Маҳфили «Дастони моҳир”-и шуъбаи кўдакон ва наврасон ба мавзуи “Гулҳои Душанбе” бахшида шуд ва ҳадаф сохтани гул буд. Гул гуфта навдаи кутоҳу шаклдигаркардаро меноманд, ки барои афзоиши тухм хизмат мекунад. Одатан пояи асоси ё паҳлуи бо гул ба итмом мерасад. Ҳар гул аз муғчагул инкишоф меёбад. Қисми поягии гул агар гулпоя ва гулбандро дарбар гирад, косабарг, гулбарг ва тухмдон аз баргҳои шаклдигаркарда ба вуҷуд омадаанд. Дар маркази гул тухмдон чойгир аст.
Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигохдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрўза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд. Ва беҳуда нест, ки китобхонаҳои бузург ва номдори олам боиси ифтихори тамоми инсоният ба шумор мераванд.
Эмомалӣ Раҳмон