Адиб, рӯзноманигори маъруф, ҳаҷвнигори беҳамто. 43 сол муқаддам аз олам даргузашт. Аммо осорашро ҳамоно мехонанд ва боз даҳсолаҳо хоҳанд хонд. Дар муаррифии Иттифоқи нависандагон омада: САМАД ҒАНӢ 2 ноябри соли 1908 дар шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст.Дар Дорулмуаллимини Самарқанд, курси ходимони молияи Тошканд, мактаби ҳизбӣ ва курси рӯзноманигорони назди КМ КПСС таҳсил ва дар рӯзномаҳои Самарқанду Тошканд кор кардааст.
Муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх», корманди Институти марксизм-ленинизм, муҳаррири моҳномаи ҳаҷвии «Хорпуштак»
Устоди ҳамаи устодон, шахсияти беназир. Шахсе, ки аввалин чопхонаро аз Маскав ба Душанбе овардааст. Шоире, ки аз қалби Эрон ба Шӯравӣ ҳиҷрат намудаву Тоҷикистонро ватани худ донистааст. Ва дар бораи абарустод Абулқосим Лоҳутӣ хеле зиёд бояд гуфт ва хоҳем ҳам гуфт.
Ҳоло аз зодрӯзи ин азиз як рӯз гузашт. Агар умр вафо мекарда, ҳоло ба 130 қадам мегузошт. Вале чаро гӯем, ки Лоҳутӣ мурда? Устод Лоҳутӣ бо ашъори нобаш, бо хизматҳои шоистааш дар қалбҳо зиндааст ва боз садсолаҳ зинда хоҳад монд.
Хонандагони Китобхонаи миллӣ бар ин назаранд, ки ҳар қадар меоянду мераванд, чизҳоеро дар ин боргоҳи маърифат кашф мекунанд, ки барояшон хеле ҷолиб аст. Аз ҷумла, устоди Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Душанбе Хуршед Казаков дар суҳбат иброз дошт, ки мавҷудияти шуъбаи махсус барои афроди дорои имкониятҳои маҳдуд баёнгари он нукта аст, ки роҳбарияти Китобхона ғамхорӣ дар ҳақи маъюбонро дар увлавият
Китобхонаи миллӣ боз як дари омӯзишро ба рӯйи касоне, ки мехоҳанд ҳунар омӯзанд, боз мекунад. Ин дарест, ки ободгар, дарест, ки ҳунарҷӯёнро мехонад, даре хоҳад буд, ки аз ворид шудан ба он афрод бо панҷаҳои ҳунаррез аз он берун мешаванд.
Ҳадаф ба бонувони кишвар омӯзиш додани ҳунари дӯзандагист. Ҳунаре, ки ҷомеа ба он ниёзи бештар дорад. Ҳоло мо бештар аз пештар рӯ