Хатми як давраи омӯзишии дигар барои донишомӯзони донишгоҳҳои вазорати маориф ва илм

Шунавандагони давраи омӯзишии “Асосҳои донишҳои китобдорӣ- иттилоотӣ”-, аз ҷумлаи кормандони Китобхонаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ аз 31-уми январ то 11-уми феврали соли равон  дар Китоб­хонаи миллии  Тоҷикистон таҷрибаи истеҳсолӣ ­гузаштанд.
Тӯли ин муддат онҳо барномаи омўзишии тартиб додаи Маркази такмили ихтисосро пурра аз худ намуданд. Дар давоми таҷрибаомўзии истеҳсолӣ бо барномаи “ALEPH “ пурра ошно шуданд,  фаъолияти шуъбаҳои такмили адабиёт, коркарди адабиёт, феҳристнигорӣ, нигаҳдории китоб, хизматрасонӣ ба муштариён, матбуоти даврӣ, адабиёти хориҷӣ, рисолаҳои илмӣ, илмӣ – таҳқиқотӣ, депозитарӣ, библиографияи миллӣ, абонементи байни китобхонавӣ, маълумотдиҳӣ-библиографӣ ва иттилоотшиносӣ, тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, равобити байналмиллалӣ, адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар, адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ, автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ, дастхатҳои шарқ ва китобҳои нодирро омӯхтанд.
Инчунин дар марказҳо, гушаҳои фарҳангӣ ва бахшҳои Китобхонаи миллӣ аз он ҷумла, Маркази такмили ихтисос, иттилоотӣ- ҳуқуқӣ, Тоҷикшиносӣ, Маркази Конуни забони тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ, таҳрир ва ташхиси адабиёт, бақайдгирӣ, Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арабистони Саудӣ,  Олмон, Курияё  таҷриба омӯхтанд ва вазифаҳои дар наздашон гузошташудаи Маркази такмили ихтисосро сари вақт иҷро намуда, донишҳои назариявӣ ва амалии  худро такмил доданд.
Ғайр аз ин бо намоиши китоб ва осорхонаи китобҳои нодир, дасхатҳо аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.
Маркази такмили ихтисос дар нақша дорад чунин давраҳои омӯзиширо барои донишомӯзони дигар макотиби олии кишвар низ ба роҳ монад.

Юлчибой Мусоев,
Муовини сардори Маркази
такмили ихтисоси Китбхонаи миллӣ