Китоби нав: Нишонаҳои морфологии намунаҳои топинамбур (helianthus tuberosus i.) дар шароитҳои гуногуни агроэкологӣ

Дар китоб, ки Партоев Қ., Эргашев А., Сафармади М. навиштаанд, маълумоти зарурӣ доир ба таърихи пайдоиши топинамбур (Ноки заминӣ - helianthus tuberosus I.), доир ба тағйирёбии баъзе аз нишонаҳои морфологии он дар шароитҳои гуногуни агроэкологии парвариш (дар водиҳои К=лобу Ҳисор) ва тавсифи нишонаҳои генетикии намунаҳои топинамбур маълумотҳои зарурӣ пешкаши хонандагон гардидааст. Инчунин, оиди хусусиятҳои генетикии намунаҳои гуногуни ин рустанӣ, қобилияти мутобиқшавии намунаҳои он дар баландиҳои 460 ва 840 м аз сатҳи баҳр, аҳамияти иқтисодии парвариши топинамбур ва хусусиятҳои ғизоӣ ва табобатии он дар пешгирӣ намудани касалии қанд ва дигаркасалиҳои инсон маълумотҳои зарурӣ оварда шудаанд.

Китоб ба кормандони илм, биологҳо, генетикҳо, селексионерон, аспирантҳо, донишҷўён, мутахассисони бахши кишоварзӣ ва фермерҳо пешкаш мегардад.

Топинамбур чист?

Посухи ин суолро муаллифон дар муқаддимаи китоб ин гуна овардаанд: Топинамбур (helianthus tuberosus I.), рустании бисёрсолаи лўндамевагӣ буда, ба офтобпараст монандӣ дорад. Пояаш рости сершоху сербарг буда, рангаш сабз ё андак бунафштоб аст. Баландии пояаш аз 2 то 4 м-ро ташкил доданаш мумкин аст. Баргаш дарозруяи тухмшакл, калон, нўктез ва дандонадор мебошад. Миқдори умумии элементҳои хокистарӣ дар лўндаҳои топинамбур ба миқдори онҳо дар лўндаҳои картошка наздикӣ дорад (FAO,2018).

Доир ба аҳамияти энергетикӣ, озўқаворӣ ва иқтисодии зироати серҳосили топинамбур ҳоло дар бештари давлатҳои ҷаҳони муосир диққати хоса дода мешавад. Чунки ин рустанӣ меҳнати камро талаб намуда, ҳосили бештарро ба бор меорад, ки ҳамаи узвҳои он барои инсону ҳайвонот қобили истифода мебошанд. Аз ин лиҳоз, ин рустании фоиданок ҳоло дар дунё дар майдони бештар аз 2,5 млн. га кишт гашта, ҳосили умумии лўндаҳои он бештар аз 70 млн. тоннаро ташкил медиҳад (Мамонова, 1995).

Дар таркиби лўндаи топинамбур миқдори зиёди моддаҳои химиявӣ мавҷуд аст, ки хусусан барои одамони гирифтори касалии қанд фоидабахш аст. Бояд зикр намуд, ки диабети қанд яке аз бемориҳои паҳншудаи одамон ба ҳисоб меравад, аз ин лиҳоз фавти беморон дар таносуб ба дигар бемориҳо, аз ҷумла қалбу рагҳои хунгард ва саратон дар ҷойи сеюм меистад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар маҷлиси тантанавии бахшида ба 60-солагии таъсисёбии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳанўз 18 ноябри соли 2011 чунин ибрози ақида намуда буданд: “Дар шароити имрўза баландшавии нархи сўзишворӣ дар бисёр кишварҳо мушкилоти зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Олимон яке аз роҳҳои таъмин намудани аҳолиро бо сўзишвории арзон ва хушсифат дар истеҳсоли биоэтанол мебинанд. Дар кишвари мо заминҳои лалмиву бекорхобида хеле зиёданд. Агар дар онҳо топинамбур, - яъне “ноки заминӣ” кошта, аз он биоэтанол истеҳсол кунем, як қисми эҳтиёҷотро бо сўзишвории худӣ таъмин хоҳем намуд. Дар заминаи баъзе аз корхонаҳои саноатии кишвар бо андаке навсозӣ метавон истеҳсоли биоэтанолро ба роҳ монд. Ин амалан ҳам хело фоидаовар мебошад. Бояд Академияи илмҳо якҷоя бо Вазорати энергетика ва саноат, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бобати дарёфти манбаъҳои алтернативии нерў ва истифодаи амалии онҳо дар истеҳсолот ва рўзгори мардум тавсияҳои аз лиҳози илмиву амалӣ асоснокро пешниҳод намоянд ва барои татбиқи онҳо тадбирҳои мушаххас андешанд”.

Дилноза Ғаниева, мутахассиси пешбари

маркази такмили ихтисос.