Аз даргузашти мутафаккири бузург Аҳмад Махдуми Дониш 120 сол гузашт
Ба таваллуди Аҳмад Махдуми Дониш 191 сол ва ба даргузашташ аз олам 120 сол шуд. Аз бузургтарин донишмандони охири қарни 19 аст. Пешвои маорифпарварон. Бо ҳайате аз аморати Бухоро ду маротиба сафари шаҳри Питербург кардааст ва ин сафарҳо дар бозгашт муҳтавои сафарномаҳои ӯро ташкил додаанд. Ва шояд ин ягона бузургворе аз бузургони то инқилобии тоҷик аст, ки тавассути сафараш ба Русия расми зиндаи ӯ дар нашрияҳо интишор ёфтаву имрӯз дастрас шудааст.
Аҳмад-махдум ибни Носир нависандаи маъруф, мутафаккири барҷаста, шоир, рассом ва хаттоти номдор, меъмор ва олими намоёни нимаи дуюми асри XIX, саромади ҷараёни маорифпарварии Осиёи Миёна ва бунёдгузори равияи маорифпарварии адабиёти тоҷик тақрибан моҳи августи соли 1826 дар шаҳри Бухоро таваллуд шудааст. Номи ў Аҳмад ва лақабу тахаллуси илмию адабиаш Дониш буда, ба сабаби калонии сараш ҳамзамононаш ба ў лақаби Аҳмади Калларо низ додаанд. Дар осори баъзе ҳамзамононаш ва бисёр асарҳои С. Айнӣ чун Аҳмад-махдум ҳам машҳур аст. «Махдум» нисбате буд, ки ба номи олимони машғули маъмурияти давлат илова карда мешуд.
Аҳмади Дониш дар оилаи Носир ном муллои камбағал таваллуд шудааст. Маълумоти ибтидоиро дар пеши модараш, ки дар хонааш барои духтарон мактаби хусусӣ дошт, гирифта, баъди касби маълумоти ибтидоӣ бо хоҳиши падараш ба дабиристони қориён (ҳофизони Қуръон) дохил шуд. Аммо усули таълими кўркўрона азёд кардани китоб ба табъи Аҳмади Дониш писанд наомад ва ў ба ихтиёри худ ин мактабро тарк кард. Баъд аз он падараш ўро ба мадраса монд, то ки писараш илмҳои маъмули замони худро касб намояд ва барои таъмини зиндагиаш ба ягон мансабеву мартабае расад.
Солҳои таҳсили мадраса тахминан аз охири солҳои сиюм (аз чордаҳсолагии Аҳмади Дониш) то аввали солҳои панҷоҳуми асри XIX давом кард. Пас аз хатми мадраса Аҳмади Дониш ба воситаи яке аз устодони санъаткораш ба сифати меъмор ва наққош ба хидмати дарбори амир тавсия шуд. Чунон ки дертар худи Аҳмади Дониш навишта буд, дар он замон ҳукмронҳои Бухоро чандон иморату бинокорӣ намекарданд, ки меъморони махсусе ба ин кор машғул бошанд. Бинобар ин Аҳмади Дониш дар дарбор бештар ба китобати рисолаву девонҳо ва коғазҳои расмии дарборӣ машғул буд. Дар ин солҳо Аҳмади Дониш бо илми нуҷуми анъанавӣ (астрология) машғул мешавад ва ин илмро, ки дар доираи дарбор ба он хеле эътиқод доштанд, нағз аз худ мекунад. Ҳунари хаттотӣ ва рассомӣ ва илова бар ин дониш дар илми нуҷум Аҳмади Донишро назди аҳли дарбор ва шахсан амир Насруллоҳ соҳиби обрўю мартабае гардонид. Амир Насруллоҳ соли 1857 ба Петербург ҳайати сафорате равона кард ва ба ин ҳайат худаш шахсан Аҳмади Донишро ба сифати мирзо (котиб) дохил намуд. Ғайр аз вазифаи мирзоӣ амир ба Аҳмади Дониш махсусан фармуд, ки вазъи сиёсиву иқтисодии Русияро нағзтар омўзад ва натиҷаи мушоҳидаҳои худро ба амир арз намояд. Сафари Русия ва шиносоӣ бо ҳаёти Петербург, ки дар он вақт яке аз марказҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии ҷаҳон буд, доираи назар ва ҷаҳонбинии Аҳмади Донишро хеле васеъ кард. Аҳмади Дониш на танҳо дар музокира ва боздидҳои расмии дипломатӣ иштирок кард, балки бо чандин муассисаҳои илмию фарҳангӣ, марказҳои санъату ҳунари Петербург шинос шуд. Аҳмади Дониш бо чашми ибрат дид, ки тараққиёти илму дониш, фарҳанг ва маърифат мамлакатро ба чӣ пояҳои тараққиёт расонидааст. Ҳаёти феодалӣ ва муҳити асримиёнагии Бухоро нисбат ба тараққиёту пешрафти Русия ҷаҳолат ва ғафлати фалокатоваре буд. Дар миёнаҳои соли 1858 Аҳмади Дониш бо ҳайати сафорат ба Бухоро баргашт ва дар бораи пешрафтҳои ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ ва фарҳангии Русия ба амир ва аҳли дарбор ахбори тоза ва ибратбахш арз намуд. Аммо ин ахбор ба тарзу усули мамлакатдорӣ ва идораи давлат таъсире накард. Аз зиндагӣ ва машғулиятҳои илмию адабии Аҳмади Дониш дар ин солҳо ва аввали солҳои шастуми асри XIX маълумоти саҳеҳе дар даст нест.
Дар солҳои 1866-1868, ҳангоме ки дар байни Русияи подшоҳӣ ва хониҳои Бухорову Хўқанд низои ҳарбӣ ба вуҷуд омада, майдони ҳарб торафт вусъат меёфт. Аҳмади Дониш бо ҳамфикрони худ кўшиши зиёде кард, ки ин низоъ бо роҳи сулҳу осоиш ҳал карда шавад ва дар байни Русияву Бухоро муносибатҳои дўстонаву мусоламатомез барқарор гардад. Аммо иртиҷои динию феодалӣ дар Бухоро боло ва ҷанги Русияву Бухоро шиддат гирифта, охир бо мағлубияти аморати Бухоро тамом шуд. Пас аз имзои шартномаи сулҳи байни Бухорову Русия амир маҷбур шуд, к ибо тарафдорони дўстӣ ва сулҳ бо Русия, аз ҷумла бо Аҳмади Дониш, дар корҳои минбаъда машварат кунад. Солҳои 1869-1870 амир Аҳмади Донишро ба ҳайати сафорати худ ба сифати котиби аввал дохил карда, ба Петербург мефиристад. Пас аз ҷангу муҳориба ва зиддиятҳои сиёсиву дипломатӣ байни Русияву Бухоро аз нав муносибатҳои дўстона ва робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ барқарор намудан лозим буд. Бинобар ин дар ин сафари пурмасъулият ва бонуфуз мавқеъ ва таъсири Аҳмади Дониш хеле калон буд. Дар саранҷоми гуфтугўи дипломатӣ ва мустаҳкам намудани робитаҳои иқтисодиву сиёсии байни Русияву Бухоро Аҳмади Дониш дар ин сафар ҳамчун як сиёсатмадор ва ходими хирадманди давлатӣ намоён гардид. Обрўю нуфузи ў ҳам дар доираҳои расмӣ ва ҳам дар байни аҳли илму дониши Петербург хеле афзуд. Дар ин сафар Аҳмади Дониш на танҳо ба ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, тарзи мамлакатдорӣ ва сохти давлатии Русия, балки ба воситаи шахсони ҷудогона ва баъзе манбаъҳои ба мо номаълум аз вазъияти сиёсиву иҷтимоии мамлакатҳои Ғарб низ хабардор шуд, роҷеъ ба таърихи гузашта ва инқилобҳои сиёсиву иҷтимоии Русияву Аврупо баъзе маълумотҳо ҳосил намуд. Ҳамаи ин доираи ҷаҳонбинӣ ва афкори ўро ниҳоят такмил дод, назари танқидии ўро нисбат ба сохти пўсидаи феодалии аморати Бухоро, тарзи номукаммал ва бесару буни давлатдории амирони сулолаи манғития хеле пурзўр намуд.
Пас аз бозгашт аз Петербург амир Музаффар дар ивази хидматҳои шоистаи Аҳмади Дониш дар сафорати Бухоро ба ў унвони фахрии илмии дарбор «Ўроқ»- ро дод. Илова бар ин амир ба Аҳмади Дониш пешниҳод кард, ки дар идораи давлат низ яке аз мансабҳои муҳимро ишғол намояд. Аммо Аҳмади Дониш бовар дошт, иштироки ў дар корҳои маъмурии мамлакат барои кишвар ва мардум ҳеҷ манфиате намебахшад. Аҳмади Дониш дар аввали солҳои ҳафтодуми асри XIX (тақрибан байни солҳои 1870-1873) рисолае таълиф намуда, дар он роҳҳои аз рўи адолат ва тартиботи муайяне идора намудани давлат ва ҷамъиятро баён кард. Аҳмади Дониш дар ин рисола ҳам аз асарҳои мутафаккирони Шарқ оид ба сиёсати давлатдорӣ (илми тамаддун) фоида бурд ва ҳам баъзе ҷиҳатҳои нави давлатдории Русия ва мамлакатҳои Аврупои Ғарбиро, ки дар вақти сафарҳои Русия аз он огоҳӣ пайдо кард, истифода намуд. Ин рисола дар асл як барномаи ислоҳоти ҷиддии тарзи давлатдорӣ ва асосҳои иҷтимоии аморати феодалии Бухоро буд. Ба ин асари худ Аҳмади Дониш дертар «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» ном гузошт. Дар ин рисола Аҳмади Дониш тартиботи вазорат ва маҷлиси машваратӣ (парламент)- ро дар идораи давлат зарур шуморид. Ғайр аз ин қонун ва қоидаҳои иҷтимоӣ мебоист ҳуқуқи амирро ҳамчун ҳокими мутлақ маҳдуд намояд. Аҳмади Дониш сохт ва ҳуқуқи вазоратҳо, тартибот ва мавқеи қувваҳои ҳарбӣ, ҳуқуқ ва мартабаи амир, муносибати давлат ва халқро дар ин рисола хеле батафсил баён карда буд. Аҳмади Дониш дар назди амир шарт мегузорад, ки танҳо дар сурати қабул гардидани чунин ислоҳот вай метавонад, дар кори идораи давлат иштирок кунад.
Ин пешниҳодот ва шартҳои бебоконаи Аҳмади Дониш барои асоси давлати феодалии аморати Бухоро ва мавқеи ҳокимияти мутлақаи амир як хатари бузурге буд. Бинобар ин амир на танҳо пешниҳодҳоро қабул накард, балки Аҳмади Донишро барои худ ва аморат як хавфи калоне донист. Пас аз он ки Аҳмади Дониш аз корҳои давлат ва хидмати дарбор фориғ шуд, тамоми қувват ва вақти худро сарфи корҳои илмию эҷодӣ намуд. Вай дар муддати қариб понздаҳ сол (аз солҳои 1875) бобу фаслҳои асари бузургтарини худ «Наводир-ул-вақоеъ»- ро навишта ба охир расонд. Соли 1885, пас аз вафоти амир Музаффар, Аҳмади Дониш ба Бухоро бозмегардад. Амири нав – Абдулаҳад, гўё ба Аҳмади Дониш марҳамату илтифот карда, ўро ба ном китобдори яке аз мадрасаҳои Бухоро таъин мекунад. Аммо амир Абдулаҳад аз болои Аҳмади Дониш назорати пинҳонӣ муқаррар намуда буд.
Аҳмади Дониш дар Бухоро машғулияти илмию адабии худро давом дод. Ў «Наводир-ул-вақоеъ»- ро дар нусхаҳои гуногун аз нав китобат ва таҳрир мекард ва дар байни тарафдорону ҳаводорони худ паҳн менамуд. «Наводир-ул-вақоеъ» дар байни аҳли пешқадами илму адаб зуд шуҳрат ва таъсири калоне ба вуҷуд овард. Аҳмади Дониш дар ин асар масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ ва фалсафиро вобаста ба ҳаёти ҷамъияти онвақта хеле дақиқ таҳлил ва таҳқиқ карда буд. Дар вақти таҳлили ин масъалаҳо ў афкору ақидаҳои гузаштагони худро ба тарзи танқидӣ аз назар гузаронидааст. Фикрҳои ботил, ақидаҳои куҳнашуда ва аз ҳаёти воқеӣ дурро рад кардааст. Муҳимтарин нуктаҳои «Наводир-ул-вақоеъ» дар он буд, ки Аҳмади Дониш иллатҳои иҷтимоии замонаш, нобаробарӣ ва беадолатии ҷамъияти феодалии Бухоро, пасмондагии ҳаёти фарҳангӣ, тарзи схоластикии таълими мадраса ва мактабҳо, асли симою тинати манфури табақаҳои ҳукмрони замон, ҷаҳолат ва ғафлатзадагии ҷамъияти динию феодалии он давраро хеле сахт танқид намуда буд. Аҳмади Дониш ба ин асари машҳури худ «Рисола дар назми тамаддун ва таовун»- ро ҳамчун яке аз қисмҳо дохил намуд. Бобу фаслҳои «Наводир-ул-вақоеъ» ба тарзу услуби гуногун навишта шудаанд. Баъзе бобҳо (шумораи ҳамаи бобҳо дар таҳрирҳои гуногун дар ҳудуди 23-25 аст) бо тарзи баёни илмию фалсафӣ, баъзе бобҳо ба тарзи муколама (диалог) ва чандин бобҳо дар шакли қисса ва ҳикоятҳои бадеӣ таълиф шудаанд. Таъсири «Наводир-ул-вақоеъ» дар бедории фикрии бисёр шахсони муқобили аморат ва тартиботи он замон ниҳоят калон буд.
Аҳмади Дониш дар ин солҳо чанд рисолае дар илми нуҷум ва ҳайъат низ таълиф намуда, нақшаи (харитаи) шаҳри Бухороро низ тартиб дод. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин тамоми диққат ва дидаи таҳқиқи ў ба эҳтиёҷ ва рафти ҷараёни воқеаҳои иҷтимоии он давр нигаронида шуда буд. Аҳмади Дониш тадриҷан ба хулосае омад, ки вазъияти мамлакат ва тартиботи идораи давлати аморати Бухороро бо ҷорӣ намудани ислоҳоти ҷузъӣ ба роҳи қонун ва низоми муайяне ва даровардан мумкин нест. Вай аз таҷрибаҳои давлатҳои дигари Аврупо чунин натиҷа гирифта буд, ки барои дигаргуниҳои иҷтимоӣ табаддулоти куллии ҷамъият лозим аст. Сохти аморати Бухороро низ танҳо ба воситаи тамоман барҳам задани асосҳои иҷтимоии он тағир додан мумкин аст. Аҳмади Дониш ин фикру ақидаҳои худро дар рисолае, ки дар ду-се соли охири ҳаёти худ таълиф намуда, аммо ба охир расонида натавониста буд, хеле равшан ва муфассал баён намудааст. Ин рисола, ки ба он худи муаллиф унвон нагузоштааст, бештар бо номи шартии «Рисолаи таърихӣ» машҳур шудааст. Дар он Аҳмади Дониш таърихи садсолаи ҳукмронии сулолаи манғитияро таҳлил ва таҳқиқ мекунад. Давраи ҳукмронии амир Музаффар махсусан дар ин рисола хеле батафсил ва аз назари танқиди ниҳоят сахт ва ҳаҷвнигорона тасвир шудааст. Аҳмади Дониш бештар ба он воқеаҳои таърихие диққати махсус додааст, ки бебунёдӣ ва ноустувории ҳокимияти амирони Бухороро равшан нишон медиҳанд. Ин воқеаҳоро ў хеле барҷаста, баъзан бо муболиғаи ҳаҷвӣ (гротеск), бо тасвирҳои бадеии реалистӣ нишон медиҳад. Аҳмади Дониш барои инъикоси равшантару муассиртари воқеаҳои таърихӣ аз зиндагии худ, аз ҳаёти ҳаррўзаи халқи одӣ бисёр нуктаву лаҳзаҳои муҳимми таъсирбахшро ҳикоят мекунад. Дар хотима Аҳмади Дониш ба хулосае меояд, ки ин давлати амирон, ки ба зулм ва нобаробарии иҷтимоӣ асос ёфтааст, яқинан сарнагун мешавад ва дар сурати сарнагун нашудан ҳам ба муқобили он хуруҷ намудан ва ин тахти салтанати зулмпояро барҳам додан лозим аст. Дар шароити нимаи дуюми охири асри 19 чунин хулоса ва даъвати Аҳмади Дониш аҳамияти бузурги таърихӣ ва инқилобӣ дошт. Мутаассифона, ин рисола нотамом мондааст ва худи муаллиф ҳам онро ба тарзи махфӣ иншо карда буд, ки дар замони зиндагӣ ва баъди вафоти вай ҳам то хеле вақтҳо аз назарҳо пўшида ва номаълум монд...
Аҳмади Дониш бо эҷодиёти бадеии худ на танҳо ба адабиёти замонаш, балки ба ҷараёни адабии ибтидои асри 20 ҳам таъсири бузурге доштааст. Хусусиятҳои муҳимтарини афкор ва осори бадеии Аҳмади Дониш барои ташаккули ҷаҳонбинӣ ва такомули роҳи эҷодии чунин шоирону нависандагон, мисли С. Айнӣ, Ҳайрат, Мирзо Сироҷ ва ғайра нақши пураҳамияте гузошт. Хидмат ва мақоми бузурги Аҳмади Донишро С. Айнӣ дар асарҳои худ, махсусан баъд аз Инқилоби Кабири Октябр, тақдир намуда, ўро «дар уфуқи тираи аморати Бухоро ситораи тобон» номидааст. Соли 1976 ҷашни 150-солагии Аҳмади Дониш қайд карда шуд. Ба ин муносибат дар муассисаҳои илмӣ сессия ва конфронсҳо гузаронида шуданд. Киностудияи «Тоҷикфилм» бахшида ба Аҳмади Дониш филми бадеиро бо номи «Ситорае дар торикистон» таҳия кардааст.
Охири моҳи марти соли 1897 дар шаҳри Бухоро аз дунё даргузашт.
Мақолаи мазкур бо ихтисор аз «Энсиклопедияи советии тоҷик». – Душанбе, 1980. – Ҷ.2. – С.320-323 дарҷ шуд. Муаллиф Расул Ҳодизода, яке аз Донишпажуҳони маъруфи кишвар буда, шакли комили онро метавонед аз манбаъи ёдшуда мутолиа намоед.
Аз осори Аҳмади Дониш ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолиб қобили дарёфт аст:
Порчаҳо аз Наводир-ул-вақоеъ. – Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1957. – 245 с.
Асарҳои мунтахаб. – Сталинобод, 1959. – 247 с.
Наводир-ул-вақоеъ. – Душанбе: Дониш, 1989. – 344 с.
Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития. – Душанбе: Сарват, 1992. – 97 с.
Дар бораи донишманди маъруф:
Амирқулов, О. Аҳмади Дониш ва Мирзо Бедил. – Дар китоби Масъалаҳои филологияи тоҷик. – Душанбе, 1974. – С. 62-71.
Амирқулов, С. Шеър ва шоирӣ дар назари Аҳмади Дониш. – Дар китоби Масъалаҳои филологияи тоҷик. – Душанбе, 1974. – С. 72-80.
Улуғзода, С. Алломаи Адҳам: Драма дар 3 парда ва 9 намоиш. – Дар китоби Улуғзода С. Қиссаҳои драмавӣ. – Душанбе, 1984. – С. 273-318.
Азизқулов, Ҷ. Тўҳфаи олимони тоҷик ба ҷашни мутафаккири бузург: Дар бораи 130-солагии Аҳмади Дониш // Тоҷикистони Советӣ. – 1960. – 15 октябр.
Юнусов, А. Ба пешвози ҷашни Аҳмади Дониш: Ба муносибати 130-солагии рўзи таваллуди Аҳмади Дониш // Маориф ва маданият. – 1960. – 18 октябр.
Ҷашни мутафаккири барҷаста: Аҳмади Дониш // Маориф ва маданият. – 1960. – 24 декабр.
Зиё, С. Дар мадҳи Аҳмади Дониш: Шеър // Маориф ва маданият. – 1960. – 24 декабр.
Аҳроров, З. Аҳмад Махдуми Дониш дар ашъори шуарои муосираш // Шарқи Сурх. – 1961. – №1. – С. 136-143.
Абдуллоев, А. Афкори адабӣ-эстетикии Аҳмади Дониш: Ба пешвози 150-солагии рўзи таваллуди Аҳмади Дониш // Тоҷикистони советӣ. – 1976. – 11 ноябр.
Айнӣ, С. Гуфторҳо дар бораи А. Дониш: Ба муносибати 150-солагии рўзи таваллудаш // Маориф ва маданият. – 1976. – 14 декабр.
Аҳмади донишманд: Ривояти халқӣ // Хорпуштак. – 1976. – №13. – С. 4.
Карамшоев, А. Ҷашни адиб дар Ленинград: Ба муносибати 150-солагии рўзи таваллуди А. Дониш // Маориф ва маданият. – 1977. – 18 январ.
Нурҷонов, Н. «Алломаи Адҳам ва дигарон»: Песаи С. Улуғзода дар иҷрои санъаткорони театри ба номи А. Лоҳутӣ // Тоҷикистони советӣ. – 1977. – 16 феврал.
Наимбоев, С. Таълими насри Аҳмади Дониш // Маориф ва маданият. – 1977. – 3 март.
Соболев, О. Сурати аслии Аҳмади Дониш ёфт шуд: Мусоҳиба бо мудири шуъбаи Институти забон ва адабиёти Академияи фанҳои Тоҷикистон Р. Х. Ҳодизода // Тоҷикистони советӣ. – 1977. – 1 апрел.
Ҳодизода, Р. Тасвири аслии Аҳмади Дониш: Расми Аҳмади Дониш ёфт шуд // Тоҷикистони советӣ. – 1977. – 4 июн.
Абдуллоев, А. Устод Айнӣ, Бедил ва Аҳмади Дониш // Маориф ва маданият. – 1978. – 14 феврал.
Муллочаев, С. Туро шуғле бояд…: Аҳмади Дониш дар тавсифи касбу ҳунар // Комсомоли Тоҷикистон. – 1979. –11 июл.
Собир, Б. Девори Бухоро; Аҳмади Дониш; Ёдкарди Ҷумъа Одина: Шеърҳо // Газетаи муаллимон. – 1983. – 16 апрел.
Шукуров, Ш. Муаммои интихоби касбу пеша дар «Наводир-ул-вақоеъ»- и Аҳмади Дониш // Адабиёт ва санъат. – 2006. – 19 октябр.
Абдуллоҳ, Ф. Рўшангарони миллӣ киёнанд?: Фаъолияти яке аз рўшангарони мо Аҳмади Дониш // Ҷумҳурият. – 2013. – 9 апрел.
Розиқзода, А. Андешаҳои Аҳмади Дониш дар бораи тартиботи дохилӣ ва фаъолияти миршабҳо // Қонун ва ҷомеа. – 2014. – 30 январ.
Сипоси шоҳ ба шоир: Порае чанд аз сафари Аҳмади Дониш дар ҳайати сафорати Аморати Бухоро ба Санкт-Петербург // Адабиёт ва санъат. – 2015. –17 декабр.
Назрӣ, Ҷ. «Наводир-ул-вақоеъ» манзур мешавад: Оид ба ҳаёт ва фаъолияти Аҳмад Махдуми Дониш ва маълумоти мухтасар дар бораи асари ў «Наводир-ул-вақоеъ» // Адабиёт ва санъат. – 2017. –17 август.
Абдуллоҳ, М. Баҳсҳои хонаводагӣ: Ба муносибати 190-солагии зодрўзи Аҳмади Дониш // Самак. – 2017. –4 октябр.
Таҳияи Истампулод Ормонов
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ