Шоири ватансаро. Агар умр вафо мекард, имрӯз Пиримқул Сатторӣ 80-сола мешуд
Номи Пиримқул Сатторӣ ҳамчун шоири шаҳир ва устоди навшоирон дар солҳои 70-80-уми садаи 20 дар водии Вахш вирди забонҳо буд. Рисолатеро, ки дар тарбияи шоиршавандаҳо устод Боқи Раҳимзода дар пойтахт ба ҷо меовард, дар Вахшонзамин ў ба сомон мерасонид.
Пирумқул Сатторӣ 27 июли соли 1940 дар деҳаи Ҳавзи ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ўзбекистон ба ба дунё омадааст. Соли 1962 факултаи таъриху филологияи ДДОД ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ)-ро хатм кардааст. Баъдан ба шаҳри Қурғонтеппа омада, ходими адабии рўзномаҳои «Вахш»-у «Ҳақиқати Қўрғонтеппа» буд ва дар як вақт дар мактаби миёнаи рақами 45 ноҳияи Бохтар(ҳоло Кўшониён) муаллимӣ мекард. Дар шаҳри Қўрғонтеппа маҳфили адабии «Гулбарг»-ро таъсис дода, муддати мадиде дар тарбияи адибони ҷавони вилоят то таъсисёбии шуъбаи ИН Тоҷикистон дар минтақа ҳисси арзанда гузоштааст.
Адиб ҳанўз дар солҳои донишҷўӣ машқи қалам мекард. Чакидаҳои хомааш дар матбуоти даврӣ, маҷмўаҳои дастҷамъи ва алоҳида «Пайғом»(1979), «Боли парвоз»(1986), «Хўшаи парвин»(1989) «Дуди ҳасрат» (1993) дар ҳамкорӣ бо Алимуҳаммад Муродӣ ба чоп расидаанд. Пирумқул Сатторӣ аз соли 1989 ба узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.
Шоир соли 1993 бар асари фоҷиаи миллӣ-ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳалокат расид.
Эй Ватан, ман зиндаам бо доди ту,
Дар замини сабзи ҳуснободи ту.
Бингарам ҳамчун ба фарзанди падар,
Бар ҳама хурду бузург афроди ту
Фахри ман аз туст, фахри ту зи ман,
Беш бодо гурди Рустамзоди ту.
Пирумқул Сатторӣ бо интишори маҷмўаи «Пайғом» (1979) хонандаро аз омадани худ ба адабиёт, мисоли «пораи хуршеди субҳона» аз «роҳи дарозу дур» башорат медиҳад:
Манам он пораи хуршеди субҳона,
Ки аз роҳи дарозу дур меоям,
Ба истиқболи ту чун дастаҳои нур меоям,
Дари дилро ба рўям боз кун, эй дўст.
Тавре ки устоди шодравон Қутбӣ Киром низ дар пешсухани ба нахустмаҷмўаи шоир «Пайғом» навиштааш иброз доштааст, Пирумқул Сатторӣ дар шеъри «Пайғом» бо паёми тозаашхонаи дили хонандагонро равшан кардан мехоҳад:
Ба ту аз даштҳои офтобӣ,
Ба ту аз домани шабҳои маҳтобӣ,
Ба ту аз хандаи гулҳо,
Ба ту аз шўри дарёҳо,
Ба ту аз номаи борон,
Ба ту аз номаи мурғон,
Ба ту аз гулхани чўпон,
Ба ту аз хирмани деҳқон,
Ба ту аз шеъри гулчинам,
Паёми тоза овардам,
Дари дилро ба рўям боз кун, эй дуст!
Шеъри Сатторӣ зиндагии инсонҳоро бо ҳама каму костиҳояш дар худ таҷассум кардааст. Ў ҳамчун фарди дилгоҳу зиндагидўсти Ватану ҷамъияти худ ба мавзўъҳои гуногуни ҳаёт даст мезанад, ҳамчун адиби ҳақиқӣ аз комёбиҳои мардум меболад, аз камбудиҳо ғамгин мешавад. «Пирумқул Сатторӣ диди шоирона ва эҳсоси борикбин дорад, ба ҳар мавзўе даст занад, ҷавҳари онро ёфта метавонад»,- таъкид намудааст Қутбӣ Киром. Кас аз мутолиаи шеърҳои ў манзараҳои Тоҷикистони азиз, диловариҳои мардуми Тоҷикистонро дар арсаи меҳнат пеши назар меоварад.Тору пуди шеъри Сатториро муҳаббат ба Ватани азизи мо – Тоҷикистон ташкил кардааст. Кас баъди мутолиаи ашъори шоир итминои комил ҳосил менамояд, ки Сатторӣ ватансарои воқеист. Ў Ватанро бо ҳама мушкилоташ дўст медорад. Шоир муҳаббат ба Ватанро аз «нафаси боди саҳар», аз «гулу сабзаи тар», «аз ширу сухани модар» ва «камону табару доси падар» дарёфтааст:
Ман туро аз нафаси боди саҳар ёфтаам,
Ман туро аз гулу сабзаи тар ёфтаам.
Ва зи ширу сухани модари ғампарвари хеш,
Аз камону табару доси падар ёфтаам.
Шоир худро ҳамеша пештози зиндагӣ мегумошт ва ифтихор мекард, ки ў мисли Рустами замон сарбози Ватан аст:
Модар – Ватан ба гунае додаст қудратам,
Марде чу Рустами замон, сарбози зиндагӣ,
Махсусан васфи води «Вахш» аввал манзараи гузаштаи онро ба риштаи тасвир кашидааст:
Ҷуз биёбон,
Дашти урён,
Сайри боди гармселу чангборон,
Офтоби аз саҳар то шом тафсон,
Саҳнаи дигар набуд,
Манзари дилбар набуд.
Шоир барҳақ қайд кардааст, ки муҳоҷирон дар ин ҷо «аз ишқу бовар», «ихлосу боварӣ», «хонаи умед» ва «хонаи хуршед» бунёд намудаанд, серию пурӣ нагуфтаанд ва аз таҳти дил обу арақ рехтаанд.
Дар шеъри охирини ин силсила бо номи «Роҳи оҳан» шоир азамати роҳи оҳан ва бартарии онро аз дигар анвони ҷодаҳо нишон додаст:
Роҳи оҳан-роҳи дилҳо,
Роҳи дилҳо то ба шаҳру манзили мо
Роҳи ёрию рафоқат, дўстӣ,
Роҳи паймон, роҳи дармон,
Роҳи осонсози ҳар як мушкили мо.
Хулоса, дар ҳар як мисраи ашъори П.Сатторӣ дунёи рангоранги шахсияти худи ў нуҳуфтааст. Сатторӣ мисли уқоб ғаюру озоду сарбаланд зист ва уқобвор бо ҳамон виқори азалияш сарбаландона дунёро падруд гуфт. Тавре ки худ дар шеъри машҳури «Манам он уқоби кўҳӣ…» гуфта:
Манам он уқоби кўҳӣ ба фазои кўҳсорон,
Биниҳода синаамро ба ҳавои боду борон.
Ҳама дам муҳити худро ба Худо, ки дўст дорам,
Ки рабуда чашми ошиқ гулу боғу лолазорон.
Зи садои раъди ғуррон дили дашту кўҳ ларзад,
На маро ҳарос бошад зи садои раъди ғуррон.
Ту чӣ донӣ, эй кабўтар, раҳу рўҳи зиндагиям?
Дили беғаме, ки дорӣ ба паноҳи шохсарон.
Тану ҷони ман зи сангу пару боли ман зи барқ аст,
Манам он уқоби кўҳӣ ба фазои кўҳсорон.
Ҳасан Муродиён, профессори ДДБ ба номи Носири Хисрав.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», соли 2018
Таҳияи Фирӯза Аҳророва, муовини сардори шуъбаи кӯдакон ва наврасон
ДАР БОРАИ ПИРИМҚУЛ САТТОРӢ ДАР СОМНАИ МО ИН МАТЛАБ ҲАМ ҚОБИЛИ МУТОЛИА АСТ: