Бист сол мегузарад аз он рӯзе, ки дар Маскав пойдевори сулҳи тоҷикон гузошта шуд ва тӯли ин бист сол Тоҷикистон марҳила ба марҳила пояҳои Истиқлолияти худро мустаҳкам кард. Дар таҳкими ин сулҳи пойдору Ваҳдати миллӣ китобу китобхона чӣ нақше доштанду доранд?
20 сол пеш дар шаҳри Маскав мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди
Маҳфили “Дар суҳбати соҳибдилон” қаблазидӣ буд. Як рӯз пеш аз иди бонувон – Рӯзи Модар хонандагони Шуъбаи хизматрасонии махсус ифтихори ҳамнишинӣ бо шоираи номдори тоҷик, насрнависи муваффақ ва як бонуи хеле самимиву заминӣ Марямбонуи Фарғонӣ доштанд. Шоираи маъруф ба маҳфил бо як бағал китоби тозанашраш “Табъи гуҳаррез” ва як олам шеъри тозаву тар омад ва соате, ки шамъи маҳфил буд, хонандагон аз сурудаҳояш як ҷаҳон маънӣ бардоштанд.