Аз бозе, ки вақоъеро таърих қайд мекунад, то имрўз дар диёри Мовароуннаҳру Туркистон, чунон ки як қавми муаззам ба номи «тоҷик» ё ки «тозик» истиқомат дорад, ҳамчунон забону адабиёти эшона ҳам ривоҷ ёфта омадааст. Ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳру Туркистон махсус ба арсе ё тасаллути подшоҳеву амире нест. Чунончи мо мебинем, адабиёти тоҷик дар ин сарзамин дар аҳди Сомониён, ки ирқан форсизабон ҳастанд, чӣ қадар ривоҷ дошта бошад, дар замони авлоди Чингиз,
То он ки башар ба сатҳи имрӯзи чопи китоб расад, чӣ марҳилаҳоеро лозим омад тай кунад. Аввалин талошҳо барои навиштани таърих дар девору сангҳо буд, ки намунае аз онро имрӯзиёд дар манотиқи гуногуни олам пайдо кардаву хондаанд. Аммо инсон бо ин иктифо накард, талош намуд осори хаттӣ дошта бошад, то таърихаш аз сол ба солу аз насл ба насл гузарад ва фаромӯш нашавад. Силсилаи мақолаҳои кутоҳе, ки нашр хоҳем кард, аз
Имрӯз зодрӯзи Ато Карим-шоири шинохтаи мардумӣ, муаллифи чандин китобҳои хонданист. Агар умр вафо мекард, имрӯз аз гулистони ҳафтодумин баҳори умраш гул мечид. Дардову дареғо, ки шоири шӯридадил пайвандон, дӯстон ва шефтагони ашъорашро дар ғафлат гузошт ва охири моҳи майи соли равон баъди як бемории начандон тӯлонӣ олами моро тарк кард ва ошиқонаву мухлисона ба дидори Дӯст шитофт.