Даричаи ошноӣ: Шўъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2017-05-13 16:17
Шуъбаи кўдакон ва наврасон дар асоси дархост ва пешниҳодҳо ва Оинномаи Китобхонаи миллӣ моҳи марти соли 2013 ташкил шудааст ва чанд мудат ҳамчун толори хизматрасонӣ якҷо бо шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён фаъолият намудаст.
Аз соли 2015 то марти соли 2017 баъди фармоиши Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон толор ба бахши кўдакону наврасони зертобеъи Шуъба маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ амал кард.
Моҳи марти соли 2017 чун Шуъбаи мустақил ба фаъолият пардохт.
Дар толори шуъба хонандагон асосан синни 6 то 17-сола ташриф меоранд. Фонди шуъбаро асосан адабиётҳои кўдакона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ ва дигар забонҳо ташкил медиҳанд ва ин фонд зиёда аз 1700 китобу маҷалларо дар бар мегирад.
Ҳар моҳ аз шуъбаи коркарди адабиёт ба шуъба адабиётҳои бачагона ва рўзномаю маҷаллаҳо бо забонҳои гуногун таъмин карда мешавад ва дар гўшаи дигари толор намоиши китоб вобаста ба ҷашну маросимҳо ва аз адабиётҳои тозанашр барои шиносонидани хонандагон дар
мавзўъҳои гуногун гузошта мешавад.
Хушбахтона, тайи солҳои охир адабиётҳои кўдакона аз ҷониби нашриётҳо ба шаклу тарҳи замонавӣ ба чоп расидаанд ва ин гуна китобҳо ба шуъба низ ворид шудаанд. Маҷаллаю рўзномаҳои наву куҳна, ҳатто нашрияҳои солҳои пешини замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар шуъба мавҷуданд ва
хонандагон пайваста онҳоро ҳам дархост мекунанд. Машҳуртарину серхонандатарини онҳо “Машъал”-и тоҷикиву “Мурзилка”-и русӣ мебошанд, ки аввалӣ дар Душанбе ва дуюмӣ дар Маскав нашр мешуд.
Хонандагон имкон доранд ҳамчунин маҷаллаҳое аз қабили “Чашма”, “Аҷоиботи олам”, “Олами техника”, “Рангинкамон”, “Офтобак”, “Афсонаҳо”, “Пайрав”-ро низ дар толори хониши шуъба бихонанд. Бахусус, дар ҳар шумораи “Пайрав” мақолае аз кормандони шуъба чоп мешавад, ки аз фаъолиятҳои ҳаррӯза ва дигар масъалаҳо баҳс менамояд.
Фонди толорро асосан фонди кушод ташкил медиҳад, яъне адабиётҳои толор ба таври намоиш гузошта шудааст ва хонанда ҳангоми ворид шудан ба толор дилхоҳ адабиётро метавонад интихоб намояд.
Дар толори хониши Шуъба чордаҳ адад кормютерҳо гузошта шуда ва онҳо бо барномаҳои таълимию тарбиявӣ пайваст карда шудаанд. Ин барои баланд бардоштани савия дониши хонандагон муҳим арзёбӣ мешавад ва барои ҳар як хонанда 30 дақиқа вақт гузошта мешавад.
Бозиҳои компютерии шуъба асосан ёд гирифтани ҳарфҳо, рақамҳо рангҳо ва сохтани ҳар гуна ашёҳо мебошад, ки ба воситаи ин гуна бозиҳо кўдакон бисёр чизҳоро ёд мегиранд.
Аз шуъбаи кўдакон ва наврасон ҳамарўза аз шаҳри Душанбе ва мамолики кишварҳои дуру наздик аз ҷумла Ҳинд, Қатар, Амрико, Литва, Украина, Русия ва дигар давлатҳои ҳамсоя дидан мекунанд. Инчунин дар шуъба ҳар моҳ барномаҳои вохўри бо адибону олимон баргузор мешавад, ки дар он ҳамаи хонандагон имкони ширкат кардан доранд. Аксари барномаҳои фарҳангиву маърифатии Шуъба бо сабти телевезиони кўдакон ва наврасони «Баҳористон» мегузаранд ва онҳо аз тариқи ин ширкати телевизионӣ намоиш дода мешаванд.
Дар шуъба бо муаллимони пуртаҷриба барномаи «Дастони моҳир» моҳе се маротиба гузаронида мешавад. Дар он асосан хонандагон тарзи омода намуда намудани гулдон, лухтакҳо, ашёҳо ва сохтани ҳар гуна паррандагон ва ҷонваронро аз маҳсулотҳои конселярӣ ва тибқи талабу дархости хондагон фаъоли толор сохта мешавад ва ҳамаи инҳо дар як гўшаи толор ба намоиш гузошта шудааст.
Як қисмати толори шуъбаи кўдакон ва наврасон расмҳои зебои тасвир намудаи хонандагон, ки дар толор кашида шудаанд, ба намоиш гузошта шудааст ва ҳар меҳмон ва сайёҳе, ки бори аввал меояд, ҳатман аз ин расмҳо дидан мекунад.
Бояд қайд кард, ки ғайр аз хизматрасониҳои анъанавӣ дар толори дигари шуъба бозиҳои рўи мизӣ, аз қабили шоҳмот, шашка вуҷуд доранд. Ғайр аз ин хонандагони хурдсол имкон доранд сарагарми расмкашӣ ва сохтани ҳар гуна ашё шаванд.
Дар шуъба барои хонандагон вобаста ба ҷашну маросимҳо озмуни расмкашӣ дар мавзуъҳо гуногун гузаронида мешавад, ки ҳамаи ин расмҳо ғайр аз намоишгоҳи толор ба озмуни телевизиони кўдакон ва наврасон «Баҳористон» пешниҳод карда мешавад.
“Баҳористон” ғолибони ин озмунҳоро ба тамошои боғу гулгаштҳо ва намоишҳои театрӣ мебарад.