Activities calendar

30 января 2019

ОҲАНГАРӢ: Дирӯз ва имрӯз

   Дар гузашта сўзишвории асосӣ барои оҳангарон ангишти дарахтони сахтчўб ба ҳисоб мерафт. Дар кўҳистон ангишро аз дарахтони арча, бурс ва баъзан аз ангат тайёр мекарданд, ҳоло ангиштсангҳои истеҳсолии конҳои Тоҷикистон истифода мешаванд. Инчунин имрўзҳо ба ҷойи саночи дамдиҳӣ воситаҳои барқии боддиҳӣ ба кор бурда мешавад.

Оҳангарӣ аз касбҳои маъмулии тоҷикон мебошад, ки то ба имрўз идома дорад. Устохона ё корхонаҳои оҳангарӣ дар аксари шаҳру деҳаҳои кишвар фаъолият доранд, ки ниёзи мардумро ба ашё ва маҳсулоти оҳанӣ таъмин месозанд. Оҳангарӣ  дар гузашта аз чиҳилу як ҳунар иборат буда, ҳар яке аз дигаре фарқ доштааст. Масалан, устои каландгар, мехгар, мисгар, дегрез, наълкўб, кордсоз, қуфлсоз, сўзангар ва амсоли инҳо. Ҳоло баъзе аз ин ҳунарҳо бинобар рушди технологияи металлургӣ аз байн рафта, истеҳсоли маҳсулоти

Аввалин операхони тоҷик

    Имрӯз ба таваллуди Ҳанифа Мавлонова 95 сол пур шуд. Ҳанифа Мавлонова аз ҷумла ҳунармандони маъруфи кишвар аст, ки миёни ҳаводорони санъати опера  шӯҳрати беандоза дорад. 86 сол умр дидаву дар тӯли умр дар даҳҳо намоиши театрҳои гуногун нақшҳои хотирмон бозидааст. Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон (1951), Ҳунарпешаи халқии СССР (1968) буд.

    Ҳанифа Муҳиддиновна Мавлонова 30 январи соли 1924 ш. Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) дида ба олам кушодааст. Духтари мутриби халқӣ Муҳиддин Мавлонов будааст. Аз хурдсолӣ ба мусиқӣ рағбат дошт. Омӯзишгоҳи мусиқии Ленинободро с. 1936 хатм карда, дар Консерваторияи давлатии Москва таҳсил намуд (1952-1959). Пас аз хатми омӯзишгоҳ солҳои 1937-1939

Ҳунарҳои мардумӣ: ТАБАҚТАРОШӢ

   Ҳунари табақтарошӣ миёни халқи тоҷик аз маъмултарин ҳунарҳои суннатӣ маҳсуб меёбад, ки ба сохтани табақу қошуқ ва дигар ашёи чубӣ алоқаманд аст. Ин ҳунар мутобиқи  талаботи мардум ба табақи чубин то ба имрўз фаъол  мебошад. Дар навоҳии водиҳои Ҳисору Рашт ва вилояти Хатлон мардум хўрокҳои анъанавӣ: қурутоб, шакароб, шўрбо ва чанде дигарро мардум дар табақи чўбин истеъмол мекунанд.

Мо чанд «Чилдухтарон» дорем?

   Дар бораи Чилдухтарон ривояти дигаре  ҳам  ҳаст, ки гӯё душманони деҳаи воқеъ, дар домани куҳ ғорат карда, ҳамаро мекуштанд. Дар шаби торик чил духтар дар дастҳо  машъал барои наҷот аз ғоратгарон даст  ба дасти якдигар дода ба болои куҳ мебароянд. Душман ба онҳо наздик мешавад, вале духтарон ҳанўз душман нарасида аз Худо илтиҷо мекунанд, ки онҳоро ба санг табдил диҳад. Худо дуои онҳоро қабул мекунаду 

 

Асосҳои интихоби касб

   Чунин ном дорад китобе, ки нашриёти “Маориф” дар ҳаҷми 232 саҳифа чоп кардааст ва чуноне аз номаш пайдост, як дастури маслиҳативу машваратӣ барои касонест, ки дар остонаи интихоби касб қарор дорад. Китоб тозанашр нест, ҳанӯз соли 2017 чоп шудааст, вале бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тозагӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид шуд.

 Муаллифони китоб мегӯянд “наврасону ҷавонон бояд донанд, ки дар дунё беш аз 50 ҳазор касби гуногун мавҷуд аст.Баробари тараққиёти босуръати илму техника, иқтисоди бозорӣ, талаботи бозори кор ва