“Дастони моҳир”: Мо кудакони хушбахтем!

Дар барномаи навбатии “Дастони моҳир”-и Шуъбаи кӯдакон ва наврасон мавзуъи баҳс ва тасвир Рӯзи кӯдакон буд.
Рӯзе қабл омӯзгорон ба хонандагон супориш дода буданд, ки дар бораи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон фикр андеша ронанад ва барои рӯзи дигар омода бошанд. Ҳадаф аз ин супориш он буд, ки кӯдакон фурсати андеша дошта бошанд, то битавонанд ин рӯзро тасаввур кунанд, ки чӣ рӯз аст.
Рӯзи дигар мураббиён аз бачаҳо дар бораи ин рӯз суол карданд. Маълум шуд, ки аксарияти бачаҳо тасаввуроти хира дар бораи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон доранд. Ва барои рушантар шудани тасаввурашон доир ба рӯз ва афзудан ба дониши онҳо мураббиён чизҳои тозаро нақл карданд. Аз ҷумла дар бораи ғамхории Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кӯдакон, ҷалби ҳамаи онҳо ба омӯзиши илму дониш ва ғайра сухан ронданд. Ва боз гуфтанд, ки ҳамин толоре, ки ҳоло онҳо нишаставу расмкашӣ мекунанд, натиҷаи ҳамин ғамхориҳо буд.
Баъдан бо супориш бачаҳо дар бораи кӯдакон расм кашиданд ва ҳар кадом тасаввури худ аз ин рӯ ва умуман олами тифлонро рӯйи коғаз тасвир кард.
Дар поёни барномаи ҳамчунин як маҳфили шеърхонӣ ҳам барпо шуд ва бачаҳо дар бори тифливу хонишу мактаб ва модару Ватан шеърҳо хонданд.