Бархе китобшиносиро илм дониста ва бар он исрор кардаанд. Қисмати дигар бошад тарафдори фан буданд. Дар ҳақиқат бояд исрор намуд, ки дар рафти пажўҳиш ва нигоришу омўзиш маълумамон гардид, ки ба чунин зайл андеша кунем: Китобшиносӣ на илм асту на фан, балки омезае аз илму фан мебошад, ки фан дар ин ҷо сабту нигоҳдории китобҳо буда, илм бошад санъати китобҳо аст. Яке аз донишмандони соҳа чунин қайд намудааст, ки «Ҳар илме дар арзи мавзўӣ худ фан ҳасту ҳар фане дар равиши худ илм
Пеш аз он ки дар бораи касби китобдорӣ ҳарф бизанем, бояд аввал дар бораи мафҳуми китоб чанд сухане гуфта бошем. Китоб ин навиштаҷоти варақаҳои ҷилдшуда, воситаи интишоргардонӣ ва нигаҳдории маълумот, идея, образ ва донишҳо мебошад. Китоб пурқиматтарин падидаи фарҳангист. Кулли одамони бомаърифати олам, китобро чун гавҳари қимматбаҳо, сарчашмаи дониш, воситаи таълиму тарбия, фароғат, васият ва мероси як насл ба насли дигар пазируфтаанд.
Лўлакитоби папирусии кўҳна дар китобхонаи миллии Фаронса (Париж) нигоҳ дошта мешавад. Ин китоб бебаҳост, он 5500 сол қабл таълиф шудааст. Матнаш дар папирус навишта шуда, дар ғилофи ба худ хос нигоҳ дошта мешавад.
*** *** ***
Қисми зиёди осори қадимаи папирусӣ аз ҷиҳати санаи таълиф ба солҳои 3350-уми пеш аз милод рост меояд.