...
Бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ, баъд аз зуҳри рӯзи 18-уми феврал дар “Ошёни булбулон”-и Китобхонаи миллӣ бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ мулоқоти афсарон ва сарбозон бо ҷавонон зери унвони «Ватанро посбонем» доир гардид. Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар сухани ифтитоҳии худ зимни табрики сарбозону афсарон ба фархундарӯзи Артиши миллӣ, артишро як рукни муҳими