Ҳунарҳои мардумӣ: ГАҲВОРАСОЗӢ

      Вақте, ки болосариву поёнсарӣ омода гашт, барак – тахтаҳои барии гаҳвораро ба саллаҳои болову поён пайваст карда, мехи чўбин мекўбанд. Сипас дастаки аз чўби бед тайёршударо болои саллаҳои гаҳвора пайваст мекунанд. Чун гаҳвора шаклан омода шуд, зераш тагак- тахтачаҳоро мувофиқи барии гаҳвора қатор чида, бо мех мекўбанд. Дар поёни кор барои гузоштани тубак (сиба) дар миёнаҷои тагаки гаҳвора сўрохии қутраш 15-20 см мебуранд. Тубакро кулолон ба мисли зарфҳои сафолӣ аз гил тайёр карда, дар танўри махсус мепазанд ва сир медавонанд.

     Гаҳворасозӣ яке аз ҳунарҳои суннатии тоҷикон ба шумор меравад ва худи гаҳвора ҷойхоби махсуси кўдакон мебошад, ки дар он тифлро аз 5-7 рўзагӣ то 1,5-2 солагӣ мехобонанд. Дарозии гаҳвора 1-1, 2 метр буда, бараш 50-55 см ва баландиаш 50-60 см мебошад. Ин ҷойхоби атфол дар ҳар як хонаводаи мардуми тоҷик мавҷуд аст. Гаҳвора маъмулан аз чўби бед, ки нисбатан сабук аст ва баъзе қисмҳояш аз чўби дарахтони зардолу ва чормағз сохта мешавад. Инчунин дар шароити имрўза устоҳои гаҳворасоз аз чўби дарахти  санавбар васеъ истифода мекунанд.

           

        Гаҳвора аз қисмҳои даста, сала (чанбарак), тагак (тахтаи бистар), болосарӣ, поёнсарӣ. Барак ва шамшеракҳо иборат мебошад. Тарзи сохтани гаҳвора чунин аст: аз чўби хушки бед дастаи гаҳвораро ба дарозии 1-1,2 м тарошида тайёр карда мемонанд.

            Барои сохтани сала ё чанбаракҳо чўби бедро якчанд моҳ хушк, намуда, аз байнашон ба қисмҳо ҷудо карда, тахатаҳои тунук метарошанд. Сипас тахтаҳоро дар як тағораи калони оби гармдошта меандозанд ва оҳиста – оҳиста қад мекунанд. Вақте, ки саллаи қад кардашуда хушк шуд, аз пушти сала тахтаи рости ҳамворро мехкўб мекунанд, ки болосарӣ ном дорад.

Монанди саллаи якум саллаи дуюмро низ ҳамин тарз омода  мекунанд, ки онро поёнсарӣ мегўянд. Дар таги сала чўби тарошидашудаи нимдоираро насб менамоянд, ки он шамшерак ном дорад. Шамшерак тахтаест, ки шакли камонак дошта, барои алвонҷ хўрдани гаҳвора истифода карда мешавад.

            Вақте, ки болосариву поёнсарӣ омода гашт, барак – тахтаҳои барии гаҳвораро ба саллаҳои болову поён пайваст карда, мехи чўбин мекўбанд. Сипас дастаки аз чўби бед тайёршударо болои саллаҳои гаҳвора пайваст мекунанд. Чун гаҳвора шаклан омода шуд, зераш тагак- тахтачаҳоро мувофиқи барии гаҳвора қатор чида, бо мех мекўбанд. Дар поёни кор барои гузоштани тубак (сиба) дар миёнаҷои тагаки гаҳвора сўрохии қутраш 15-20 см мебуранд. Тубакро кулолон ба мисли зарфҳои сафолӣ аз гил тайёр карда, дар танўри махсус мепазанд ва сир медавонанд.

            Ба гаҳвора мувофиқ бистару болиштак ва гаҳворапўш медўзанд. Ба дастаи гаҳвора барои бозии тифл мўҳраву зангўла ва бозичаҳо меовезанд. Дар гузашта одамони муътақид ба зери болини гаҳвора бо мақсади ҳимояти тифл аз қувваҳои фавқуттабиӣ тўмору китобҳои динӣ, баъзе ашёи оҳанин, масалан, корд ва ҳатто порае нон мегузоштанд. Аммо дар шароити кунунӣ ин одатҳо аз байн рафтанд.

            Гаҳвораро тоҷикон муқаддас шуморида, гиромӣ медоранд. Ҳатто агар  кўдак дар он хоб нараваду гаҳвора мувақаттан холӣ бошад аз рўи эҳтиром дар замин нагузошта, дар ягон баландӣ овезон мекунанд.

            Дар иртибот бо гаҳвора ҷашне бо номи  «гаҳворабандон»  миёни халқи тоҷик роиҷ аст, ки вақте аввалин тифл дар оила таваллуд шуд, барои ў гаҳвораи нав харидорӣ карда, маросими гаҳворабандонро дар доираи аҳли хонавода мегузаронанд.

Бозчоп аз Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон  / Мураттиб Д. Раҳимов; Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: ЭР-граф, 2017. – С. 206-207.

Дар бораи гаҳвора ва гаҳворасозӣ дар Китобхонаи миллӣ боз ин матолибро ҳам метавонед бихонед:

Гаҳвора: Шарҳи мухтасар // Энсиклопедияи Адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе, 1988. – Ҷ. – С. 347.

Ҷумъаев, Б. Гаҳвораҳои усто Маҷид: Усто аз деҳаи Нилуи ноҳияи Ҳисор // Адабиёт ва санъат. – 1984. – 1 март.

Сафаров, Т. Эъҷози дастони усто: Дар бораи санъати гаҳворасозии А. Касиров  ноҳияи Коммунистӣ // Ҳақиқати Қурғонтеппа. – 1984. – 9 июл.

Сафаров, Т. Турфа шогирде…: Дар бораи устои гаҳворасоз Абдул Касиров // Адабиёт ва санъат. – 1985. – 4  июл.

Юсуф, С. Гаҳворасоз: Очерк дар бораи Н. Холмуродов аз ноҳияи Орҷоникидзеобод // Машъал. – 1989. – №4. – С. 5-16.

Файзуллозода, Р. Усто Муҳиддини Ховалингӣ: Гаҳворасоз М. Тўраев аз н. Ховалинг // Хатлон. – 1991. – 2 сентябр.

Олимов, А. Гаҳвора ва тарзи сохтани он // Роҳбари дониш. – 2018. – 30 март.

Исмат, Ҳ. Заҳмату кору ҳунар касро намояд номдор: Дар бораи ҳунарманди асил, устои гаҳворасоз Усто Баҳром // Хатлон. – 2018. – 13 апрел.

Додоҷонова, Р. Гаҳвора. Аз «Шоҳнома» то тибби муосир: Гаҳворасозӣ яке аз ҳунарҳои мардумӣ // Ҷумҳурият. – 2018. – 27 сентябр.

 

Таҳияи Бибикубрия Қурбонова

корманди  шуъбаи библиографияи миллӣ