Ҳафтае қабл 46 номгӯй китоб ба теъдоди зиёда аз 460 адад китоб аз ҷониби Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шуъбаи такмили адабиёти Китобхонаи миллӣ ворид гардид. Аксари ин китобҳо дар нашриёти “Маориф”- матбааи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шудаанд. Китобҳои тақдимшуда барои хонандагони аз синфи 1 –ум то синфи 11 - ро дар бар мегирифт ва хонандагони шуъбаи кўдакон ва наврасон бештар китобҳои дарсиро дархост мекарданд.
Хонандагон ҳоло имкон доранд китобҳои зеринро аз толори хониши кӯдакон ва наврасон мутолиа намоянд: