Дўстӣ ва рафоқати Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, шеърҳои шоирони машҳури тоҷики асри XV – Хоҷа Масъуди Қумӣ, Камолиддин Биноӣ, Амир Суҳайлӣ, Мавлоно Нодирӣ, Ҳилолӣ, Осафӣ, Соғарӣ, Мавлоно Субҳӣ, Саид Ҳасани Ардашер, Ҳофизи Ёрӣ ва дигарон аз ҳамсўҳбатони Навоӣ буданд, низ дар мавридҳои алоҳида дар ҳаққи шоирию фозилӣ ва илтифоту ғамхориҳои Навоӣ суханҳои нек гуфтаанд ва баъзе аз онҳо дар тавсифи ў шеърҳо навиштаанд, ки намунаи барҷастаи дўстӣ ва бародарӣ, меҳру муҳаббати байниҳамдигарии халқҳои тоҷик ва ўзбек мебошанд.
Ҳамкории ин ду марди таърихӣ намунаи беҳтарини муносибатҳои
Ин китоб ба тозагӣ нашр шудааст ва тавсифи табиӣ-географӣ, сохти геологӣ, ҳолати сейсмикӣ, гуногунии биологӣ, захираҳои обӣ, вазъи радиатсионӣ мебошад. Дар он оид ба табиати мавзеи дараи Камароб маълумот гирд оварда шуда, хусусиятҳои табиӣ-географӣ, сохти геологӣ, ҳолати сейсмикӣ, гуногунии биологӣ захираҳои обӣ, вазъи радиатсионии ин мавзеи табиӣ тавсиф карда шудааст.
Китоб барои олимон ва мутахассисони илмҳои табиатшиносӣ, кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист ва сайёҳӣ, аспирантҳо, магистрҳо, донишҷўён ва доираи васеи хонандагон тавсия дода мешавад.
Академик Фарҳод Раҳимӣ-Президенти Академияи милии
Дар китоб, ки Партоев Қ., Эргашев А., Сафармади М. навиштаанд, маълумоти зарурӣ доир ба таърихи пайдоиши топинамбур (Ноки заминӣ - helianthus tuberosus I.), доир ба тағйирёбии баъзе аз нишонаҳои морфологии он дар шароитҳои гуногуни агроэкологии парвариш (дар водиҳои К=лобу Ҳисор) ва тавсифи нишонаҳои генетикии намунаҳои топинамбур маълумотҳои зарурӣ пешкаши хонандагон гардидааст. Инчунин, оиди хусусиятҳои генетикии намунаҳои гуногуни ин рустанӣ, қобилияти мутобиқшавии намунаҳои он дар баландиҳои 460 ва 840 м аз сатҳи баҳр, аҳамияти иқтисодии парвариши топинамбур ва хусусиятҳои ғизоӣ ва табобатии он дар пешгирӣ намудани касалии қанд ва дигаркасалиҳои инсон маълумотҳои зарурӣ
Китобхонаи миллӣ зарфи нуҳ моҳи сипаришуда ба маблағи зиёда аз 450677 23979 китоб дарёфт кард ва ин миқдор мавриди коркард қарор гирифт. Ба захираи умумии Китобхона 19655 нусха ба маблағи умумии 403174 сомонию 71 дирам ворид карда шуд. Аз ҷумла, 18374 нусха китоб, 806 нусха маҷалла, 79 нусха нашрияҳои давомноки илмӣ, 41 адад нотаҳо, 287 нусха диссертатсияҳо, 63 дона СD-DVD ва 5 нусха секограмма.