Камолиддин Беҳзод- Рафаэли Шарқ
Дар Шарқ ӯро “Монии сонӣ” меноманд ва дар Ғарб бо номи “Рафаэли Шарқ” маъруф аст. Маъруфияти ӯ тасаввурношуданист. Дар сарзамине дида ба олам кушодаву кору эҷод кардааст, ки кашидани расми инсон тибқи таълимоти динӣ мамнуъ буд. Вале вай ончунон минётурҳои ҷолибу дидани офарида, ки то ба имрӯз аз маъруфияташон коста нашудааст.
Камолиддин Беҳзод соли 1455 дар шаҳри Ҳирот таваллуд шудааст. Вай хеле хурдсол буд, ки падараш даргузашт. Таълимоташро дар китобхонаи Ҳирот, назди Мираки наққош ба итмом расонд ва дар муддати андаке дар суратгарӣ ва наққошӣ маҳорати зиёд пайдо кард. Мувофиқи баъзе ривоятҳо Беҳзод аз Пир Сайидаҳмади Табрезӣ ва Султоналии Машҳадӣ низ сабақ гирифтааст.
Беҳзод баъди ба камоли эҷодӣ расидан ба муҳити адабии Ҷомӣ ва Навоӣ роҳ ёфта, аз онҳо кўмаки моддӣ ва маънавӣ мебинад. Дар охири солҳои ҳафтодуми асри понздаҳ то соли 1507 дар китобхонаи Султон Ҳусайни Бойқаро ба суратгарӣ ва ороиши китобҳо машғул шуд.
Султон Ҳусайни Бойқаро барои Беҳзод дар чаҳорбоғи худ манзил ва коргоҳ медиҳад. 22 июни соли 1487 Беҳзодро китобдори китобхонаи худ таъин карда, тамоми котибону музаҳҳибон, ҳалкорону заркўбон, лаввоҳону саҳҳофон, ҷадвалкашону наққошони китобхонаро зери итоати ў мегузорад. Бо сайъи ҳунармандони ин китобхона санъати ороиши китоб ба пояи баланд расид, рассомӣ ва минётурнигорӣ ривоҷи тоза ёфт. Ин давра давраи нумўи фаъолияти эҷодии Беҳзод ва ташаккули мактаби минётури Ҳирот ба шумор меравад. Беҳзод бо вучуди дар заминаи анъанаҳои маъмулӣ қарор гирифтани эҷодиёташ мактаби минётури Ҳирот ва Шерозро бо ҳам пайваст ва дар таърихи санъати рассомии халқҳои форснажод ба асри тиллоии минётурнигорӣ бунёд гузошт.
Соли 1512 Исмоили Сафавӣ Ҳиротро забт менамояд. Муддати ҳашт соли дигар Беҳзод корашро дар Ҳирот идома медиҳад, соли 1520 Исмоили Сафавӣ ӯро ба Табрез, ки пойтахти салтанаташ буд, бурд. Беҳзод дар китобхонаи шоҳии Табрез машғули рассомӣ ва ороиши китобҳо шуда, ба валиаҳди Исмоили Сафавӣ – Таҳмосб мусаввириро омўхт. Соли 1524 Исмоили Сафавӣ вафот кард ва ба ҷои ў писари 12-солааш Таҳмосб ба тахт нишаст. Беҳзод ба дасисаҳои аҳли дарбор тоб наоварда, ба зодгоҳи худ баргашт ва соли 1535 дар зодгоҳаш - Ҳирот вафот кардааст. Қабри Беҳзод дар ҳаволии кўҳи Мухтори Ҳирот ҳанўз ҳам барҷост.
Беҳзод шахсияти камназир дар тасвирнигориву наққошӣ маҳсуб мешавад ва ончуноне, ки муқаллидон дар пайравӣ ба ашъори шуарои бузург шеърҳои суст офаридаву номи нобиғаҳои шеърро зераш гузоштаанд, рассомони тақлидкоре тӯли асрҳо нақшҳоеро, ки мазмунану моҳиятан заъифанд, ба Беҳзод мутааллиқ донистаанд. Ин аст, ки дар асри имрӯз ҳам баъзан хеле мушкил мешавад наққошиҳои асилро аз ноасил ҷудо кард. Вале бо вуҷуди ин пажуҳишгарон бо пайдо кардани нишонаҳои ҳассосе наққошиҳои мансуб ба Камолиддин Беҳзодро ошкор кардаанд.
Ин таҳқиқот махсусан пас аз барпо шудани намоишгоҳи ҳунари эронӣ дар Лондан дар соли 1931 то ҳадде ба натиҷа расидааст. Асоси иттилооте, ки аз кори ӯ дар даст аст, тасвирҳоест, ки бо имзои шахсии ӯ дар нусхае аз “Бӯстон”-и Саъдӣ нақш шуда ва дар китобхонаи миллии Қоҳира нигаҳдорӣ мешавад. Шеваи ба кор бурдани рангҳои гуногун ва дурахшон тасвирҳо аз ҳассосияти амиқи Беҳзод нисбат ба рангҳо ҳикоят мекунад.
Қосим Алӣ ва Оқо Мирак барин шогирдонаш ба ҳадде маъруф шуда, ки мегӯянд ба пояи ҳунари устодашон расидаанд. Наққошони ҳиротӣ сабки Беҳзодро ба Бухоро бурданд ва онро дар дарбори хонадони Шайбонӣ парвариш доданд. Муҳоҷирати бархе аз наққошон сабаби рушди сабки наққошии Беҳзод дар Ҳинд низ гардид.
Дар эҷодиёти Камолиддин Беҳзод аниқӣ ва воқеияти комил, услуби фардӣ кунонидани чеҳраҳо ва дар вазъу ҳолатҳои гуногуни психологӣ сабт шудани қиёфаи ашхос мақоми калон дорад. Эҷодиёти Беҳзод хеле гуногунжанр ва мухталифмавзўъ аст. Вай ҳам портретҳои муосиронаш, ҳам тасвири қаҳрамонҳои афсонавӣ, ҳам мусаввараҳои айшу нўш ва разму базми синфи доро, ҳам лавҳаҳои пурҷозибаи лирикӣ, ҳам манзараҳои дилангези табиат ва ҳам лаҳзаҳои гуногуни ҳаёти меҳнатии халқро кашидааст. Дар ҳама мусаввара, минётур ва мунаққаҳои ў табиат ва олами ботинии инсон бо нозуктарин эҳсос тасвир ёфтааст.
Беҳзод бисёр асарҳои қаҳрамонӣ ва романтики саромадони адабиёти форс-тоҷик ва китобҳои таърихиро ороиш додааст. Қадимтарин осори ба дастдаромадаи Беҳзод «Бўстон»-и Саъдист, ки онро Султоналии Машҳадӣ соли 1478 китобат кардааст. Ин дастнависи нодир ҳоло дар китобхонаи Честер Битти (Дублин) маҳфуз аст. Бори дигар Беҳзод соли 1488 бо хоҳиши Султон Ҳусайни Бойқаро «Бўстон»-и Саъдиро, ки бо хати Султоналии Машҳадӣ ва нақшҳои Ёрии Музаҳҳиб омода шуда буд, оро медиҳад. Ин дастнавис, ки 6 рамзи ҷаззобро фаро мегирад, ҳоло дар китобхонаи миллии Қоҳира маҳфуз буда, дар 4 расми он мусаввир ба тариқи «Амалилабди Беҳзод» имзо гузаштааст. Соли 1467 Шералии Хаттот китоби «Зафарнома»-и Шарафуддин Алии Яздиро рўйбардор кардааст, ки аз 12 сурати китоби мазкур 8 сурати он ба қалами Беҳзод мансуб аст. Ин дастнавис ҳоло дар ИМА, дар китобхонаи Донишгоҳи Ҷон Хопкинс (Балтимор) маҳфуз аст.
Реализми осори Беҳзод бештар дар нигоришоте падидор мешавад, ки ҳаёти воқеӣ ва меҳнати халқро ифода мекунад. Агар дар давраҳои аввал Беҳзод дар мавзўъҳои гуногун (бештар дар мавзўъҳои таърихӣ-қаҳрамонӣ) расм мекашида бошад, дар солҳои 90 асри XV ва минбаъд, дар эҷодиёти ў мавзўъҳои лирикӣ бештар мавқеъ пайдо мекунанд. Вай дастнависҳои «Хамса»-и Низомӣ (нусхаҳои 1492 ва 1495, Мавзеи Британия), «Маҷнун ва Лайлӣ»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ (1495, Китобхонаи оммавии Ленинград ба номи Салтыков Щедрин) ва «Мантиқ-ут-тайр»-и Аттор (Музеи санъати нафисаи Метрополитен, Нью-Йорк) оро дода, дар онҳо лаҳзаҳои ниҳоят ҷаззоби лирикиро тасвир мекунад.
Санъати реалистонаи Беҳзод панҷсад сол боз ба мардум ғизои маънавӣ мебахшад, зеро тасвирҳои ў ҳаётӣ ва ҳақиқӣ буда, бо ҷаззобияти худ бинандаро мафтун мекунанд. Дар гузашта бузургтарин осорхонаи икшваршиносӣ ва санъати тасвирии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе номи Беҳзодро дошт. Он соли 1934 дар заминаи Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии қишлоқи ҷумҳурӣ ташкил шуда буд. Соли 1960 бо Осорхонаи санъати тасвирии ба номи Беҳзод муттаҳид гардид. Номи он баъдан ба Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Беҳзод иваз карда шуд.
Хонандаи азиз дар Китобхонаи миллӣ дар бораи камолиддин Беҳзод метаовнад ин матолибро мутолиа намояд:
- Яқубов, Ю. Беҳзоди ягонаи замона: Аз ҳаёт ва фаъолияти рассоми бузурги тоҷик Камолиддини Беҳзод // Маориф ва маданият. – 1964. – 21 май.
- Айнӣ, Л. Устод Беҳзод: Дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Беҳзод // Садои Шарқ. – 1970. – №12. – С. 76-85.
- Белинская, А., Пўлодов, Ў. Камолиддин Беҳзод: Ҳаёт ва эҷодиёти минётурнависи асримиёнагии Шарқ // Садои Шарқ. – 1973. – № 6. – С. 100-111.
- Пўлодов, Ў. Камолиддин Беҳзод: Ҳаёт ва эҷодиёти мусаввири номии тоҷик Камолиддин Беҳзод / Муҳаррир М. Наимов. – Душанбе: Ирфон, 1978. – 47 с.
- Оиди Беҳзод // Ғафуров, Б. Тоҷикон: Таърихи қадимтарини, қадим ва асри миёна. – Душанбе. – Ҷ. 1. – 1984.
- Сабоҳӣ, С. Чеҳракушои Шарқ: Рассоми асри XV- XV1 К. Беҳзод // Хрестоматия: Доир ба сабақҳои тарбия. – Душанбе, 1985. – С. 129-131.
- Ашрафӣ, М. Беҳзод ва рушди мактаби минётурии Бухорои асри XV. – Душанбе: Дониш, 1987.
- Беҳзод Камолиддин: Мусаввир, наққош ва минётурнигори тоҷик // Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе, 1988. – Ҷ. 1. – С. 272-273.
- Бойназаров, Б. Ӯ доди ҳунарварӣ ба олам додааст: Дар бораи Камолиддин Беҳзод – рассом // Илм ва ҳаёт. – 1990. – №3. – С. 17.
- Ҳамидов, А. Монии Сонӣ ё худ Рафоэли Шарқ: Ба ифтихори 545-солагии зодрўзи рассоми забардасти тоҷик Камолиддини Беҳзод // Тоҷикистон. – 2001. – № 5. – С. 22.
- Расулиён, Қ. Шогирдони табрезии Камолиддини Беҳзод: Ба муносибати 545-солагии К. Беҳзод // Адабиёт ва санъат. – 2001. – 24 август.
Энсиклопедияи советии тоҷик,
Шабакаи ҷаҳонии Интернет
таҳияи Ҳусния Назарова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ