Суннатҳои либосдўзию либоспўшии тоҷикон дорои мазмунҳои фарҳангию иҷтимоӣ ва асотирию эътиқодӣ мебошанд. Онҳо зинаҳои рушду тараққиёти ниёгони мардуми тоҷикро аз даврони бостон то ба имрўз дар худ инъикос кардаанд. Қабл аз ҳама гуфтан лозим аст, ки тоҷикон ба интихоби ранги либос таваҷҷуҳи махсус доранд. Аз замонҳои қадим ниёгони тоҷикон – суғдиёну бохтариён аз матоъҳои пахтагин ва баъдтар абрешимини сафедранг бештар либос медўхтанд. Ранги сафеди либос рамзи покию озодагӣ, беолоишӣ, бахти сапед ва сулҳу амониро ифода мекард.
Дар баробари он дар рўзҳои идҳои суннатию ҷашнҳои маишӣ ва рўзҳои хурсандӣ тоҷикон, ҳам марду ҳам зан, либосҳои рангаю гулдор ва мунаққашро ба бар мекарданд, ки он орзую омоли рангин ва хушбахтии мардумро бозтоб менамуд. Ин анъанаҳо дар тўли садсолаҳо мардуми