Аз маъруфтарин шоираҳои нимаи дуюми садаи ХХ ва аввали садаи ХI аст. Ҳам шеър менависад, ҳам достон, ҳам румону повесту қисса. Пажуҳишҳои илмӣ ҳам дар боби шеър дорад. Дар гирдовариву мураттаб кардани эҷодиёти даҳонии халқ ҳам талошаш муваффақона будааст. Дар муаррифиномаи Иттифоқи нависандагон дар борааш мехонем:
ГУЛРУХСОР (Сафиева Гулрухсор) 17 декабри соли 1947 дар деҳаи Яхчи ноҳияи Комсомолобод (ҳозира Нуробод) дар оилаи хизматчии давлатӣ таваллуд ёфтааст.