Мулоқоти шавқовар бо афсарону сарбозон дар остонаи рўзи Артиши миллӣ
Нашр шуд 2016-02-19 10:54
Бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ, баъд аз зуҳри рӯзи 18-уми феврал дар “Ошёни булбулон”-и Китобхонаи миллӣ бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ мулоқоти афсарон ва сарбозон бо ҷавонон зери унвони «Ватанро посбонем» доир гардид. Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар сухани ифтитоҳии худ зимни табрики сарбозону афсарон ба фархундарӯзи Артиши миллӣ, артишро як рукни муҳими Истиқлолияти давлатӣ номид ва гуфт, ки ҳифзи Ватан ва музаффариятҳои истиқлолият ба зиммаи сарбозони шуҷоъ аст. Сайфиддин Назарзода ҳамчунин иброз дошт, дар чунин замоне, ки оламро хатарҳои гуногуни амниятӣ таҳдид мекунанд, Тоҷикистон чун ҷузъе аз ин олами нором аз ин гуна таҳдидҳо эмин нест. Аз ин рӯ ба ҳар сокини кишвар ва бахусус ба сарбозон ва афсарони артиш ва дигар сохторҳои қудратӣ зарур аст барои дифоъ аз тамомияти арзии кишвар ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд. Вай ҳимояи Вантаро қарзи шаҳрвандии ҳар сокини он донист. Ҳамзамон бо ин Директори Китобхонаи миллӣ ҷавононро ба омӯзиши илм ва хондани китоб даъват кард. “Ин китоб аст, ки ҳисси ватандӯстӣ ва миллатпарастиро дар инсон бедор мекунад ва поянда нигоҳ медорад”,- гуфт ӯ. Полковники Сарраёсати Қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исуфалихон Шарипов оид ба ҳаёту фаъолияти сарбозон маърўза намуда, аз рушду нумўи қисмҳои низомӣ ва аз рангорангии ҳаёти сарбозони кишвар қисса кард. Исуфалихон Шарипов дар муроҷиат ба сарбозони ҷавон ва ҳамаи ширкаткунандагон гуфт, ки бештар машқу тамрин намоянд, донишҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва низомии худро баланд бардоранд. Вай хизмат ба Ватанро қарзи ҳар шаҳрванд донист. Муҳаммадиқбол Атоев, мудири шуъбаи матбуоти даврӣ зимни суханронӣ, ҷавононро такид намуд, ки шукронаи Истиқлолияти кишвар намуда, барои ин кишвар хизмат намуданро фаромўш насозанд. Ҳамчунин, ба ҷавонони дар толорбуда рў овард: “Шумо ҷавонони хушбахт ҳастед, ки дар фазои орому осоиштаи кишвар ба воя расидаеду имрўз зиндагӣ мекунед, аммо хандаву бозии даврони кўдакии мо қурбони ҷанги шаҳрвандӣ гашта буд. Ба ҳамин хотир, имрўз, ки шумо дар фазои орому осоишта зиндагӣ доред, бояд пеш аз ҳама ин неъмати бузургро қадр намоед». Дар қисми дуюми чорабинӣ дастаи ҳунармандони “Марзбон”-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон як барномаи кутоҳи консертӣ иҷро намуд ва хотири ширкаткунандагонро шод сохт.