Китоб сарчашмаи илму маърифат ва нерўи таъсиргузори ҷомеа баҳри пешрафти ҳаёти осоиштаи инсонҳо мебошад. Ҳангоми рўй овардан ба ин ганҷинаи бебаҳо мо метавонем ба чизҳое рӯ ба рӯ шавем, ки қаблан намедонистем. Ҳамин аст, ки бузургони илму адаб ҳангоми эҷод намудани асарҳои бадеию илмӣ бештар матлабу маводҳоеро ҷой медиҳанд, ки хонандаро барои расидан ба умқи он водор месозад. Дар мутолиаи китоб агар одам аз рўйи завқ ва бардошт ба он назар наафканад, ҳеҷ гоҳ
Операи «Коваи оҳангар» – дуюмин асари калонҳаҷми мусиқӣ дар таърихи театри мусиқии тоҷик як қадами нав буд ва бо ҷустуҷўю бозёфтҳои эҷодиаш давраи нави театри мусиқии тоҷик ба шумор меравад. Ногуфта намонад, ки операро композитор Сергей Баласанян бо ҳамкориву ҳамдастӣ ва ҳамфикрии композитори ҷавони тоҷик Шариф Бобокалонов эҷод кард. Ин асари барҷастаи театр соли 1941 дар Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик ба
Садамоти дунё, занҷирҳо, зиндонҳо, чўбҳо ва шиканҷаҳое устодро пиру мунҳанӣ кардаву чашмонашонро беқувват намуда. Бо вуҷуди ин, як сол буд, ки ба ҷамъу тартиби «Намунаи адабиёти тоҷик» пардохта буд. Он рўзҳо китоб ба поён расида ва машғули покнависи он буданд. Ман онро мухтасаран мурур кардам. Чунон, ки худи устод шаҳр дода, ба сабабҳои бисёре, ки китоб бе ҳеҷ гуна танқиду таҳлиле навишта шудааст. Аммо барои танқиду таҳлили нависандагони ояндаи тоҷик ғанитару ҷомеътарини
Навгонии китобномаи мазкур аз лиҳози таҳияи дастурҳои библиографӣ дар ҷилдҳои 1-7-ум дида мешавад, ки дар мавриди нашри матни як суханронӣ дар манбаъҳои гуногун: агар ҳамаи онҳо зери сарлавҳаи ягона нашр шуда бошанд, навиштаҷоти библиографӣ зери як тасвир бо нишон додани ҳамаи манбаъҳои интишорӣ номнавис шудааст, агар дар сурати бо сарлавҳои гуногун нашр шудани матни як суханронӣ, пас
Муҳтарам домулло!
Дар вақти якумин бор хонда баромадани маҷмуаи “Асарҳои мунтахаб” баъзе саволҳо пеш омада буд, рӯзҳои дар Самарқанд буданам ба сабаби ташвиш ва тараддудҳои оилавӣ пурсида ҳал карда натавонистам. Ҳозир, ки пас аз саҳифабандӣ як бори дигар хонда ба чоп имзо карда истодаам, боз ба ҳамон саволҳо вохӯрдам, рухсат диҳед акнун пурсам: