Дар шароити ҷаҳонишавии фарҳанг, вусъат гирифтани фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва гурӯҳҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи осудагӣ ва сулҳу суббот дар кишвар ба яке аз вазифаҳои муҳим мубаддал гаштааст. Азбаски имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун «вабои аср» ба амнияти ҷаҳони муосир шинохта шудааст ва он на танҳо ба марзу бум, балки ба ҳастии миллату ҳастии инсоният таҳдид месозад, муқовимат бар зидди он кори ҷонии ҳар як фарди ҷомеаи соҳибфарҳанг ва бонангу номус аст.
Ҳунари тунукасозӣ дар ороиши деворҳо, бомпўш, нигасаи хона ва дигар қисмҳои бино ба кор бурда мешавад. Устоҳои тунукасоз дар иҷрои корҳои истеҳсолӣ аз асбобу олоти хосси ин ҳунар: миқрози тунукабурӣ, анбўр, сандон ва хоиск, гиро, кордҳои махсус, исканаву сумба ва чанде дигар истифода мекунанд. Дар пайванд кардани тунукапораҳо устоҳо аз усулҳои қаткунӣ, кафшери махсус ва баъзан ширешҳо истифода мебаранд.
Тунукасозӣ яке аз бахшҳои пешаи оҳангарӣ мебошад, ки ба коркард ва истеҳсоли маснуоти