Номаҳои Абдусалом Деҳотӣ ба Садриддин Айнӣ (Охираш)
Муҳтарам домулло!
Дар вақти якумин бор хонда баромадани маҷмуаи “Асарҳои мунтахаб” баъзе саволҳо пеш омада буд, рӯзҳои дар Самарқанд буданам ба сабаби ташвиш ва тараддудҳои оилавӣ пурсида ҳал карда натавонистам. Ҳозир, ки пас аз саҳифабандӣ як бори дигар хонда ба чоп имзо карда истодаам, боз ба ҳамон саволҳо вохӯрдам, рухсат диҳед акнун пурсам:
- Дар болои саҳифаи 56 (чопи лотинӣ) “Мактаби куҳна”, “Алиф ду забар-анду, ду зер-инду, ду пеш-ун” навишта шудааст. Нафаҳмидам, ки барои чӣ алиф бо ду забар- “анду”ё бо ду зер “инду” мешудааст? Дар мактаби куҳна тарзи алифбохонии моҳо андаке дигархелтар буд.
- Дар “Аҳмади девбанд” “Ҳой-ҳуи деҳқонбачагон ҳаёҳуи посбонони майдони ҷангро ба ёди шумо меовард” гуфта шудааст. Мақсад аз “посбонони майдони ҷанг” кадом ҷанг аст? Дар майдони ҷангҳои ҳозира, ба фикрам посбон нест – дидбонҳо ҳастанд, ки онҳо ҳам ба овоз набаровардан кӯшиш мекунанд.
- Дар поёнтари ҳамин абзац “...заҳкашҳои хурду калон, ки дар атрофҳои заминҳои корами деҳқонон он сомон кандаанд, фурӯ мегирифтанд” навишта шудааст. Дар ин ҷо аввалан калимаи “он сомон” дуруст аст ё не? Чунки дар арабиаш (“Раҳбари дониш”) ба ҷойи сомон “дарёбод” аст, баъд “заминҳои корами деҳқонони...” ҳарду ҳам бо изофат дуруст-мӣ?
- Боз дар ҳамин асар “тафдон” гуфтанӣ калима ҳаст: “Аҳмад дид, ки дар поёни суфа дар даруни тафдон курпачаҳо...” инро ҳам нафаҳмидам. Дар чопи арабиаш ба шакли “таъқидон” навишта шудааст. Кадоми инҳо дуруст аст ва маъниаш чист?
- Ошро “пасту расо зад” ё “росту расо зад”?
- Дар саҳифаи 50 “Марги судхӯр” – “Тобиши барфи якмол сафеда менамуд” гуфтанӣ ҷумла ҳаст. Калимаи “якмол” дар ҳамин ҳолаташ дуруст аст ё “яхмол” аст ва ғалат рафтааст?
- Саволҳоям ҳозир аз ҳамин иборатанд. Саволҳои оид ба “Ҷаллодони Бухоро” ва “Одина”-ро сонитар менависам.
Хеле вақт шуд аз саломатии шумо хат ва хабар надорам. Шунилам, ки домло (Хӯҷаев) аз Самарқанд омадаанд, аммо ба сабаби нохӯшӣ бо амри духтур чанд шабонарӯз боз хонанишин шуда, натавонистам, ки рафта аз он кас аҳволи шуморо пурсам.
Бо салом ва эҳтиром Деҳотӣ.
Сталинобод, 6 октябри соли 1948.
Имконият бошад ҷавоби мактубро ҳарчи зудтар мегардонидед, то ин ки ҷузъҳои аввалро аз чоп нигоҳ надорам.
Устоди муҳтарам!
Зиёдтар аз ду моҳ шуд, ки аз аҳволи Шумо бехабарам. Сиҳатетон чӣ тавр? Бо чӣ кор машғулед?
Таҳрири дубораи дастнависи луғатро бо машаққати зиёд дина тамом кардем. Акнун хондани корректура сар шуд, ки ин ҳам як зайл шабу рӯз давом дорад. Аммо кор ҳанӯз бисёр аст, мегӯянд, ки то моҳи октябр ва ҳатто ноябр давом мекунад. Кашол ёфтани кори якранга ба дилам зад. Аммо ҳозир илоҷи накарданаш нест.
Дар бораи муқаррар кардани тарҷимаи дурусти як силсила калимаҳои илмӣ ва тиббӣ азоб мекашам. Ду-сетои онҳоро ба Шумо навишта, ба маслиҳататон чашмдор мешавам:
- “Корь» - дар луғати русӣ-тоҷикии пештара “сурхча”-тарҷима шудааст.
- “Скарлатина” ҳам “сурхча” тарҷима шуда, ба вай “маҳмалак” ва “қизомиқ” илова карда шудааст. Оё ҳамин тавр мондан дуруст аст? Баъзеҳо мегӯянд, ки скарлатина қазомиқ аст. Фикри Шумо чист?
- “Тиф” – дар луғати пештара “арақӣ – таби маҳрак, кезук ва домана” тарҷима шудааст. Дар луғати моҳо ба ҷои “кезук” – “ҳасба” илова шуда, тиф ба ду тақсим шудааст:
“сипной тиф – арақӣ, “брушной тиф” – тиф, домана, ё ки “тифи ҳасба” тарҷима шудааст.
- Таъбири “Оламу ҳодис”, “Олами ҳаводис” ва “Олам ҳодис” ҳар ранг кор фармуда мешавад, кадомаш саҳеҳтар?
Ба аҳли хонадонатон ва агар дар ҳамон ҷо бошад ба рафиқ Ҳошимов (Раҳим Ҳошим-олим ва мутарҷими маъруфи тоҷик. Яке аз шогирдони содиқи устод Айнӣ) саломи маро расонед.
Саломатии Шуморо хоҳонам.
Бо салом ва эҳтиром Деҳотӣ.
Москва, 19 июли соли 1949.
Устоди муҳтарам!
Чунон ки пеш аз ин изҳор карда будам, имсол “Мунтахаботи Ҳофизи Шерозӣ”-ро аз нав чоп мекунем. Ба сабаби дурии роҳ муқаддимаро ба рафиқ Болдырев (Александр Николаевич Болдырев с.т. 1909, шарқшиноси советии рус, доктори илмҳои филологӣ, профессор).
Асбаски чопи аввали китоб дар зери таҳрири шумо буд ва ҳоло ҳам номи шумо дар он мемонад (танҳо рафиқ Аҳроровро ба сифати муҳаррир илова кардем), лозим донистем он муқаддимаро якбора аз назари шумо гузаронем ва агар тағйироти ҷиддӣ талаб мекарда бошад, бо қайду нишондодҳои шумо ба муаллиф фиристонем, ки худаш дуруст карда диҳад. Инак, дар баробари ин хат як нусхаи муқаддимаро ба шумо равон карда, худи матни китобро бо ихтисори баъзе ғазалҳо ба матбаа месупорем. Хоҳишмандем, ки натиҷаашро ба қадри имкон зудтар маълум кунед.
Қисми III “Ёддоштҳо” чоп шуда истодааст.
Бо салом Деҳотӣ.
8 октябри соли 1950
Устоди муҳтарам!
Таҳлили қисми аввали Бедилро рафиқ Мирзоев (Абдулғанӣ Мирзоев академик, доктори илмҳои филология, профессор) анҷом дод, қисми намунаи асарҳояшро ман дида истодаам, ки фардо бояд тамом шавад. Дар ҳамин ҳафта ба матбаа месупорем, сонӣ бо мунтахаботи Фирдавсӣ машғул мешавем.
Бо вуҷуди ин ки қисми III “Ёддоштҳо”-ро бодиққат ҳам ман ва ҳам боз як рафиқи дигар хонда баромадем, якчанд хатои ҳуруфӣ гузаштааст, ки ҳоло тасҳеҳ додем. Бештарини ин ғалатҳо, ки қариб тамоман аз ду ҳарф иборат буда, аммо он қадар қабеҳ нестанд, бо айби корректорҳо монда будааст. Ба наздикӣ аз нусхаҳои муқоваашон зарҳалии тасҳеҳдор ба Шумо мефиристем.
Масъалаи пулро ба рафиқ Нурматов боз як бор хотиррасон кардам. Гуфтанд, ки ҳамин рӯзҳо бояд пул гирем, ҳамин ки гирифтем, мефиристонем.
Хоҳони саломатии Шумо, бо салом ва эҳтиром, Деҳотӣ.
19 январи соли 1951.
Устоди муҳтарам!
Ҳама интизорем, ки ба муносибати расми кушоди Академияи Фанҳо ба Душанбе меоед. Бинобар ин ҳалли як силсила масъалаҳои ба Шумо алоқамандро ба омаданатон мавқуф гузоштем. Аммо як масъалаи таъхирнопазир ҳаст, ки худи ҳамин рӯзҳо яктарафа кардан лозим аст ва он ҳам масъалаи тарҷимаи “Ғуломон” аст.
Мувофиқи хати Шумо қарор додем, ки дар чопи нави матни русии он (нашри Нашриёти давлатии Тоҷикистон) калимаи “авторизированный-ро партофта, фақат тарҷимаи С.Бородин – перевод С.Бородина нависем. Лекин намедонем, ки бо ҳамин эътирози Шумо тамом мешавад, ё ин ки дар тарҷимаи худи матни китоб ҳам ягон ихтилоф ҳаст?
Шумо дар хати худ ин ҷиҳати корро қайд накардед. Бегоҳ аз Бородин (Сергей Петрович Бородин, адиби рус, муаллифи як силсила романҳои таърихӣ) як мактуб гирифтем, ки вай ба наздикӣ дар Самарқанд бо Шумо мулоқот карданашро зикр мекунад. Аммо дар бораи тарҷимааш ягон эътироз доштани шуморо иҷмолан ҳам бошад ҳам изҳор накардааст. Ин буд, ки мо маҷбур шудем, ба худи Шумо муроҷиат кунем. Зеро дар нашриёт ягон касе, ки тарҷимаро бо аслаш андоза карда, сифаташро муайян кунад ва ҳукм карда тавонад, ки Бородин дуруст кардааст ё не, хабар нест.
Китоб ба чоп тайёр аст, бинобар ин хоҳишмандем, ки мулоҳизаҳои худатонро ҳарчи зудтар нависед.
Хайр то дидан! Саломатии Шуморо аз самими дил хоҳонем.
Бо салом ва эҳтиром Деҳотӣ.
Сталинобод, 23 марти соли 1951.
Устоди муҳтарам!
Хеле вақт шуд, ки аз аҳволи Шумо шахсан хабаре нагирифтаам. Аммо ҳар замон аз рафиқон Пӯлотов ва Нарзиқулов (Ибодулло Қосимович Нарзиқулов, академики КФ Тоҷикистон) пурсуҷӯ карда, фаҳмида меистам.
Даҳ-дувоздаҳ рӯз боз гап-гапи ба Душанбе омадани шумо ҳаст. Аммо намедонам барои чӣ таъхир афтода истодааст?
Чанд қисми аввали “Ёддоштҳо”-ро дар ҳайати таҳририя хонда бо каме ихтисор дар шумраҳои якум ва дуюми журнал дарҷ кардем (шумораи дуюм ҳамин рӯзҳо мебарояд).
“Ёддоштҳо”-ро ба шумораи апрелӣ медиҳам.
Ҳамаи рафиқон ба Шумо салом мегӯянд ва зудтар сиҳат ёфтани Шуморо орзу мекунанд.
Хайр то дидана.
Бо салом ва эҳтиром Деҳотӣ.
23 марти соли 1953
ШАРҲИ МО: Инак, чопи пурраи номаҳои Абдусалом Деҳотӣ ба устод Садриддин Айниро ба поён мерасонем. Вале ҳоло моро руҳияе фаро гирифта, ки мисли марҳум Деҳотӣ дар посухи нома ва суолоти зиёд чашминтизорем. Чуноне дар сарсухани номаҳо гуфта будем, номаҳои устод Айнӣ пурра чоп нашудаанд ва намедонем, ки ба ҳама суолоти худ Абдусалом Деҳотӣ чӣ посухе дарёфт карда.
Дар номаҳо даҳҳо суоле матраҳ шуда, ки посухашон на танҳо ба муаллифи нома, балки ҳоло барои хонандаи он зарур аст. Деҳотӣ шарҳи калимаву истилоҳоти зиёдро аз устоди худ мепурсад ва бо вуҷуди он ки имрӯз мо фарҳангномаву луғатҳои зиёде дорем, вале боз ҳам мехоҳем донем, ки устоди каломи бадеъ дар шарҳи суолоти шогирди худ чӣ посух дода бошанд...
Аммо дар бораи ҷиддияти устод Айнӣ дар посух ба номаҳо Абдусалом Деҳотӣ навиштаи дигаре дорад бо номи “Як мактуби пурқимат”. Ин мақола соли 1940 навишта шудааст, аз муҳтавои посухи устод Деҳотӣ мухтасар ҳикоя мекунад, вале посухро комил намеорад. Ҷавоби устод Айнӣ ба ин номаи Деҳотӣ дар шумораи 4 соли 1958 “Шарқи Сурх” чоп шудааст, ки онро рӯзи сешанбе, 14-уми июни соли 2020 дар сомонаи мо хоҳед хонд.
“Як мактуби пурқимат” ба хонанда то куҷо бо ҷиддият муносибат кардани Садриддин Айнӣ дар посух ба номаҳои шогирдонаш нишон медиҳад ва аз ин рӯ мо онро пурра ин ҷо меорем.
Як мактуби пурқимат
Яке аз хусусиятҳои барҷастаи устод Айнӣ ин буд, ки ба мукотиба аҳамияти калон медод. Ман бо услуби мактубнависии устод сараввал ғоибона - ҳанўз дар айёми мактаббачагии худ шиносо шуда будам: мактубҳое, ки дар китоби дарсии «Таҳзиб – ус - Сибиён»- и ў аз номи Муҳаммадфарид, бародари вай ва падару модараш навишта шудаанд, ҳамчун порчаҳои насри бадеии дилчасп бо шавқу рағбат хонда мешуданд ва дар хотирҳо нақш мебастанд. Дар он мактубҳо беҳтарин ҳиссиёти инсонӣ: меҳри пурҷўши падару модари меҳрубон, тавсифу тарғиби бародарӣ, дўстӣ, меҳнат, омўзиши илму ҳунар ва некўкорӣ ифода ёфта буданд.
Вақте ки ба соҳаи матбуот ва адабиёт қадам монда, бо устод дар аввалҳо шиносоии оддӣ ва баъдҳо нисбати шогирдӣ пайдо кардам, дар зарфи бештар аз бист сол дар байни мо мукотибаи мунтазаме давом дошт, ки аксарияти он дар мавзўъҳои гуногуни адабиёт ва умуман маданияти халқи тоҷик буд.
Аз ҳар як ҷавобе, ки устод Айнӣ ба мактубҳои ман ё рафиқони наздики ман менавишт, равшан ҳис карда мешуд, ки ў ба муроҷиати хаттӣ дар вақташ ва бояду шояд ҷавоб гардонданро як қисми муҳими кори нависандагӣ ва педагогии худ мешумурад, дар ин кор ба танбалӣ, беҳавсалагӣ, ба мусоҳилакорӣ роҳ намедиҳад. Дар натиҷа ҷавобҳои ў дар сари вақт- бе таъхир, муфассал ва сареҳ мебаромаданд.
Вай дар мактубот суханҳои тумтароқи барзиёд, аз қабили «саломи муштоқона ва паёми билониҳоя аз ҷониби ин камина» ва ҳоказоро ниҳоят бад медид ва бевосита аз айни мақсад сар кардани суханро дўст медошт; дар шаҳри матлаб, барои гирандаи ҷавоб, ҳар қадар тафсил лозим бошад, дареғ намедошт.
Баъзан чунин воқеъ мешуд, ки аз байни мо ягон нависанда ё коркуни матбуот ба устод мактуб менавишту лекин бо сабабе ё фақат аз бепарвоӣ ва фаромўшхотирӣ чанд рўз дар қисааш гирифта гашта, баъд, охир ба почта месупурд. Устод ин мактубро гирифта, пас донистани рўзи навишта шуданаш, рўзи ба почта супурда шудани онро аз рўи мўҳри почта муайян карда, баъд дар аввали ҷавоби худ бо ҷумлаи «мактуби фалон рўз навишта, фалон рўз ба почта супурдаатон расид…» ба беинтизомии нависандаи хат кинояи нозуке мекард.
Боре ман дар аввали январи ким – кадом сол ба ў мактубе навишта, дар поёни он саҳван бо рақам соли кўҳнаро навиштаам. Пас аз чанд рўз аз устод ҷавоб гирифтам, ки дар оғози он чунин танбеҳи падаронае буд (мазмунан): «… шумо дар поёни хататон рўзро дуруст, аммо солро саҳван соли кўҳна нишон додаед. Одатан дар рўзҳои аввали соли нав чунин ҳодисаҳо мешаванд: кас саҳван соли кўҳнаи одаткардаашро менависад. Аммо ҳушёр шуда, аз ин гуна саҳв сахт ҳазар кардан лозим аст, чунки мумкин аст, дар ягон маврид, бар хилофи чашмдошти шумо, натиҷа номатлубе бахшад».
Аз мактубҳои Садриддин Айнӣ он чи дар дастам буд (ба ҷуз онҳое, ки бо мурури замон гум шудаанд), ҳамаро ба ихтиёри Институти забон ва адабиёт Академияи фанҳои республика супурдам. Умедворам, ки онҳо, дар ҷумлаи садҳо мактубу муросилаҳои дигари устод, дар ояндаи наздик аз назари тадқиқ ва омўзиши адабиётшиносони мо мегузаранд. Ҳоло дар ин ҷо танҳо яке аз он мактубҳоро ба тариқи мисол меорам, ки он ҳам барои ман ва ҳам барои аҳли илмӣ забон ва адабиёт мо хеле пурқимат аст.
Тобистон соли 1940 мувофиқи хоҳиши Нашриёти Давлатии Тоҷикистон достони «Баҳром ва ҳафт пайкар»-и Низоми Ганҷавиро ба чоп тайёр мекардам. Азбаски Низомӣ ба сифати як санъаткори забардаст бештар як суханро ба чанд маънӣ, ба тарзи лафзбозӣ, кор мефармояд, фаҳмидани байтҳо ё ибораҳои ҷудогонаи ў ба ман мушкилӣ кард. Пас ба мадади устод такя карда, бо як мактуби тақрибан якунимсаҳифагӣ (ба андозаи саҳифаҳои машинка) ба ў муроҷиат намуда, эзоҳи якчанд байт ва таъбирро хоҳиш карда будам. Пас аз як ҳафта аз ў ҷавоби муфассале гирифтам, ки он ба нўҳу ним саҳифа, дар сатрҳои зич бо ҳуруфоти арабӣ дастӣ навишта шуда буд. Азбаски айнан нақл карда шудани ин ҳуҷҷат худ ба худ аз мазмуни бои ҳаматарафа ва қимати баланди он гувоҳӣ дода, бо чӣ хайрхоҳии устодона навишта шуданашро ҳам нишон медиҳад, ман дар тавсифи он чизе нагуфта, фақат мавридҳои ҷудогонаро дар поении саҳифа аз ҷониби худ эзоҳ медиҳаму бас, зеро «он ҷо, ки аён аст, чӣ ҳоҷат ба баён» гуфтаанд.
Соли 1958.
Чуноне дида шуд, охирин номаи Абдусалом Деҳотӣ 23 марти соли 1953 навишта шудааст ва муаллиф мегӯяд дар Душанбе сардафтари адабиётро бесаброна мунтазиранд. Ва медонем, ки соле баъд, дақиқан 15 июли соли 1954 устод Айнӣ дар синни 78-солагӣ дар шаҳри Душанбе чашм аз олам пӯшид ва дар пойтахти кишвар ба хок супурда шуд. яъне, шодии шогирдон аз омадани устод ба пойтахт ҳамагӣ як сол давом кардааст. Ҳамагӣ як сол онҳо имкон доштанд бидуни нома аз ҳоли устод хабар гиранд ва ба суолоти бешуморашон посух гиранд.
Абдусалом Деҳотӣ бошад 8 сол баъди устод Айнӣ дар шаҳри Душанбе вафот кард.
(Поёни номаҳо)
Бознашр аз “Куллиёт”-и Абдусалом Деҳотӣ, Нашриёти “Ирфон”, 1966
Таҳияи Б.Шафеъ
Аввали номаҳо: