Китоб дар масири тамаддун
«Китоб аст, ки таърихи куҳанбунёди мо, ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, дурдонаҳои назми ҳазорсолаи мо, достонҳо ва илму дониши даврони бостонӣ, хираду заковати наслҳо ва халқҳоро зинда нигоҳ медорад. Китоб аст, ки бо нури донишу маърифат роҳи мардумонро равшан сохта, боиси ҳастиву пойдории миллат, таърих, забон, адабиёт ва фарҳанг гардидааст».
Эмомалӣ Раҳмон
Оре, китоб бузургтарин сарвати маънавии инсоният аст ва маҳз китоб аст, ки дар натиҷаи мутолиаи он инсон тарбия меёбад ва ба камоли маънавӣ мерасад. Китоб маншаи тафаккур, махзани умеду орзу, раҳнамо ба олами донишҳост, дурри гаронбаҳоест, ки ҳамеша дурахшон буда, маъниҳои баланди ҳаётию иҷтимоиро ангезиш медиҳад. Оинаест, ки мо дар он таърихи ҳаёту зиндагонии худро мушоҳида менамоем. Моро бо дирўз ва имрўзи фардои миллатҳо ва ҷамъиятҳои олам ошно месозад.
Китоб сарчашмаи илму дониш буда, моро ба ҷаҳони олами ҳастӣ ошно месозад. Китоб барои аҳли башарият дари дониш, хираду фарҳангро мекушояд ва инсонро ба олами маънӣ ҳидоят менамояд. Шахсе, ки пайваста китоб мехонад, монанди дарахтест, ки меваҳои он ҳар лаҳза инсонро тавону имону виҷдон мебахшад.
Миллати тоҷик дар тўли таърихи башарият соҳиби фарҳанги баланди китобдориву китобхонӣ буда, китобро чун гавҳари пурқиммат эҳтиёт мекард, чунки китоб сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат буда, беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омўзгори беминнат, ҳамсўҳбати хушгуфтору беозор мебошад. Аҳли зиёи тоҷик аз қадим то замони мо китобҳои зиёди илмҳои мухталифи давру замон, фалсафаву дин, ахлоқу одоб, тартибу қоидаҳои зисту маишат, кайҳоншиносӣ, риёзӣ, тиббӣ, кимиёвӣ ва ғайра аз худ боқӣ гузоштаанд, ки ҳазорсолаҳост дар хизмати оламиён қарор доранд ва ҳамчун сарвату ганҷинаи ҷаҳонӣ шинохта шудаанд.
Дар сарзамини бостони мо китобу китобнависӣ анъанаи қадимӣ дошта, нахустин китоби мардуми эронинажод «Авесто» дар 12 ҳазор пўсти гов навишта шуда буд. Хаттотони машҳури Балху Бухоро, Самарқанду Хуҷанд, Марву Ҳирот, Хатлону Кобул ва дигарон асарҳои донишмандони худро дар пўсти нахчир ва дар қоғазҳои хушсифат рўбардор менамуданд.
Китобдорӣ ва китобхонасозӣ дар замони ба сари қудрат омадаи сулолаҳои тоҷикии хонадон Бармакиён, Тоҳириён, Саффориён хеле рушду густариш ёфт. Дар давраи Сомониён халқи тоҷик давлати миллии худро пурра таъсиси дод, забони тоҷик ҳамчун забони давлатӣ, сиёсӣ, низомӣ, дипломатӣ ва адабӣ густариш ёфт. Китобдорӣ ва бунёди китобхонаҳо аз нав равнақи тоза пайдо кард. Аксари шаҳрҳо китобхона доштанд. Дар аҳди Сомониён китобхонаҳои дарборӣ, шахсӣ ва муассисоти динӣ Дар пойтахти давалати Сомониён- шаҳри Бухоро бузургтарин ва ғанитарин китобхона «Сивон-ул-ҳикмат» фаъолият дошт, ки ба илми китобхонашиносӣ ва китобдории тоҷикон замина гузошт.
Баъди аз байн рафтани Сомониёну Ғуриён ва ба сари қудрат омадани сулолаҳои гуногун – туркиву муғулӣ, ғазнавӣ, қарахонӣ, салчуқӣ қарахитоӣ, чағатоӣ ва монанди инҳо таъсири суннатҳои китобдорӣ ва фаъолияти китобхонаҳои даврони Сомониён дар раванди фаъолияти ин сулолаҳо хеле бузург буд. Баъди истилои сарзамини аҷдодии тоҷикон онҳо ночор ва батадриҷ ҳаёти шаҳрӣ ва зироаткориро қабул карданд ва рў ҷониби китобу китобхона, макотибу масоҷид меоварданд. Вале китобҳои зиёде бар асари ҳуҷуму тохтутозҳои аҷнабиён тороҷ шуда, дар натиҷаи кашмакашиҳои феодалӣ пурра барбод рафтанд. Сарвари тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон, дуруст иброз медорад, ки «Ҳар лашкаркаше, ки ба сарзаминҳои Мовароуннаҳру Хуросон ҳамла меовард, пеш аз ҳама, марказҳои маънавӣ ва китобхонаву донишмандонро маҳву нобуд месохт».
Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин лиҳоз мардуми олам бо арзу муҳаббату эҳтиром киобҳо ва ганҷинаи маънавии ниёгонро дар хазинаҳои миллии хеш ҳифзу нигаҳдорӣ мекунанд, то наслҳои имрўз ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд.
Воқеан ҳам китоб сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат ва беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омўзгори беминнат, ҳамсўҳбати хушгуфтору беозор мебошад. Зеро китоб чун хуршед фазои зиндагиро равшан мекунад, чун борон бар сарзамини қалбҳо меборад ва андешаҳову кирдорҳоро равнақу зебоиву тароват медиҳад. Китоб волотарин ҷойгоҳро дар густурдаҳои фардиву иҷтимоӣ дорост, ки бар қалбҳову андешаҳо медурахшад. Хулоса китоб сармояи хирад, сарвати бебаҳо ва кони ганҷу маърифат буда, инсонро ба ростию росткорӣ, хирадмандию мардонагӣ ҳидоят мекунад.
Назар Баҳрулло,
шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии Китобхонаи миллӣ.