Истиқболи баҳор ва тозагиву низофат. Аз субҳи имрӯз гуруҳе аз кормандони Китобхонаи миллӣ ба коргоҳ ҳозир шуданд, то кори шуруъкардаи рӯзҳои қаблӣ дар тозагиву озодагӣ ва истиқболи баҳорро идома диҳанд.
Дар ин рӯз ҳам корҳо барои кабудизоркунӣ, нарм кардани бехи ниҳолҳову дарахтон идома доштанд.
Аксҳо ҳикоятгари ин лаҳзаҳоянд.
Шунавандагони давраи омӯзишии “Асосҳои донишҳои китобдорӣ- иттилоотӣ”-, аз ҷумлаи кормандони Китобхонаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ аз 31-уми январ то 11-уми феврали соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҷрибаи истеҳсолӣ гузаштанд.
Тӯли ин муддат онҳо барномаи омўзишии тартиб додаи Маркази такмили ихтисосро пурра аз худ намуданд. Дар давоми таҷрибаомўзии истеҳсолӣ
Пажуҳишгари тоҷик чорумин нашри китоб дар бораи таърихи Русияро, ки муҳоҷирини корӣ бояд онро донанд, интишор дод.
23 – уми феврали соли 2017 дар рӯзи мудофеини Ватан дар нашриёти “Контраст”-и пойтахти кишвар чорумин нашри китоби донишманди тоҷик, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода «История России: учебное пособие для таджикских трудовых мигрантов» аз чоп баромад.
Нашри чорум, ки иборат аз 220 саҳифа мебошад,
Савриниссо Сайидова аз ҷумлаи собиқадорони Китобхонаи миллист, ки муддати сӣ сол сарпарастии як шуъбаи муҳимро ба уҳда дошт ва имрӯз бознишаста буда, давлати пирӣ меронад.
Савриниссо Сайидова 25-уми апрели соли 1953 дар ноҳияи Шаҳринав ба дунё омадааст. Соли 1971 ба факултаи актёрии Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, онро соли 1975 бо муваффақият хатм