Чопи китоб аз замони Бостон то ба имрӯз. Аввалин василаҳои осори хаттӣ: ПАПИРУС

 То он ки башар ба сатҳи имрӯзи чопи китоб расад, чӣ марҳилаҳоеро лозим омад тай кунад. Аввалин талошҳо барои навиштани таърих дар девору сангҳо буд, ки намунае аз онро имрӯзиёд дар манотиқи гуногуни олам пайдо кардаву хондаанд. Аммо инсон бо ин иктифо накард, талош намуд осори хаттӣ дошта бошад, то таърихаш аз сол ба солу аз насл ба насл гузарад ва фаромӯш нашавад. Силсилаи мақолаҳои кутоҳе, ки нашр хоҳем кард, аз ҳамин зинаҳову марҳилаҳои расидан ба чопи китоб нақл мекунанд. Ин силсила аввал аз китоби пажӯҳишгарони маъруф Ҷӯрабой Раҷабов ва Бекназар Аҳмадов “Мақоми китоб дар фарҳанги мардуми тоҷик” иқтибос хоҳад шуд. Ва баъдан бо истифода аз манбаъҳои дигар идома хоҳад ёфт.

ПАПИРУС

Папирус рустании найсимо аст, ки замонҳои қадим дар резишгоҳи дарёи Нил мерўид. Мардумони баъзе минтақаҳои Арабистон ин рустании нодиру камёбро «Берд», «Барбур», мисриён «Папирус» меномидаанд. Дар замони мо ҳам рустании папирус вуҷуд дорад. Имрўзҳо папирус дар соҳили дарёҳои Судон ва Эфиопия мерўяд.

Замонҳои қадим барои дар папирус навиштан одамон заҳмати зиёде мекашидаанд. Ҳамчун масолеҳи хаттӣ тайёр кардани папирус ин тавр буд: одамони ба ин кор машғул мағзи танаи папирусро бурида мегирифтанд. Рахҳои чокшударо рўи тахтаи  суфта мегузоштаанд. Сӯрохиҳои рахҳоро бо рахҳои дигар маҳкам мекарданд ва бо асбоби махсус рахҳоро сахт тазъйик  медоданд. Варақи тазъйиқхурдаи папирусро дар офтоб хуш мекарданд. Ширеш орди бо ҳам часпондани рахҳо мағзи танаи папирус буд, ки хеле часпак аст. Ҳамин тавр, баъди хушк шудан варақҳои суфтаю зебо ва пурбардор ба вуҷуд меомадаанд. Андозаи ғафсии варақаҳои папирус ба даҳяки миллиметр баробар буд. Ба гуфти таърихшиноси Юнони қадим Ҳеродот-мисриён аз мағзи танаи папирус таомҳои гуногун низ тайёр  мекардаанд. Лекин папирус, пеш аз ҳама, дар рушди равнақи осори хаттӣ, инкишофи фарҳанги маънавии мардумони қаи муҳиме будааст.

Папирус чун масолеҳи осори хаттӣ на танҳо дар Мисри қадим, балки дар Осиёи Хурд, Африқо ва Аврупо истифода мешуд. Аксҳои дар варақаҳои папирусӣ таълифшудаи давраҳои қадим шаклан аз лўлакитобҳо иборат буданд. Дарозии варақи ҳар лўлакитоб ба чандин метр рост меомад. Дар як тарафи ин варақаҳо чўбдаста баста мешуд. Муаллифону китобдорони замони қадим дастхатҳоро ба чўбдастаҳо печонида лўла мекарданд ва онҳоро дар ғилофҳои махсуси чўбин ва ё ғилофҳои сафолии эҳтиёт мекарданд.

Ҳамин эҳтиёткориҳо буд,ки бисёр лўлакитобҳои папирусӣ то замони мо расидаанд ва онҳо дар осорхонаҳо ва китобхонаҳои азими дунё нигоҳдорӣ мешаванд.

Бознашр аз китоби Б.Аҳмадов ва Ҷ.Раҷабов “Мақоми китоб дар фаҳанги мардуми тоҷик”, Душанбе, 2016.

Таҳияи Шарофат Мирзоева, сармутахассиси шуъбаи

илмӣ ва тадқиқотӣ.