Китоби нав: “Саҳми пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илмҳои филологӣ”
Нашр шуд 2020-09-02 13:59
Илмҳои филологӣ ё суханшиносӣ, ки дар қаламрави форсизабонон таҳти унвони улуми адабӣ ёд шудааст, дорои 22 шоха буда, аз бузургтарин дастовардҳои миллӣ маърифат мешавад, зеро он ифодагари маънавиёт, сатҳи тафаккур ва ҷаҳонбинии миллӣ мебошад.
Яке аз бузургтарин рисолатҳои таърихии баҷоовардаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълифи осори илмӣ мебошад. Далели барҷастаи ин гуфтаҳо асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих» (1996), «Аз Ориён то Сомониён» (1999), «Ориён»(2007), «Забони миллат-ҳастии миллат» (иборат аз ду китоб: китоби 1, 2016, китоби 2, 2020), «Чеҳраҳои мондагор» (2016) мебошанд, ки нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бедорӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва дифои арзишҳои миллӣ бозгў мекунанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» оид ба зиндагиномаву корномаи 25 тан чеҳраи таърихи баҳс ба миён оварда, мақоми ҳар кадоме аз ин шахсиятҳо ва рисолати таърихии баҷоовардаи онҳоро дар таърих мавриди баррасии амиқ қарор додаанд. Дар асар оид ба шаш тан чеҳраҳои сиёсӣ-давлатӣ, ду тан аз саромадони адиёни қавмӣ, озодихоҳон, корнома ва мақоми таърихии паёмбари дини мубини Ислом (с), даҳ тан адибони асримиёнагӣ, чаҳор тан симоҳои адабиёти давраи нави тоҷик баҳсҳо сурат гирифтааст, ки ниҳоят муҳиму актуалӣ мебошанд.
Китоби мазкур маҳсули андешарониҳои амиқи муаллиф оид ба таъриху фарҳанги бисёрасраи халқи тоҷик мебошад. Муаллиф доираи васеи масъалаҳои муҳими ба ҳастии миллат иртибот дошта, таъриху тамаддуни халқи тоҷик ва чеҳраҳои баргузидаи онро ба риштаи таҳқиқ кашида, мероси пурғановати фарҳангӣ ва марҳилаҳои асосии тақдирсози таърихи гузаштаро, ки дар ташаккули худшиносии миллӣ нақши бориз доранд, басо муфассал ба таҳқиқ
гирифтаанд.
Китоби мазкур зери назари академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода омода шуда, мураттиб ва муаллифи пешгуфтор, доктори илмҳои филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ мебошад.
Китобро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Файзиддин Қурбонов,
сармутахассиси шуъбаи маркетинг ва
менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.