“Фурӯғи субҳи доноӣ...”

 Шуруъ аз 11-уми  декабр  дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чорум,  яъне даври ниҳоии  Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …» идома дорад, ки торафт  рақобатҳо байни иштирокчиён тезу шавқовартар мешавад.

 Дар даври ниҳоии озмун аз руи 4-номинатсияи 127-нафар иштирокчиёни ғолибомада аз тамоми гӯшаю канори кишвар ширкат варзида, танҳо 12-нафари онҳо аз руи 4-номинатсия ғолиб меоянд ва Шоҳҷоизаи озмун насиби 1-нафар иштирокчӣ мегардад ,ки барои ин ғолиб 50000 сомонӣ тӯҳфаи пулӣ пешниҳод гардадааст. Ба довталабе  Шоҳҷоиза  дода мешавад, ки аз миқдори  чор номинатсия беш аз 70 фоизи осори назмию насриро мутолиа ва ҳифз намудааст .

  Раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…»-ро  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода бар зимма дошта, ба ҳайати  Раёсати озмуни мазкур Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсуддин Орумбекзода, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода, Раиси  Иттифоқи нависандагони   Тоҷикистон Низом Қосим шомил мебошанд.

 Мақсади асосии баргузории  Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» пеш аз ҳама, боло бардоштани завқи отифонаи насли наврас, ҷавонон ва умуман оммавӣ гардонидани китобхонӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Ин имкон медиҳад, ки маърифатнокии ҷомеа баланд гардида,  ҳамагон аз гузаштаву имрӯзаи хеш  воқиф гарданд.

 Дар номинатсияи 1: Аз ёд кардану хондани осори адибони классики тоҷик. Дар ин номинатсия  36 нафар иштирок намуданд ва он дар толори ошёнаи 9-уми  Китобхонаи миллӣ баргузор шуд.

 Дар номинатсияи 2: Аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик. Дар ин номинатсия 34 нафар иштирок   мекунанд ва он дар толори ошёнаи  2-юми  Китобхонаи миллии Тоҷикистон мегузарад.

 Дар номинатсияи 3: Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик. Ин номинатсия  дар толори Кудакон ва наврасонӣ Китобхонаи миллии Тоҷикистон  мегузарад ва дар он 28 нафар иштирок доранд.

  Дар номинатсияи 4: Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон. Дар ин номинатсия 23  нафар иштирок менамоянд ва он дар дар  толори Шуъбаи маъюбон, воқеъ дар ошёнаи 1-уми  Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мегардад.

 Озмун ҳар рӯз аз соати 09:00 оғоз гардида, то соати 18:00 идома меёбад. Инчунин вақт барои хӯроки нисфирӯзӣ ва вақти озод муқаррар гардидааст.

 Қобили зикр аст,ки зиёда аз 40- нафар кормандони Китобхонаи миллӣ якҷо бо дигар муассисаҳо ва вазоратҳои дахлдор ҳамчун ҳайати роҳбаладон ва масъулон интихоб шуда, дар чор толоре, ки озмун мегузарад, иштирокчиён ва меҳмононро роҳбаладӣ  ва рафти кори озмунро назорат менамоянд.

 Исроил Иброҳимов,

 Мутахассиси  шӯъбаи

 маркетинг ва менеҷменти фаолияти китобдорӣ.

 Расмҳои Хусрави Милод