Чаро Ҷалол Икромӣ Фотеҳ Ниёзиро танқид карда буд?

Ин мақолаи устод Ҷалол Икромӣ соли 1947 дар “Шарқи Сурх” чоп шудааст. Аслан он тақриз ба аввалин китоби нависандаи ҷанговар Фотеҳ Ниёзӣ аст. Мақола паҳлуҳои гуногуни аввалин нигоштаҳои адиби ҷавонро ба риштаи таҳлил мекашад. Дар зимн Ҷалол Икромӣ чун як навсандаи аллакай баркамолу маъруф баъзе ҳикояҳо, тасвирҳо, ибораҳои адибро ба боди интиқод мекашад. Маълум нест, ки Фотеҳ Низзӣ ба ин тақриз посухе додааст ё на. Аммо мақоларо ба он хотир бозчоп мекунем, то маълум гардад, ки дар гузашта адибон иштибоҳоти ҳамқаламони худро  то куҷо саҳеҳу дақиқ ифшо ва барои рафъи камбудиҳо маслиҳатҳо медоданд.

Инак мақола:  

Ҷ. ИКРОМӢ. ИНТИҚОМИ ТОҶИК

Соҳаи насри тоҷик боз ба як кадри хушистеъдоди нав соҳиб шуд. Ба майдон баромадани ин маҷмўаи аввалини Ф. Ниёзӣ ба мо умедҳои  калон мебахшад ва нишон медиҳад, ки дар оянда ба кори пеш бурдани насри тоҷик, дар кори ба майдон овардани асарҳои сазовори асрамон, аз ин нависанда хизматҳои шоён  чашм доштан мумкин аст.

Соҳаи насри имрўзаамон, ки нисбатан дар қафост, диккат ва кори зиёдеро талаб мекунад. Ҳоло дар назди нависандагони Тоҷикистон як имтиҳони бузург истодааст. Ин ҳам бошад – гузаронидани шабҳои адабӣ ва намоиши адабиёти тоҷик дар Москва аст. Бомуваффақият гузаштани ин имтиҳон ба дараҷаи  маълуме ба муваффақияти насри мо вобаста  аст. Зеро ки дар соҳаи назм ҳоло мо каму беш асарҳо дорем ва метавонем ба хонандаи  Москва аз он асарҳо пешкаше созем. Вале аз наср – аз роман, повесть ва ҳикояҳо; хусусан  аз асарҳои  нави баъд аз ҷанг навишташуда ва ҳаёти имрўзаро, қаҳрамонҳои имрўзаро тавсир мекардагӣ асарҳо пешкаш кам дорем. Умуман насрнависонамон хеле каманд ва ба ғайр аз  устод С. Айнӣ, дигарон хеле камҳосиланд. Бо ин дастмоя ба бозори бузурги адабиёт баромада пешқадамтарин хонандаи  мамлакатамон – хонандаи шаҳри Москваро мамнун карда наметавонем.

Ин аст, ки дар соҳаи наср ба майдон баромадани Фотеҳ Ниёзӣ барин ҷавони боистеъдод хурсандиовар аст.

Хонандаи тоҷик Фотеҳ Ниёзиро фақат дар наср дидааст. Вале ў пеш аз ин ба адабиёт бо  шеър – бо шеърҳои ўзбекии худ қадам монда аст. Шеърҳои ўзбекии ўро то ба имрўз ҳам дар саҳнаҳои мо месароянд ва маълум, ки дар ин соҳа иқтидор ва қобилияте доштааст. Лекин дар ҳамин 7 – 8 соли охир вай ба наср ба насри тоҷикӣ гузашта аз очеркнависӣ сар карда, дар ин роҳ кадам гузоштааст. Бинобар он аст, ки дар забон ва ифодаи ў ҳанўз хомигариҳо дида мешавад.

Ҳикоя ва очеркҳое, ки ба маҷмўаи «Интиқоми тоҷик»  дохил шудаанд, асосан ба ҳамин мавзўъ – ба интиқом, ба ҷанг бахшида шудаанд. Қаҳрамонони ин очеркҳо бештар ҷанговарони тоҷик мебошанд, ки бо ҳамроҳи дигар бародарони худ – рус , ўзбек, қазоқ ва ғайра ватани азизамонро аз ҳуҷуми фашистони немис мудофиа кардаанд. Аксарияти ин қаҳрамонҳо  дар ҷангҳои сахт, дар мушкилӣ ва азоб нотарсида, далерона мубориза бурда, ба душман ғолиб мешаванд, интиқом мегиранд. Як қисмашон дар роҳи Ватан қаҳрамонона ҷангида ҷон медиҳанд ва кори онҳоро рафиқонашон пеш бурда, аз душман интиқом мегиранд. Дар ин очеркҳо дўстии сталинии халқҳои ватанамон низ мавзўи асосӣ шуда  дохил шудааст. Аз ҳикоя ва очеркҳо равшан намуда истодааст, ки  нависанда мехоҳад далерӣ, қаҳрамонӣ, фидокориҳои ҷанговарони тоҷикро нишон  диҳад, дўстии вайроннашавандаи халқҳоро тасвир  кунад ва ҳак будани кори моро, албатта ғолиб шудани моро кайд кунад… Ин аст мавзўъҳои  асосии нависанда.

Фотеҳ ин мавзўъҳоро содикона, аз таҳти дил ва дўст дошта навиштанӣ шудааст. Аз сатрҳои ин очеркҳо бўи садокат ва муҳаббат  омада меистад ва маълум, ки нависанда каҳрамонаш, халкаш, ватанашро  беандоза дўст дошта, ба душманон кину адовати беинтиҳо  дорад.

Дар маҷмўаи «Интиқоми тоҷик» ҳамагӣ  ёздаҳ ҳикоя  ва очеркҳои фронтии нависанда, ки аксари онҳо оид ба солҳои 1942 ва 1944  мебошанд, дохил шудаанд. Ин асарҳоро, қисман мо дар саҳифаи газетаҳои  марказиамон, дар вақташ хонда будем ва гумони мо ҳамин буд, ки нависанда баъд аз чоп кардани асараш фикри хонанда ва мунаққидҳоро гирифта, он чизҳоро боз ҳам ислоҳ мекунад ва камбудиҳояшонро ба ҳадди имкон нест карда, баъд ба маҷмўъ дохил мекунад. Вале ҳоло чӣ тавре ки мебинем, нависанда ин корро накардааст ва муҳаррир ҳам асарҳои дар соли 1942 навишташударо аз назари танқиди  имрўза нигоҳ накарда, гузаронида фиристодааст.

Камбудии асосии нависанда дар он аст, ки ҳикоя ва очеркҳои  маҷмўаи вай шакли муайяни  ин номҳоро ҳанўз  нагирифтаанд: ҳикоя ба  очерк монанд; очерк ба ҳикоя монанд шудааст. Дар ин ҳикоя ва очеркҳо зинда ва мароқоварро кам меёбед, аксарияти типҳо схематикӣ, қаҳрамони тайёр ва дар баъзе мавридҳо ғайритабиӣ афтодаанд. Аммо хонандаи имрўза одамони зинда, қаҳрамонҳои қавиирода ва соҳиби дили бузургро дидан мехоҳад. Халқи мо дар  рафти ҷанг ҳамеша аз хабарҳои Бюрои информационии советӣ воқеаҳои ҷангро дониста истод ва ба ин кори бузург иштирок карда ба ғалаба ноил гардид. Акнун вай нуқтаҳои нозуки ин ғалабаро донистан мехоҳад, акнун вай корнома, мубориза ва ҳаёти он касонеро донистан мехоҳад, ки бо ҷону тани худ ин ғалабаро таъмин кардаанд. Нависанда, хусусан нависандаи дар фронт буда мебоист ҳамин нозукиҳоро, ҳамин ҷоҳои норавшанро кушода партояд… Вале ин дар ҳикоя ва очеркҳои «Интиқоми тоҷик»  нест ва ё хеле кам аст.

Камбудӣ ва норасогии дигари ин маҷмўа дар ифодаи ўст. Вай гоҳо чунон ғарки хаёлоти худ мешавад, ки қаҳрамонҳояш ба корҳои ғайритабиӣ ва кирдорҳои номумкин машғул шуда мераванд ва худаш аз ин бехабар мемонад…

Ба госпитал ҷанговари маҷрўҳро меоранд, ки аз панҷ ҷои баданаш тир хўрдааст. Ҷарроҳ Чугунов чор соат зўр зада аз бадани ў тирҳоро дур мекунад ва ҳамаи яраҳояшро мебандад. Баъд ба кабинет меравад, ки ба ў хат омадааст. Хатро хонда, вай ба ҳаяҷон меояд ва ҳамшираи шафкатро дошта ба ҳикояи дуру дароз сар мекунад. Аз ҳикояи ў маълум мешавад, ки вай як писархонде доштааст ва ҳоло он писархонди ў дар ҷанг сахт ярадор шудааст, акнун ў доктор қарор додааст, ки бояд вай ўро  ёбад. Дар ин дам ҳамшираи дигар  омада ҷарроҳро ба назди бемор меорад ва ин дафъа писархондаш будани он беморро медонад. Мазмуни ҳикоя ҳамин, вале ин мазмун чунон суст ва ғайритабиӣ дода шудааст, ки кас ба кирдоҳои профессор ҳеҷ бовар карда наметавонад. Фотеҳ ҷанговари маҷрўҳро хеле дағал ва бемаданият карда нишон додаст:

   «- Магар забонатро ору  гузидааст, ки гап  намезанӣ. – Мегўяд вай ба профессор. Ин тарзи гуфтугўи ҷанговари советӣ не, ин аз доираи  одоб берун аст. (Ҳикояи «Писари ман»).

Ё ки дар «Қасоси додар» ном ҳикоя қаҳрамони асар корҳои рустамона карда, худро ба қаҳрамони афсонавӣ монанд мекунад. Сад тир расад ҳам, вай намемурад, аз ҳар азобу машаққат мегузарад, ҳатто дар вақти гўр ковонда парронда истодан аз дасти солдатҳои  немис гурехта халос мешавад. Ин ҳодисаи ғайритабиӣ, ин кирдорҳои рустамона қимати қаҳрамонро, қимати асарро паст мекунад ва хонанда  ба ин бовар намекунад.

Ин рост аст, ки дар Ҷанги бузарги Ватанӣ ҷанговарони мо қаҳрамониҳои  хориқулъодда  нишон доданд, барои Ватан, барои халк ва номўс ҷону тани худро дареғ надоштанд. Вале ин кирдор ва корномаи онҳоро дода тавонистан  ҳунар аст. Ҷанговаре, ки дар зери  пои худ гранатаро  метарконад, намемураду ба дасти  душман асир  меафтад. Баъд аз ба ҳуш  омаданаш немисҳо аз вай гап мепурсанд ва чизе нагуфтани ўро дида боз қин мекунанд ва  азоб медиҳанд. Ниҳоят ба дасти ў  бел дода, мефармоянд, ки гўри худро кобад ва ҳол он ки немисҳо мурдаи одамони моро қасдан гўр накарда мемонанд. Ана  дар ин ҷо аз ҳамин кадар азоб ва таркиши граната номурда халос шудагӣ йигит, немисҳоро бо бел зада афтонда худаш чандин чақримҳо пиёда мегурезад ва дар қарибии ҷангал ярадор шуда, охир дар ҷангал баъд аз навиштани хати  дурмадароз, афтода ҷон медиҳад. (Ҳикояи «Қасоси додар»).

 Ин хел тасвир кардани қаҳрамон қимати асарро мефарорад ва ба хонанда чизе дода  наметавонад.

Дар «Байрақ» ном ҳикоя нависанда воқиаро аз «хуфтан» сар мекунад, вале коре  накарда «дар зери ғурриши тўпҳо субҳ» ро равшан мекунад. Чаро? Модоме ки кору зор аз субҳ сар мешавад, ба хонанда чи ҳоҷат, ки дар хуфтан қаҳрамони ҳикояро бинаду бо вай дар корҳои  майда-чуйда овора шуда гардад. Кошки ин корҳо ба рафти ин ҳикоя дигаргуние дароранд, ё ки алоқаи мустаҳкаме дошта бошанд. Монанди ҳамин, дар ҳикоя ва очеркҳо гапҳо ва тасвиротҳои барзиёд бисъёр аст. Фотеҳ дар баъзе ҳикояҳояш чунон воқиаҳоеро тасвир  мекунад, ки ҳатто одамони ҷангро надидагӣ ва аз илми ҳарбӣ бегона эътироз карда метавонанд: масалан дар «Руймолча» ном ҳикоя  ҷанговари тоҷик Сафар дар канори Волга қадам зада фикр мекард, Гитлерро ҳақорат медиҳад, ки вай ҳаёти осудаҳолонаро вайрон карда аст. Баъд аз вакилони Бошқирдистон тўҳфаи халқи бошқирро мегирад. Рўзи дигар  ба ҳуҷум сар мекунанд. Вай барои таркондани дзоти душман меравад ва қарор медиҳанд, ки баъд аз иҷрои вазифа сигнал диҳад. Лекин дар пеши назари шариконаш рафта вазифаро иҷро  карда, ба хавфу хатар монад ҳам касе  пеш намеравад, то ки вай рўймолчаи  ҳадья гирифтаашро ба хуни худаш ҷўлонда боло накунад. Баъд вакте, ки ҷанговарон ҷангида пеш мераванд ва душманро чанд қадам дур  мепартоянд. Сафарро мурда меёбанд ва дар сари қабри ў нутқ мекунанд… Дар ин ҷо суол меафтад: чаро шариконаш дидаистода дар вақташ ба  ёрӣ нарасиданд? Чаро дар айни гармии ҷанг  онҳо ба нутқ сар карданд? Оё  рўй додани ин  ҳодиса мумкин аст?

Баъзан қаҳрамони вай «рўзона бо тўп лонаи фашистонро торумор кунад, шабона ба разведка баромада, душманро бесарамҷон мекунад», «немисҳоро тўда-тўда хоку туроб карда», «чашмони хунҷўшидаашон ҷандин рўзҳо як чирм хоб намебинад». Нависанда немисҳоро ба «яъҷуҷ ва маъҷуҷ» монанд мекунад ва баъзан қаҳрамонҳояш «ҷонашро ба каф  гирифта ба пеш қадам монад», баъзан аз тиру оташ «мижа ҳам намезанад» (ҳикояи «Аҳд ва вафо»).

 Ҷанговарони маҷрўҳ дар госпиталҳо ҳамин, ки ба ҳуш омаданд, ба ҳикоягўӣ сар мекунанд ва монда нашуда чунон бисьёр гап мезананд, ки ҳикояи нависанда ба охир мерасид ( ҳикояи «Ҳаққи хун».)

Аз ҷиҳати ифода ва кор фармудани мақол ва  шеърҳо ин очерк ва ҳикояҳо камбудиҳои зиёд доранд. Масалан ба ҷои «байрақро кушо» - «байрақро паҳн кун» ба ҷои «саросема» - «саросемавор» ё ки чунин ифодаҳо: «дар тани  ҷавонаш хуни ғайрат мисли чашмаҳои мусаффои  кўҳсорони тоҷик ҷўш мезанад», «чун ситораҳо равшан ва пурнуранд», «дар милки чашмони вай ҳам об медавид», «ба рухсори писар хуни шарм давид», « насими субҳи июн» (ҳикояи «Аҳду вафо»).

Дар ҳикояи «Қасоси додар» қаҳрамони асар дар иҳота мемонад. Немисҳо аз ҳар тараф печонида гирифта наздик омадаанд ва ў як гранатаро барои пора кардани бадани худаш  гирифта мондааст. Ана  дар ҳамин тавр маврид нависанда ҷўш зада рафта чунин менависад: «Ман дар ин дақиқа ин ғазале, ки бо ту солҳои ятимӣ, дар вақти чарондани подаи кулак Неқадамбой месурдем, ба хотир овардам: 

Лаънат ба касе, ки аз ватан канда шавад.

Афтад ба ғарибию ба кас банда шавад…

Маълум, ки Фотеҳ гуфтан мехоҳад: “қаҳрамон  ва баъд гранатаро ба зери поям таркондам, асир ва банда шудан» нохост. Вале ин ду мисраи маълум ва машҳури «Ғарибӣ» ном  шеъри  халк дар ин ҷо ба ҷояш наафтидааст, мақсади нависандаро кас  дарҳол намедонад ва шубҳаҳои  ноҷоиз ба миён меояд. Зеро ки гўяндаи халқ, ки дар ғурбат ва мусофирӣ азоб  кашидааст, ба ҳоли худ лаънат фиристода гуфтааст, ки

Кўлоб будам оби ширин мехўрдам.

Баргашта маро  ба оби талх овардӣ…

Ин аст ки дар кор фармудани шеър ва порчаҳои дигар устокорӣ лозим аст, то ки он ба ҷояш афтад ва ба матни ҳикоя мантикан часпад.

Дар як ҷо нависанда «бозубанд» - ро ба гардани қаҳрамонаш меовезад ва ангуштаринро  тақдим кунонда мегўяд:

« - Нинаки  ин чашми ман (?) аст, ки ҳамеша шуморо ба назар дорад…»

Ё ки: «Ба душман чунон зарбаи обу нонӣ додем, ки…» (Ҳикоя «Дидор»).

«Дар чашмонаш мисли донаҳои ёқут (?) ашк пайдо шуд…» (Ҳикояи «Писари ман») басии таъбирҳо ва ҷумлаҳо нишон медиҳад, ки  нависанда дар кор фармудани калимаҳо ва ҷумлаҳо беэътиноӣ кардааст ва  диққат накардааст, ки «зарбаи обу нонӣ» гуфтанӣ таъбир нест ва  оби чашм ба ёқут, ки сурх аст, монанд нест.

Дар «Интиқоми тоҷик» аз ин тавр мисолҳо бисьёр ёфт мешавад, вале мо бо ҳамин кифоя карда, бояд қайд кунем, ки дар вақти ба чоп  рухсат додани ин китобча муҳаррир рафиқ Улуғзода метавонист як қисми ин нуқсонҳоро нест кунад ва асареро, ки нависандаи ҷавон  онро се сол пеш аз ин супурдааст, дар соли  1947 қадаре ислоҳ карда барорад.

«Интиқоми тоҷик»  аввалин асари нависанда аст. Бешубҳа, кори аввал аз камбудӣ холӣ намешавад. Ислоҳ ва такмили ин нуқсонҳо, дар оянда такрор карда нашудани онҳо имкон медиҳад ки рафиқ Ф. Ниёзӣ асари навбатии худаш – повести калонашро  мувофиқи талаби хонандаи имрўзаи мо навишта барорад.

“Шарқи Сурх”, 1947,  №8                          

Таҳияи Фирӯза Маҳмадҷонова, мутахассиси Маркази такмили ихтисососи Китобхонаи миллӣ