Нақши китоб ва китобхона дар таҳкими сулҳ ва Ваҳдати миллӣ

Бист сол мегузарад аз он рӯзе, ки дар Маскав пойдевори сулҳи тоҷикон гузошта шуд ва тӯли ин бист сол Тоҷикистон марҳила ба марҳила пояҳои Истиқлолияти худро мустаҳкам кард. Дар таҳкими ин сулҳи пойдору  Ваҳдати миллӣ китобу китобхона чӣ нақше доштанду доранд?
20 сол пеш дар шаҳри Маскав мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди нерўҳои мухолифини тоҷик «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ»-ро имзо карданд. Ин рӯйдоди муҳим 27-уми июни соли 1997 иттифоқ уфтод ва аз он сол баинҷониб ин рӯзи таърихи чун рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мешавад. 

Имзои ин санади муҳим ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, мамлакатро аз таҳдиди нестшавӣ, мардумро аз парокандагӣ нигоҳ дошт ва ба диёри мо сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳоким шуд. Марҳалаи навин дар таърихи Тоҷикистон – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ва рушди онҳо оғоз гардид.  

Ҷанги бемаънии бародаркуше, ки дар Тоҷикистон бо "фаъолият"-и ифротгароёни дохилӣ ва дахолати нерӯҳои иртиҷоии хориҷӣ ба вуқӯъ пайваст, ба ҷуз талафоти андӯҳовари ҷонӣ ба кишвари азияткашидаи мо боз дар ҳаҷми даҳ миллиард доллари амрикоӣ зарари моддӣ расонид.

Вобаста ба ин, дар яке аз суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки «Даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекўшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад».

Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро дар Тоҷикистон мардум бо хушнудӣ ва боварӣ ба ояндаи нек пазируфтанд. Мардум аз хушнудӣ ашки шодӣ мерехтанд.

Табиати сулҳҷуёна ва характери миллии тоҷикон, ки ҳамеша ба гузашт ва созиш моил аст, агарчи дар таърихи гузашта боиси аз даст додани манфиатҳои ҳаётӣ шуда буд, ин дафъа барои дарки манфиатҳои умумимиллӣ мусоидат кард, як навъ дурандешӣ ва хирадмандиро ифода мекард.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид.

Сулҳи ба даст омада, натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофарини миллати точик ва иродаи неки ҳарду ҷониб буд. Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад.

 Моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас – ваҳдати миллиро пос нигоҳ дорем, ба қадри он бирасем ва ҷавонони ватандўсту ватанпарвар, ташаббускор, созандаю эҷодкорро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.

Ваҳдати миллӣ ин фазои оромиву осуда ва зиндагии тинҷу беолоиши сокинони кишвар буда, барои ҳар як фарди ҷумҳурӣ чун боду ҳаво лозим аст.

Имрўз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлолияти давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд.

Бесабаб нест, ки баррасии дастовардҳои сулҳи тоҷикон мавриди омўзиши амиқи на танҳо коршиносони алоҳида, балки институтҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон қарор гирифтааст, онҳо таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомўзанд ва онро ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофарини байналмилалӣ  арзёбӣ мекунанд.

Барои ҳифзу таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарғиби сулҳи тоҷикон нақши китобу китобхона басо бузург аст.

Китобхонаҳо дар робита бо тамоми ташкилоту муассисаҳо, марказҳои эҷодию илмӣ-таҳқиқотӣ, созмонҳои давлатию ғайридавлатӣ вазифадоранд, ки дар тарғиби таҷрибаи беназир ва ибратомўзи сулҳи тоҷикон, арзиш ва ғояи ҳифзи он саҳм гузоранд. Тавассути созмондиҳӣ ва баргузории силсилаи чорабиниҳои муҳими тахассусӣ, аз қабили конфронсу семинарҳо, вохўриву мизҳои мудаввар, сўҳбату ҳамоишҳои илмӣ, намоишҳои китоб ва таҳияю интишори дастурҳои методиву библиографӣ насли имрўзаро ба нерўи созандагӣ, ташаккули ифтихор аз меҳнату миллати хеш, эҳтирому пос доштани якпорчагии Тоҷикистон даъват намоянд. Китобхонаҳо вазифадоранд, ки баҳри бедор кардани ҳисси худшиносию меҳанпарастӣ ва ташаккули созандаву ахлоқи ҳамидаи мардум бештар усулу равишҳои наву самарабахши корҳои фаҳмондадиҳиро мавриди истифода қарор диҳанд.

 Дар бойгонии Китобхонаи миллии Тоҷикистон китобҳое зиёде ҳастанд, ки аз роҳи расидан ба оштии миллӣ ҳикоят мекунанд, дар маҷмуаҳои дастаҷамъӣ шояд садҳо шеъру ҳикояву мақолае гирд омадаанд, ки аз ҷангу сулҳ ривоят мекунанд ва ҳамчунин даҳҳо таҳқиқоти пурарзише низ дар шакли китоб ва мақола дар нашрияҳо чоп шудаанд, ки роҳи расидан ба сулҳ дар Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳанд.   

Дар зер ҳамагӣ чанд номгӯи ин адабиётҳоро меорем, ки хонандагон метавонанд аз онҳо истифода кунанд.

Абдулваҳҳобов Н., Шерхон У. Ваҳдатовар.Очеркҳо .- Душанбе, 2014.- 192 с.
Алимов Р., Лебедев М., Касымов Э. Таджикистан – ООН: История взаимоотношений. – М., 1995.
Белов Е.В. Исторический опыт переговорного процесса по урегулированию межтаджикского конфликта (1993-1997гг.).- Душанбе, 1999.
Нурӣ С.А. Оштинома – Душанбе, 2001.
Олимова С., Олимов М. Таджикистан на пороге перемен. - М., 1999.
Рахматуллаев Э. Миротворчество ООН в Таджикистане и перспективы дипломатии в Центральной Азии. – М., 2001.
Саъдиев Ш. С. Тоҷикистон: роҳи сулҳ ва ризоияти миллӣ. — Душанбе, 2002. Таҷрибаи таърихии сулҳи Тоҷикистон. Маҷмўи тезисҳои Симпозиуми байналмиллалӣ. Душанбе, 26-27 апрели соли 2001.- Душанбе, 2001.
Усмон И. Сулҳнома. – Душанбе, 2001.
Усманов И.К. Миростроительство в Таджикистане. – Душанбе, 2006.

Муҳаммадшариф Каримов,
Сардори маркази такмили ихтисос
и
Китобхонаи миллии Тоҷикистон