Китоби нав: Метод ва методологияи таҳқиқи илмӣ

 Дар ин китоб моҳияти методология, асосҳои методологии маърифати илмӣ, маҷмўи методҳои маърифати илмӣ, махсусияти назарияи ВАО, ҷанбаҳои методологии он, самтҳои асосии пажўҳишҳои илмии муосир дар назарияи журналистика, сохтори методологии таҳқиқи диссертатсионӣ ва амсоли ин мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтааст.

Он барои муҳаққиқон, аспирантону унвонҷўён, магистрҳо ва ҳаводорони илмҳои гуманитарӣ, хосса илми журналистика пешниҳод мешавад.

Муаллифи китоб профессор Мурод Муродӣ буда, онро метавонед аз ҳама толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ дастрас намоед.

Файзидин Қурбонов,сармутахассиси  шуъбаи маркетинг

ва менеҷменти фаолияти китобдорӣ