Китобхонаи миллӣ боз як дари омӯзишро ба рӯйи касоне, ки мехоҳанд ҳунар омӯзанд, боз мекунад. Ин дарест, ки ободгар, дарест, ки ҳунарҷӯёнро мехонад, даре хоҳад буд, ки аз ворид шудан ба он афрод бо панҷаҳои ҳунаррез аз он берун мешаванд.
Ҳадаф ба бонувони кишвар омӯзиш додани ҳунари дӯзандагист. Ҳунаре, ки ҷомеа ба он ниёзи бештар дорад. Ҳоло мо бештар аз пештар рӯ меорем ба либоси миллӣ. Эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва густариши он низ барномаи давлатист. Мехоҳем дар татбиқи сиёсати давлатӣ саҳм бигирем. Мехоҳем сафи бонувони ҳунармандамон афзоиш ёбанд.
Омӯзиши ҳунар дар ҳар давру замон ифтихороте дорад беназир. Бонуи ҳунарманд ҳамеша мавриди эҳтиром аст. Хоса дар ин шабу рӯз, ки ҳунар ҳам мояи ифтихор ва ҳам василаи таъминоти рӯзгор аст.
Дар ин давраҳои омӯзишӣ қарор аст ба бонувон ҳунари дӯхтани ҳам либосҳои миллӣ ва ҳам аврупоӣ омӯхта шавад. Бонувон метавонанд дӯзандагони хуби либосҳои бачагона бошанд ва ё барои мардон бидӯзанд. Ва ё барои ҳамшираҳо сару либоси зебову шинам, бо охирин муди замон дӯзанд. Барои ҳамаи ин шароит фароҳам меояд ва ба омӯзиш чеварони гулдасту устоҳои моҳир ҷалб карда хоҳанд шуд.
То ин замон дар Китобхонаи миллӣ бештар ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳ мешуд. Ҳоло ҳам дари омӯзиши забонҳо бозанд ва хоҳишмандон метавонанд бо ширкат дар давраҳои омӯзишӣ забонҳои иглисӣ, русӣ, чинӣ, куриёӣ, ҷопонӣ мӯзанд ва соҳиби шаҳодатномаҳо шаванд.
Теги: Маркетинг ва менечмент