Рағза матои дурушти пашминест, ки риштаи он аз пашми гўсфанд тайёр мешавад. Ҳунари рағзабофӣ асосан дар байни тоҷикони кўҳистон ва қисми водиҳо, ки ба парвариши гўсфандон шуғл доранд, аз замонҳои қадим маъмул буд. Рағзабофӣ кори занҳо буда, одатан онҳо дар фасли зимистон ришта ресида, аз он дар дукон матои рағза мебофтанд. Нахуст пашми гўсфандҳоро тарошида, аз он тавассути дук (дар баъзе ҷойҳо онро «орчуқ» ё «урчуқ» меноманд) ё чалак риштаи пашмин мересиданд. Риштаҳои омодашударо ба дукони рағзабофӣ васл карда, ба бофтани рағза шурўъ менамуданд.
Вобаста ба бўрё дар байни мардум маросиме бо номи «бўрёкўбон» роиҷ мебошад. Бўрёкўбон ҳангоми ба хонаи нав кўчидани оила созмон дода мешавад. Дар гузашта ин маросим ба монанди ҳашар баргузор мегардид. Соҳибхона дўстон ва наздикони худро ба хона даъват мекард. Онҳо ба фарши хона бўрё андохта, аз болояш гилему палосро паҳн карда, бо пойҳояшон мекўфтанд, ки ҳамвор шавад. Ва аз хонаи кўҳна ба хонаи нав асбобу анҷоми
Зарбулмасалҳои тоҷикӣ қариб тамоми рузгори моддии мардумро дар бар мегиранд. Дар онҳо фарҳанги моддӣ ба монанди хўрок, пўшок, ашёи рузгор, осиёб, танўр; ҳайвоноти хонагӣ: паррандаҳо, ҳашарот; кишоварзӣ, деҳқонӣ, анвои меваҷот, касбҳо ва амсоли ин тасвир шудаанд. Мазмун ва мундариҷаи зарбулмасалҳо гуногун буда, дар онҳо
Мо тасмим гирифтем, ки соли 2020 ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии кишварамон - шаҳри қадимаи Саразмро доир намоем. Ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки мо маданияти беш аз 5500 - солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаи худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ созем. Моро зарур аст, ки
Вақте, ки болосариву поёнсарӣ омода гашт, барак – тахтаҳои барии гаҳвораро ба саллаҳои болову поён пайваст карда, мехи чўбин мекўбанд. Сипас дастаки аз чўби бед тайёршударо болои саллаҳои гаҳвора пайваст мекунанд. Чун гаҳвора шаклан омода шуд, зераш тагак- тахтачаҳоро мувофиқи барии гаҳвора қатор чида, бо мех мекўбанд. Дар поёни кор барои гузоштани тубак (сиба) дар миёнаҷои тагаки гаҳвора сўрохии қутраш 15-20 см мебуранд. Тубакро кулолон ба мисли