Нашрияи миллии адабии “Садои Шарқ” куҳантарину ҷомеътарин нашрияи фаъоли адабию иҷтимоии Тоҷикистон аст, ки инак ба қуллаи 90-солагӣ расид. Шумораи нахустини маҷалла бо номи “Дониш-биниш” дар Самарқанд интишор ёфт. Аз шумораи дувуми соли 1927 то соли 1932 он бо унвони “Раҳбари дониш” чоп мешуд. Аз соли 1932, бино бар таҳаввулоти сиёсие, ки ба ҳаёти адабию фарҳангӣ низ нуфуз карда буд, номи ин маҷалла “Барои адабиёти сотсиалистӣ” шуд, ки ба сурати мухтасар “БАС” низ қайд мегардид. Аз соли 1934 то 1964 маҷалла унвони “Шарқи сурх”-ро дошт ва аз шумораи 5-уми соли 1964 то имрӯз бо номи “Садои Шарқ” интишор меёбад. Дар тӯли ин таърих танҳо бо шурӯъи Ҷанги бузурги Ватанӣ аз соли 1941 то 1945 чопи маҷалла қатъ гардид ва аз соли 1946 боз интишори он давом ёфт.
Нусхаи электронии Феҳристи мазкур дар нишасти илмию адабӣ ба муносибати 90-солагии "Садои Шарқ" рӯзи 25-12-17, соати 14 дар маҷлисгоҳи Иттифоқи нависандагон ба ҳамаи ҳаводорон пешкаш мегардад.
Рустам Ваҳҳобзода-сардабири “Садои Шарқ” дар бораи феҳристи мазкур дар саҳифаи худ дар Фейсбук навишт: Нашрияи миллии адабии «Садои Шарқ» дар баробари анҷоми вазифаи асосии худ, ки нашри осори арзишманди адабӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ мебошад, ба манбаи муътабар ва сарчашмаи пурфайзи маърифатию пажӯҳишӣ табдил шудааст.
Бисѐре аз муҳаққиқон дар тавсифи ин маҷалла ибораи «Солномаи
Аз ҷумлаи мутафаккирони маъруфи форсзабони Ҳинд аст, ки бо форсӣ ва урду эҷод кардааст. Дар Тоҷикистон пажуҳишҳое дар мавриди ин мутафаккир сурат гирифтаву қисмате аз осораш чоп шудаанд.
Ғолиб Мирзо Асадулло нависандаи ҳинду 21 декабри соли 1797 дар Акбаробод ба дунё омадааст. Ғолиб асарҳояшро ба забонҳои форсию урду эҷод кардааст. Гузаштагони Ғолиб аз
Ҳудудан 150 нафар афсарони Вазорати мудофиа, ки сарварони ситодҳои минтақавии ин вазорат ҳастанд, баъди зуҳри рӯзи 19 декабр вориди Китобхонаи миллӣ шуданд ва бо шароити он аз наздик ошно гаштанд.
Баъд аз ҳури рӯзи чоршанбе ҳудудан 150 нафар афсарони ситоди қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии полковник Ҷамшед Саидзода – сардори раёсати