Activities calendar

01 июля 2020

Тақвими моҳи июли соли 2020

1-уми июл

60-солагии зодрӯзи Муҳаммад Акрамов (1960), олими соҳаи физика.

75-солагии зодрӯзи Сайфиддин Акрамов (1945), доктори илми филологӣ, профессор, сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

 
 

Бист сол пеш...Гӯё дирӯз буд...

Бист сол пеш дар чунин рӯзе миллат бо шоири худ барои ҳамеша падруд гуфт. Лоиқи ширинсухан, яке аз аз шаҳсутунҳои назми муосири тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон бар асари сактаи дил тарки олам кард. Замоне рафт, ки ҳамагӣ 59 сол дошт. Ҳоло бист сол аз он рӯз гузашта ва ёди ӯ лаҳзае ҳам шефтагони назми форсиро тарк намекунад. Устод Лоиқ ҷисман аз миёни мо рафт, вале руҳан монд. Ашъораш мондагор аст ва рӯзе нест, ки даҳҳо тан дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо овардани мисраву байту ғазалу рубоӣ аз ӯ ёд накунанд. Ин аст нишони зинда монданд

“Пешвои миллат бо ҷавонон”

Шумо – ҷавонон – умеду орзуи мо, татбиқкунандагони нақшаву ниятҳои неки насли калонсол ва армонҳои ҳазорсолаи миллати қадимаи тоҷик мебошед ва вазифадоред, ки ин масъулияти бузургро содиқонаву сарбаланона иҷро намоед.

                                                            Эмомалӣ Раҳмон

Дар давраи 25 соли Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти ҷавонони Тоҷикистон дигаргуниҳои зиёд ба вуқуъ омаданд – пастию ноумедӣ, рўҳафтодагӣ, гаронӣ ва роҳҳои бисёри ноҳамвори зиндагӣ онҳоро дучор омад, ки ҳар қадам, давра ба давра ва